Главная / Ҷамъият / Доруи дарди сар

Доруи дарди сар

Доруҳо барои дарди сар чанд намуд мешаванд ва ҳар як намуди он барои дарди махсус лозим аст. Бояд қайд кард, ки дарди сар қариб 50 намуд дорад ва ҳар яки он бо сабаби муайян пайдо мешавад. Барои ҳамин ҳам барои аз тамоман байн бурдани дарди сар аввал сабабашро муайян намуд ва баъдан доруи лозимаро истифода бурд.

дарди сар ва доруи

Агар дарде, ки аз сабаби остеохондроз дарди сар пайдо шуда бошад пас аз байн бурдани он бо доруи оддӣ имконнопазир аст. Ё гирем ки агар асабҳо хароб шуда бошанд ҳам дарди сар ба зуддӣ намераванд.

Дари сар метавонад аз якчанд сабабҳо пайдо шавад ва барои ҳамин ҳам доруи дарди сар фақат дарди сарро метавонад муваққатан нобут созад вале сарчашмаи пайдоиши онро наметавонад бартараф кунад.

Номгӯи  сабабҳои дарди сар метавонад аз инҳо бошанд:

  1. Шамол хурдани бадан ва ё худи сар – калла;
  2. Фишори хун фаромаданаш мумкин ва ё баланд мешавад;
  3. Дарди миён ки аз сутунмуҳра метавон боис гашта бошад;
  4. Асабҳои харобшуда баъди ягон мушкилӣ аз ҷӯмла ҷангу ҷидол;
  5. Хоб нарафтан ба қадри лозима;
  6. Бархурдани сар ба ягон чиз ва ё дар вақти таваллуди кӯдак;
  7. Сухтан аз офтоб ва ё аз маводи ҷӯш;
  8. Баромадани ягон яра дар сар;
  9. Дарди дандон;
  10. Баланд шудани ҳарорати бадан;
  11. Вирус ва ё дигарҳо.

Барои ҳамин ҳам пеш аз интихоби дору бояд ба сабаби пайдоиши дард аҳмият дод. Дар поён руихатти доруҳо барои бартараф кардани дарди сар оварда шудаанд, ки беҳтараш истеъмоли он бо тавсияи духтур анҷом дода шавад. Бигузор аввал духтур сабаби пайдоиши дардро муқаррар карда баъдан ба шумок адом доруро хурданашро бигӯяд!

Номгӯи доруҳои дарди сар:

  1. Ноофен – Доруи хуб аст ва онро асосан барои кӯдакон медиҳанд, ки шабона оромона хоб кунанд;
  2. Кетанов – Дору барои на танҳо бартараф кардани дарди сар балки барои аксар дардҳоро нест кардан хуб аст ки дарди дандон ва тамоми бадан муквофиқ аст. Асосан онро калонсолон менӯшанд ва номҳои гуногун дорад ки ҷумлаи онҳо «Кетанал» ва ё «Кетанол»;
  3. Цитрамон – Доруи дер боз ба халқ маълум аст ва барои дарди саре ки дар натиҷаи шамол задан ба миён омадааст ёрӣ мерасонад. Инчунин агар дар аз сабаби кам хоб рафтан пайдо шуда бошад каме ҳам бошад ёрӣ медиҳад;
  4. Асперин – Ин дору барои фаровардани ҳарорати бадан лозим ва агар сабаби дарди сар баланд будани ҳарорат бошад пас дарди сар низ аз байн меравад;
  5. Аналгин – доруи барои фаровардани ҳарорат ва аз байн бурдани дарди сар агар сабаш шамол хурдан бошад;
  6. Солпадеин
  7. Пенталгин
  8. Темпалгин
  9. Нурофен – яке аз хубтарин инчунин барои хурду калон.
  10. Чойи кабуд барои фаровардани фишори хун ва бо ин роҳ аз байн бурдани дарди сар. Агар фишор паст бошад пас хурдани чойи сиёҳ, нушидани кофе, қандчой, хурдани шоколад тавсия мешавад.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …