Главная / Илм / ДИСТОРСИЯ

ДИСТОРСИЯ

distorciyaДИСТОРСИЯ (лот. distortio – кач шудан), ёзидан, ёзиш, осеби пушидаи банд (бештар банди попанча ё зону), ки дар мавриди он бандак меёзад ё кисман канда мешавад; шакли маъмули осеби маиши ё варзиши.
Сабаби рух намудани Д. харакати якбора ва нокулайе мебошад, ки барои банд хос нест. Д. бисёр вакт боиси осеб ёфтани тагояк, мушак ва гилофаки банд мешавад. Хангоми борхо такрор ёфтани Д. мумкин аст банди хамелак ба вучуд ояд. Шакли нисбатан вазнини Д. баромадани устухон аст.
Дар аснои Д. бофтахо варам карда, хуншор мешаванд, банди осебёфтаро наметавон харакат дод; даст расондан ба чои осеб низ дард меангезад.
Хангоми расондани ёрии аввалин ба чои осебёфта ях гузоштан лозим аст; бандро сахт мебанданд (онро чунбондан лозим нест). Дар сурати риояи тавсияхои духтур банд баъди 2 – 3 хафта шифо меёбад. Гохо ба чаррохи низ даст мезананд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …