Главная / Илм / ДУМБАЛИ МАЙНА

ДУМБАЛИ МАЙНА

dumbali-maynaДУМБАЛИ МАЙНА, иллатест, ки дар натичаи ба магзи сар рох ёфтани микроорганизмхои бемориовар пайдо мешавад. Микроорганизмхо ба майна аз манбаъхои римнок (илтихоби чавфи бини, остеомиелит, думбали шуш ва г.) ворид мегарданд.
Аломатхои Д. м. гуногун мебошанд. Нишонахои асосии он сардард, бекарори ё баръакс, афсурдарухи, дилбехузури ва кай (новобаста аз истеъмоли гизо рух менамоянд), суст шудани набз (хусусан дар вакти дард кардани сар) махсуб мешаванд. Баъзе аломатхои маризи ба тарзи чойгиршавии думбал вобастаги доранд. Хангоми дар мавзеи харакатовари магзи сар чой гирифтани думбал нимфалач ва фалачи хоси хамон кисми дасту по рух менамояд; дар аснои дар магзча карор доштани он бошад, сар сахт чарх зада, тарзи харакат тагийр меёбад; хангоми дар хиссаи чака пайдо шудани думбал галлютсинатсияхои шунавои ва бинои ба вучуд меоянд, нутк халалдор мешавад.
Д. м.-ро дар шуъбаи чаррохии асаб муолича мекунанд. Барои мариз ороми фарохам оварда, ба сари у ях мегузоранд. Фарчоми бемори чидди аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …