Главная / Илм / ДОРУХОИ ШОШАРОН

ДОРУХОИ ШОШАРОН

veroshpironДОРУХОИ ШОШАРОН, моддахое, ки ихрочи шошаро афзун мегардонанд. Дар ин бобат дорухои гуногуни синтези хеле босамар мебошанд. Онхо чараёни чаббиши баръакси ионхои натрий ва обро дар чуякчахои гурда суст ва микдори пешоби дар гурда хосилшударо зиёд карда, ихрочи зиёдатии ионхои натрию оби бо онхо пайвастро аз организм метезонанд. Дар баробари ин, бисёр Д. ш. (фуросемид, гипотиазид, бриналдикс ва г.) ихрочи диг. ионхо (мас., калий)-ро низ бо пешоб зиёд мекунанд (ин мумкин аст боиси ихтилоли фаъолияти организм гардад). Аз ин ру, хангоми табобат бо Д. ш. гизои серкалий – картошка, сабзи, гулинг тавсия дода мешавад. Баръакс, аз истеъмоли баъзе Д. ш. (верошпирон, триамтерен) ихрочи калий бо пешоб кохиш меёбад. Аз ин сабаб дар аснои табобат бо чунин Д. ш. истифодаи гизои серкалий шарт нест.
Ба сифати Д. ш. растанихои доруиро низ кор мефармоянд (баъзеи онхо ба таркиби чойи шошарон дохил мешаванд). Сабзавоту мевахо низ аз сабаби бисёр доштани намакхои калий шошаро меронанд. Агар фаъолияти гурда ва гардиши хун халал наёфта бошад, дар мавриди барзиёд нушидани моеъот низ ихрочи шоша меафзояд.
Таъсири табобатии Д. ш. аз он иборат аст, ки онхо микдори моеотро дар бадан кам мекунанд. Бинобар ин, онхоро асосан хангоми баъзе беморихои дил, гурда ва чигар, ки боиси кабзи моеъ дар организм ва пайдоиши обварам мегарданд, истифода мебаранд. Вале дар ин маврид Д. ш. факат таъсири дорухоеро, ки кори узвхои номбурдаро танзим месозанд, пурзур мекунанд. Дар холатхое, ки агар обварам натичаи ихтилоли кори дил бошад, ба чои Д. ш. дорухоеро истифода мебаранд, ки кори дилро тахрик бахшида, ихрочи шошаро афзун мегардонанд.
Д. ш.-ро факат бо таъиноти духтур истифода бурдан лозим аст. Истеъмоли беназорати онхо бинобар ихрочи микдори барзиёди об ва баъзе ионхо (калий, хлор) хавфнок аст. Гайр аз ин, зимни беморихои гурда истеъмоли Д. ш. норавост. Ин нафакат ба Д. ш.-и сунъи, балки ба Д. ш.-и наботи низ тааллук дорад. Д. ш.-и наботи бар хилофи акидае, ки гуё растанихои доруи безарар мебошанд, мумкин аст ба гурда таъсири ногувор расонда, боиси хуручи баъзе беморихои дигар шаванд.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …