Главная / Илм / ДАРДИ СИНАИ НАВЗОДХО

ДАРДИ СИНАИ НАВЗОДХО

navzodДАРДИ СИНАИ НАВЗОДХО, варамидани гадуди синаи навзодхо дар рузхои аввали баъди таваллуд. Дар натичаи ба организми кудак дохил шудани гормонхои модар (тавассути хамрохак ё шир) ба вучуд меояд. Д.-ро метавон хам дар писарон ва хам дар духтарон мушохида кард. Дар аснои Д. гадуди синаи навзодхо калону сахт шуда, баъзан дард мекунад; атрофи гадуд каме сурх мешавад ва аксар вакт моеъи сафедчаи фалламонанд хорич мегардад.
Дар духтарчахо хамзамон тарашшухи луоби ё хуни аз махбал ба мушохида мерасад (он баъди 1 – 2 руз бидуни муолича дуруст мешавад). Бемори нигохубини чидди мехохад; ба оби чушидаи ширгарм андаке перманганати калий илова карда, баданро шустан лозим. Дар писарбачахо дар баробари варам кардани гадуди сина эхтимол дорад, ки аъзои чинси низ варам кунад. Варам, одатан, дар хафтаи 2 – 3-юм кам ва дар хафтаи 4-уми хаёти кудак пурра нест мешавад. Аз гадудхо фишурда баровардани усора тамоман манъ аст, чунки дар ин маврид ба онхо микробхо рох ёфта, боиси пайдоиши газак – мастит мегардад. Дар ин холат харорат баланд, гадудхои сина калонтар ва пуст сурх мешавад; дард ба вучуд меояд.
Хангоми Д. бояд хатман ба духтур мурочиат кард. То омадани духтур синаро гарм бастан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …