Главная / Илм / ДОЪУЛХАМР

ДОЪУЛХАМР

delirij-alkogolnyjДОЪУЛХАМР (Delerium alcoholicum), делирий ҳолатест, ки дар майзадагон бинобар якбора қатъ кардани истеъмоли май ё худдорӣ намудан аз истеъмоли он (дар мавриди осеб ёфтан ё гирифтори ягон маризии дигар шудан) ба вуҷуд меояд. Нишонаиҳои аввалини Д. бад шудани хоби шабона, ларзидани даст, серарақӣ, ҳамчунин болидарӯҳ ва серҳаракату фаъол шудани мариз мебошанд. Дар як муддати кӯтоҳ табъи бемор борҳо тағйир меёбад. Ин ҳолат бештар шомгоҳон ва шаб рух менамояд. Минбаъд мариз бехобӣ мекашад, пеши назараш ҳар гуна ашё менамоянд, ҳазён мегӯяд. Барои Д. таваҳҳумоти ҳақиқии биноӣ (галлютсинатсия) хос аст. Ба бемор ҳашарот (нонхӯрак, магас, гамбуск, пашша ва ғ.) ва ҷонварони хурди гуногун (гурба, мушу калламуш ва ғ.) ҳамла мекунанд. Мариз баъзан ҳайвоноти калон ва одамони афсонавиро мебинад, бо мору аждаҳо, ҷину аҷина, хешу табори фавтидааш рӯ ба рӯ мешавад. Тахайюлот ва таваҳҳумоти босиравӣ гоҳо дар шакли танҳо ба вуҷуд меоянд; баъзан бемор хаёлан тасвирҳои мураккаб, намоишҳои театриро мебинад, ба гӯш садоҳо ва ба машом бӯйҳои гуногун мерасанд, ӯ гӯё парвоз мекунад. Табъи бемор зуд-зуд тағйир ёфта меистад: ӯро гоҳ воҳима зер мекунад, гоҳ ҳайрон мешавад, гоҳо дилгир аст. Чунин беморон, одатан, беқарор буда, ҳар гуна имою ишораҳо менамоянд. Ҳаракат ва рафтори онҳо ба таваҳҳумоте, ки ҳамон лаҳзаҳо вуҷуд доранд, вобаста мебошад. Мас., ҳангоми тарс ва пеши назар намудани чизҳои даҳшатнок бемор пинҳон мешавад, худро муҳофизат мекунад, дар ғазаб аст. Дар ин маврид онҳо пурра банди ҳолати худ мебошанд. Ҳангоми Д. ҳазён, одатан, маънои таваҳҳумотро ифода мекунад (бисёр вақт он ҳазёни таъкиб намудан аст). Беморон дар куҷо будани худро ғалат мефаҳманд (мас., онҳо дар беморхонаанду мегӯянд, ки дар кор, хона ё тарабхона мебошанд), вале худашонро мешиносанд. Барои Д. фаромӯш сохтани баъзе ҳолатҳои рӯҳӣ хос аст, яъне лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки ҳама гуна таваҳҳумот нест мешаванд.
Д. бидуни муолиҷа низ баъди 3 – 5 рӯз аз байн меравад; баъзан он 1 – 2 ҳафта идома меёбад. Беморон, одатан, баъди хоби сахт ба худ меоянд.

Н. М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …