Главная / Гуногун / Дебоча Устод Рўдакӣ

Дебоча Устод Рўдакӣ

Беш аз дусад сол аст, ки дар саросари ҷаҳон роҷеъ ба рўз­гору   осори   Устод   Рўдакӣ   тадқиқот   бурда   мешавад.  Агар   асарҳоеро,  ки роҷеъ  ба   шарҳи  ҳолу мероси  адабии  Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Абдураҳмон ибни Одам Рўдакӣ  навишта шудаанд, гирд оварем, садҳову ҳазорон номгўй мешавад. Вале аксари онҳо ба иллати хеле кам боқӣ мондани мероси адабии    шоъири   бузург,  такрори   мақолоту  кутуби  пешин  мебошанд ва ками андар кам нуктаҳои тозаро фаро мегиранд, зеро аз Устод Рўдакӣ  ҳамагӣ дар худуди  1050 байт боқӣ мондааст. Бар    замми ин,  дар   таҳқиқу  пажўҳиши  рўзгору  осори Устод   Рўдакӣ    асарҳое мавҷуданд, ки осори  салафи худро ҷамъбаст намуда, чун марҳалаҳои навин шинохта мешаванд. Ба андешаи ман, аз кулли асарҳое, ки дар тўли 200 соли охир таълиф гардидаанд, се асари зерин ҷолиби таваҷҷўҳи хос мебошанд.

Якум. Соли 1873 ховаршиноси машҳури олмонӣ Ҳерман Эте аввалин шуда аз байни муҳаққиқони уропоӣ бахшида ба масоъили рўзгору осори Рўдакӣ  бо номи «Рўдакӣ  — шоъири Сомониён» китобе таъ­лиф намуда, аз 24 маъхаз 52 пора абёт ва ашъори парокандаи шоъирро, ки ҷамъан 238 байтро фаро мегирад, гирд оварда, онҳоро ба олмонӣ низ баргардонда, аз рўйи тасвирҳои шоъиронаи онҳо, ки ағлаб аз тимсолҳои равшани ба чашм дидашаванда иборат буданд, ба кўри модарзод будани Устод Рўдакӣ  шак оварда, пешниҳод намуда буд, ки гўяндаи чунин ашъор набояд кўри модар­зод бошад.

Дувум.   Донишманди пуркору пухтакори  эронӣ  Саъид   Нафисӣ солҳои  1930—1934 доир ба  масъалаҳои зиндагӣ ва осори Рўдакӣ  иборат аз се ҷилд бо номи «Аҳвол ва ашъори Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рўдакии Самарқандӣ» асари муфассале навишта, дар давоми солҳои   1309   шамсӣ   (1930   мелодӣ)   –   1313   (1934   мелодӣ)   ба   табъ расонд,   ки  дар   Рўдакишиносии  ҷаҳон  мақоми   арзандаеро  молик аст.

Устод  Нафисӣ дар ҷилди аввали асари худ ба вазъи сиёсӣ,   аҳволи  хоҷагӣ,  манзараи   фарҳангӣ дахл    карда,   ҳамчунин вазъи  сиёсӣ-иқтисодӣ    ва   ҷуғрофии   замони   Рўдакиро    ҷамъбаст намуда¹,    ҷилди дувуми  онро ба   зистномаи Рўдакӣ     ва  масъалаҳои марбут ба он, аз қабили ба ҳам омехтани ашъори Рўдакӣ ва Қатрон, махсус гардонда, дар ҷилди савум гуфтори дар ҳаққи Одамушшуъаро эродкардаи бузургони адабиёти форсу тоҷик, аҳли китоби арабу турк, тарҷумаи навиштаҳои хориҷӣ роҷеъ ба Рўдакиро дар Урупо гирд оварда, аз 78 манбаъ 832 байти Рўдакиро ҷамъ карда, китоби арзандаеро дар бораи Рўдакӣ таълиф намуд, ки пояи тамоми тадқиқоти минбаъда перомуни сардафтари адабиёти форсу тоҷик қарор гирифт.

Савум. Соли 1958 дар Иттиҳоди Шўравӣ, Эрон ва баъзе кишварҳои дигар 1100-мин солгарди зодрўзи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон масъалаи омўхтан, ҷустуҷў ва таҳқиқу таҳлили зиндагӣ ва мероси адабии боқигузоштаи Устод Рўдакӣ суръату ҳаракати бештаре пайдо карда, бахшида ба санаи мазкур як силсила асарҳои пурарзише ба вуҷуд омаданд, ки монографияи академик Абдулғанӣ Мирзоев «Абўабдулло Рўдакӣ»(Душанбе, 1958) муҳимтарини онҳост, ки соли 1966 (ба забони форсӣ) дар Теҳрон ва соли 1968 (ба забони русӣ) дар Маскав низ ба табъ расид.

Марҳум Абдулғанӣ Мирзоев тамоми ахбору асноди дар маъхазҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ доир ба рўзгору осори Устод Рўдакӣ мавҷудбударо фароҳам оварда, аз ҷиҳати танқидӣ омўхта, маълумоти муфассали адабиёти илмии урупоиён, русҳо, шарқиён ва сойири кишварҳоро таҳлил намуда, ба хулосаҳои амиқи илмӣ расид. Соли 1341 шамсӣ (1961) дар Теҳрон нашри дувуми асари Саъид Нафисӣ бо такмилу иловаҳо таҳти унвони «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рўдакӣ» аз чоп баромад, ки дар зимни он 1048 байт аз ашъори Устод Рўдакӣ аз 93 манбаъ гирд оварда шудааст.

Соли 1968 профессор Абдураҳмон Тоҳирҷонов бо номи «Рўдакӣ» ба воситаи нашриёти Донишгоҳи давлатии Ленинград рисолаеро чоп кунонд, ки «Ҳаёту эҷодиёт. Таърихи пажўҳиш» ном зерсарлавҳа дошта, бо мақоли арабии «ал-ҳақиқату бинт-ал-баҳс» яъне «ҳақиқат духтари баҳс аст» шурўъ мешавад.²

Азбаски дар ин асарҳо ҳар дафъа кулли асарҳои пешин бо камоли ҷиддият аз нигоҳи таҳлилу таҳқиқу танқид мегузаранд, ин амр моро аз таҳлилу ҷамъбасти дигарбораи асарҳои то кунун роҷеъ ба Устод Рўдакӣ нигошташуда бениёз мегардонад.

Алҳол аҳли таҳқиқ роҷеъ ба Рўдакӣ аз манбаъҳои хаттии асрҳои X—XV ба тоҷикӣ ва арабӣ гуфтори шуъарои муъосири ў —  Абўзироъаи Гургонӣ, Дақиқӣ (ваф. 977), Тавҳидӣ (ваф. 1010), Фирдавсӣ (ваф. 1020), Унсурӣ (ваф. 1039), адибони баъдина – Носири Хусрав (ваф. 1088), Рашидии Самарқандӣ (асри XI), Амир Муиззӣ (ваф. 1126), маълумоти «Таърихи Систон» (асри XI), ахбороти Арўзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» (соли таълиф — 1157), Абўбакри Самъонӣ дар «Китоб-ул-ансоб» (1113— 1167), Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» (со­ли таьлиф — 1221), «Шарҳи Яминӣ» (асри ХШ), Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ дар «Таърихи гузида» (соли таълиф — 1330), гуфтаҳои Ҳофизи Шерозӣ, Шамси Фахри Розӣ (асри XIV), навиштаҳои Аҳмад ибни Алӣ ибни Умари Манинӣ дар шарҳи «Таърихи Утбӣ» (ибтидои асри ХШ), Ёқути Ҳамавӣ (1179—1229) дар «Мўъҷам -ул-булдон», Наҷотии Нишопурӣ дар «Басотин -ул-фузало» ва «Райоҳин -ул-ъуқало фӣ шарҳи «Таьрих -ил-Утбӣ» (соли таълиф —1309), Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» (асри XV), Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуъаро» (соли таъл. —1487)-ро дар даст доранд, ки ҳар қадар мухтасар ва гоҳе такрори якдигаранд, баъзе ҷиҳатхои зиндагӣ ва эҷодиёти Устодро ба таври худрўшан мегардонанд. Вале тамоми навиштаҳои баьдина айнан ва ё бо таҳриру талхис аз манобеъи мазкур иқтибос шуда,  чизи тозае надоранд.

Соли 1965 дар Душанбе бо номи «Рўдакӣ» феҳристе нашр гардид, ки 1235 номгўйро фаро мегирад ва дар он ҳамаи навиштаҳое, ки дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои гуногуни рўзгору осору афкори Устод Рўдакӣ то соли 1965 дар рўзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои ҷудогона ба табъ расидаанд, гирд оварда шудаанд³.

Баъди ин ҳам баррасии муҳити зиндагӣ, таърихи замон, ҷараёни ҳаёту эҷодиёт ва суннатҳои поягузоштаи Устод Рўдакӣ давом кард. Соли 1970 дар Душанбе, дар назди Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анҷумани «Солонаи Рўдакӣ» таъсис гардид, ки соле як бор  конфаронси илмӣ барпо мекард. Чунин ҷаласаҳои анҷуман дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Кўлоб ва сойири шаҳрҳои дигар баргузор шуданд ва аз маводи конфаронсҳо маҷмўъае таҳти унвони «Ёдбуди Устод Рўдакӣ» нашр гардид. Соли 1977, баъди вафоти Абдулғанӣ Мирзоев, фаьолияти анҷуман қатъ гардид, аммо пажўҳиши масоъили рўзгору осори Рўдакӣ ҳамон давом мекард, ки дар ин соҳа корҳои анҷомдодаи профессор Расул Ҳодизода ва луғатшинос Амон Нуров қобили зикр аст4.

Бешубҳа, таърихи 1100- солаи пасини адабиёти классикии тоҷик бо номи бунёдгузори он Устод Рўлакӣ сахт марбут аст. Устод Рўдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории қофиласолори назми форсӣ, соҳибқирони шоъирӣ, устоди шоъирони ҷаҳон, султони шоъирон, Одамушшуъаро. муқаддамушшуъаро, муқаддимаи шуъаро ва амсоли инҳо ёд мекунанд. Ҳамин эътирофи умум аст, ки имрўз Устод Рўдакиро сардафтар ва асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ меномем. Гурўҳе гумон мекунанд, ки асосгузор ва сардафтари адабиёт будани Устод Рўдакӣ,  гўё, маънои онро дорад, ки вай бояд нахустин касе бошад, ки аввалин бор ба тоҷикӣ шеър гуфтааст. Ин ақида дар давоми 800 соли ахир пайваста такрор шудааст, ки саҳеҳ нест, зеро қабл аз Устод Рўдакӣ  ҳам шеъру адабиёти тоҷик вуҷуд дошт. Асосгузор ва сардафтари адабиёт будан аслан маънии қабл аз дигарон асар навиштанро надорад. Устод Рўдакӣ  бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми шойистаи таърихӣ соҳиб шудааст, ки ин рисола барои рўшан кардани баъзе ҷиҳатҳои он навишта гардид.

Азбаски зиндагӣ, эҷодиёт, талош. зебописандӣ, маишат, ахлоқ ва дархостҳои Устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ  бо пайдоиш, муборизаҳои озодихоҳона,  набардҳои   мафкуравӣ,   комёбиҳо  ва   рушду     такомули риштаҳои иқтисод, маданият, фарҳанг ва таназзулу суқути Давлати Сомониён сахт марбут аст, зарур мешуморем, ки бори дигар ба таърихи ин силсила нигарем.

Роҷеъ ба замони салтанати Сомониён, пайдоиш, тараққӣ ва суқути онҳо донишмандони риштаи таърих, аз ҷумла Луи Дюбў, Тосимбур, В. В. Бартолд, А. Семёнов, Л.Босворт, Б. Ғ. Ғафуров, Н. Неъматов, Ҷаводи Ҳаравӣ5, Аҳрор Мухторов ва бисёри дигарон бештар таваққуф намудаанд, ки мавриди таваҷҷўҳи ҳамагонанд. Соли 1986 гулчини навиштаҷоти камина «Дар сафи бузургон» ба табъ расид, ки мақолаи муфассали бо номи «Султони шоъирон» 6 дар авроқи он чопшуда асоси рисолаи ҳозираро ташкил медиҳад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zaru-zindagi

ҲИКМАТ оид ба сулҳ бо душман

Ҳар ки бо душманон сулҳ кунад, сари озори дўстон дорад. Бишўй, эй хирадманд, аз он …