Главная / Илм / ДАВРАИ БАЪДИ ТАВАЛЛУД

ДАВРАИ БАЪДИ ТАВАЛЛУД

davrai-badi-tavalludДАВРАИ БАЪДИ ТАВАЛЛУД (Puerperium), мухлатест, ки аз вакти таваллуди тифл огоз ёфта, то 6 – 8 хафта давом мекунад. Дар ин давра узвхои зани навзо тадричан ба холати аввала (то хомилаги) бармегарданд. Бачадон дар рузхои аввали баъди зодан кашиш хурда, хачман хурд мешавад; минбаъд кашиши он суст хохад гашт. Рузхои аввал (бештар дар вакти сина маконидан) кашиш ёфтани бачадони занхое, ки каблан низ фарзанд ба дунё овардаанд, бо дард ва эхсоси нохуш сурат мегирад.
Баробари кашиш хурдан, бачадон тадричан шифо ёфта, аз луобпардае, ки ру ба бехбуди овардааст, нифос (зардоб) ихроч мегардад. Дар аввал нифос хунолуд, баъди 3 – 4 рузи таваллуд римолуд, минбаъд сафед ва дар рузи 5-уми баъди зодан луобнок мешавад. Агар нифос муддати зиёд хунолуд бошад, пас ин аломати илтихоби бачадон аст. Дар ин сурат албатта ба духтур мурочиат кардан лозим.
Дар Д. дигар узвхои чинсии зан низ тагйир меёбанд. Чандирии бандаку мушакхои кадкашак баркарор ва махбал танг мегардад. Гадудхои шир ба фаъолият мепардозанд. Агар онхо сахт варамида бошанд, дард мекунанд ва дар ин маврид харорати бадан баланд мешавад. Баъди ихрочи шир чунин холатхо бархам мехуранд. Шир баъди 3 – 4 рузи таваллуд пайдо мешавад.
Дар давраи баъди таваллуд саломатии зан, одатан, каноатбахш аст. Кабзият ва бо душвори ихроч шудани пешоб, ки ба ихтилоли фаъолияти шошадон хангоми зодан вобаста аст, бархам мехурад. Ду рузи аввали баъди таваллуд зан бояд бистари шавад, аз як пахлу ба пахлуи дигар гардад (то ки руда ва узвхои пешоброн кабзият пайдо накунанд). Гайр аз ин, харакатхои фаъол ба зудтар кашиш хурдани бачадон мусоидат мекунанд. Ба занхои солим ичозат дода мешавад, ки дар шаборузи 2-юми баъди таваллуд аз бистар хезанд, рузе 1 – 2 маротиба (15 – 30 дак.) рох раванд ва минбаъд мухлати сайругаштро тадричан зиёд кунанд.
Барои пешгирии беморихои баъди таваллуд аз пайи тозагии узвхои таносул шудан зарур аст. Рузе 2 маротиба (рузи аввали баъди зоиш бо ёрии муваллида) бо махлули сусти перманганати калий (таъсири зиддимикроби дорад) мустахаб кардан хатмист. Латтаи тахгиракро рузе 3 маротиба, либоси таг ва чойпушро хар руз иваз бояд кард.
Зане, ки таваллуд кардааст, бояд коидахои гигиенаи шахсиро чиддан риоя кунад: руяшро рузе 2 маротиба шуяд; дандонро тоза кунад; нохунхоро тоза гирад; пеш аз сина макондан ва ширхури дасташро бо собун шуяд; факат дар зери душ оббози кунад. Кафидани пусти нуги пистон боиси инкишофи мастит мешавад. Барои пешгирии ин холат синаро бо махлули 0,5%-и спирти навшодир ё оби гарму собун пагохию бегохи баъди синамакони мешуянд. Нуги пистон ва атрофи онро бо махлули 1%-и кислотаи борат шуста, бо пахта пок мекунанд; риоя кардани тарзи дурусти сина маконидан низ хеле мухим аст (ниг. Кудаки ширмак). Агар кудак сер шуда бошаду пистонро аз дахон сар надихад, пас уро зуран аз сина дур накунед; факат паррахои биниро андаке зер кардан кифоя аст, ки у дахонашро кушода пистонро сар дихад. Агар баъди макондани кудак дар сина шир монад, онро бо ширдушак мечушанд.
Гизои зани навзой бояд хушсифат ва мураттаб бошад. Ба у, албатта, чургот, творог (100 – 200 г), сабзавот, мева, буттамевахои тару тоза ва диг. гизохои сервитамин бояд дод. Истеъмоли хуроки тунду тез ва бадхазм (гушти серравган, нахуд ва г.), консерв, нушокихои спиртдор манъ аст. Дар як шаборуз аз 2 л (аз он чумла оби таомхои суюк) зиёд нушидани моеъот чоиз нест. Дар давраи сина маконидан кашидани тамоку ва бе тавсияи духтур истеъмол кардани дору манъ аст. Дар муддати 3 мохи баъди зоиш шикамбанд пушидан лозим. Синабанд бояд васеъ бошад ва синаро нагз дошта истад.
Барои зани навзой хамрохи кудак сайру гашт дар хавои тоза ахамияти калон дорад; зуд-зуд шамол додани хона, шустани фарш низ зарур аст. Низоми дурусти мехнат, истирохат ва мухити ором барои саломатии зани навзой басо мухиманд. Хоб дар як шаборуз бояд аз 8 соат кам набошад. Бардоштани бори вазнин манъ аст (ин боиси фуруд омадани бачадон мегардад). Ба варзиши чисмони факат мувофики нишондоди духтури мушоварагохи занон машгул бояд шуд. Мучомиат факат пас аз 8 хафтаи таваллуд равост. Баъди як хафтаи аз таваллудхона чавоб шудан, ба кабули духтури мушоварагохи занон рафтан лозим аст. Хангоми баланд шудани харорати бадан, хуншори, чукур кафидани нуги пистон, дарди гадуди сина ва г. бояд хатман ба духтур мурочиат кард

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …