Главная / Илм / ДАСТПЕЧАК

ДАСТПЕЧАК

dastpechakДАСТПЕЧАК (Convolvulus subhirsutus), пиллапечак, дастак, гиёхест бисёрсола. Аз 40 то 100 см кад мекашад. Пояаш рост, сершоха. Баргаш пашмакдори бедандона, нештаршакл ё байзашакл. Гулаш гулоби, бунафш, баъзан сафед; точгулаш кифшакл. Мевааш гузаи лунда, байзашакл. Май – июн гул карда, июн – авг. мева мебандад.
Д. дар талу теппахо, доманакуххо, нишебихои серсангу шагал ва регзор, баъзан хамчун алафи бегона дар киштзори лалми меруяд. Дар к-куххои Курама, Мевагул, Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз, мавзеъхои Сирдарё ва нохияхои Точикистони Чануби (дар баландии 500 – 2000 м аз с.б.) вомехурад.
Дар тибби халки чушоби тухми Д.-ро хангоми беморихои меъдаву руда истифода мебаранд. Барои ин як чимди тухми судаи онро дар 300 – 400 мл оби чуш тар карда, пагохи пеш аз ношто 1 – 2 пиёла менушанд. Муолича як мох идома меёбад. Накеъи Д.-ро чун доруи рафъи дард, зидди рагкаши ва бахаморандаи захм, инчунин хангоми зики нафас ва сили шуш кор мефармоянд. Алкалоидхои Д. (конволвин ва конволамин) таъсири ангезишовар дошта, луобпардаи чашмро месузонад; вояи зиёди он силсилаи асабхои марказиро фалач месозад. Дар тибби муосир доруи «Тропатсин»-ро барои табобати бемории Паркинсон таъин мекунанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М.,1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …