ДОРУҲОИ НАРКОЗӣ, доруҳои беҳушкунанда, моддаҳое, ки баъди ба организм дохил шудан, фаъолияти умумии системаи асаби марказиро муваққатан боз дошта, рефлексҳои шартиро барҳам медиҳанд. Д. н.-ро вобаста ба тарзи истифода ба ингалятсиявӣ ва ғайриингалятсиявӣ ҷудо мекунанд. Доруҳои ингалятсиявӣ (бо роҳи нафас ба организм дохилшаванда) аз моеъҳои зудбухор (эфир, хлороформ, фторотан, ингалан, трихлорэтилен ва ғ.) ва моддаҳои газмонанд (закиси нитроген, сиклопропан ва ғ., ки бо омехтаи оксиген истеъмол мешаванд) иборат мебошанд. Доруҳои ғайриингалятсиявӣ (ба воситаи вена ё аз роҳҳои дигар ба организм мефиристанд), ҳосилаҳои кислотаи барбитурат ва тиобарбитурат (гексанал, тиопентал), оксибутирати натрий, алкогол ва ғ.-ро дарбар мегиранд. Д. н. асосан ба марказҳои дар мағзи сар ҷойгиршудаи асаб таъсир мерасонанд. Меъёри муайяни Д. н. ба ҳассосият ва фаъолияти узвҳои ҳаётан муҳим (дил ва аъзои нафас) зиён надорад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …