Главная / Илм / ДОРУХОИ НАРКОЗи

ДОРУХОИ НАРКОЗи

ftorotanДОРУХОИ НАРКОЗи, дорухои бехушкунанда, моддахое, ки баъди ба организм дохил шудан, фаъолияти умумии системаи асаби марказиро муваккатан боз дошта, рефлексхои шартиро бархам медиханд. Д. н.-ро вобаста ба тарзи истифода ба ингалятсияви ва гайриингалятсияви чудо мекунанд. Дорухои ингалятсияви (бо рохи нафас ба организм дохилшаванда) аз моеъхои зудбухор (эфир, хлороформ, фторотан, ингалан, трихлорэтилен ва г.) ва моддахои газмонанд (закиси нитроген, сиклопропан ва г., ки бо омехтаи оксиген истеъмол мешаванд) иборат мебошанд. Дорухои гайриингалятсияви (ба воситаи вена ё аз роххои дигар ба организм мефиристанд), хосилахои кислотаи барбитурат ва тиобарбитурат (гексанал, тиопентал), оксибутирати натрий, алкогол ва г.-ро дарбар мегиранд. Д. н. асосан ба марказхои дар магзи сар чойгиршудаи асаб таъсир мерасонанд. Меъёри муайяни Д. н. ба хассосият ва фаъолияти узвхои хаётан мухим (дил ва аъзои нафас) зиён надорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …