Главная / Илм / ДИСТОРСИЯ

ДИСТОРСИЯ

distorciyaДИСТОРСИЯ (лот. distortio – каҷ шудан), ёзидан, ёзиш, осеби пӯшидаи банд (бештар банди попанҷа ё зону), ки дар мавриди он бандак меёзад ё қисман канда мешавад; шакли маъмули осеби маишӣ ё варзишӣ.
Сабаби рух намудани Д. ҳаракати якбора ва ноқулайе мебошад, ки барои банд хос нест. Д. бисёр вақт боиси осеб ёфтани тағояк, мушак ва ғилофаки банд мешавад. Ҳангоми борҳо такрор ёфтани Д. мумкин аст банди ҳамелак ба вуҷуд ояд. Шакли нисбатан вазнини Д. баромадани устухон аст.
Дар аснои Д. бофтаҳо варам карда, хуншор мешаванд, банди осебёфтаро наметавон ҳаракат дод; даст расондан ба ҷои осеб низ дард меангезад.
Ҳангоми расондани ёрии аввалин ба ҷои осебёфта ях гузоштан лозим аст; бандро сахт мебанданд (онро ҷунбондан лозим нест). Дар сурати риояи тавсияҳои духтур банд баъди 2 – 3 ҳафта шифо меёбад. Гоҳо ба ҷарроҳӣ низ даст мезананд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …