Главная / Илм / КОМАНДАҲОИ ХИДМАТИИ MS DOS

КОМАНДАҲОИ ХИДМАТИИ MS DOS

Ивазкунии намуди даъватномаи MS DOS. Одатан даъватномаи DOS оиди дискдон ва каталоги ҷорӣ информатсия медиҳад. Командаи PROMpt имконият медиҳад, ки намуди даъватномаи MS DOS иваз карда шавад.

Шакли умумии ин команда чунин аст:

PROMpt <матн>

<матн> метавонад аломатҳои зеринро дар бар гирад:

$p дар даъватнома номи дискдон ва каталоги ҷорӣ нишон дода мешавад;

$n дар даъватнома танҳо номи дискдони ҷорӣ нишон дода мешавад;

нишондиҳии таърихи рўзи ҷорӣ;

$t нишондиҳии вақти ҷорӣ;

$v нишондиҳии версияи MS DOS;

$d нишондиҳии аломати «>»;

$l нишондиҳии аломати «<»;

$b нишондиҳии аломати «I»;

$$ нишондиҳии аломати «$».

МИСОЛ:

  1. PROMpt $p$d пас аз иҷро шудани ин команда дар даъватномаи система дискдони ҷорӣ, каталоги ҷорӣ ва аломати «>» нишон дода мешавад. Масалан, С:\Alfa>
  2. PROMpt $t$v дар давъатномаи Dos аввал вақти ҷорӣ ва пас аз он версияи Dos нишон дода мешавад. Масалан, 12:08:58.98 MS-DOS Version 6.22.
  3. PROMpt $p$v$d дар даъватномаи система дискдон ва каталоги ҷорӣ, версияи MS DOS ва аломати «>» нишон дода мешаванд. Масалан, C:\MS-DOS Version 6.22at 06.10.2001.

Ба экран баровардан ва ивазкунии таърихи рўз. Барои ба экран баровардани таърихи рўз ва ивазкунии он командаи Date истифода бурда мешавад. Шакли умумии командаи мазкур чунин аст:

Date

Барои тағйир додани таърихи рўз зарур аст, ки аввал рақами рўз (131), баъд рақами моҳ (112) ва сонӣ ду рақами охирини сол аз клавиатура дохил карда шуда, тугмаи Enter

пахш карда шавад.

МИСОЛ:

date

Текущая дата: Пн, 19.11.2001 Введите новую дату (ддммгг): 20-11-01 Ивазкунии вақт дар компютер. Барои дидани вақт ва ивазкунии он командаи Time истифода бурда мешавад.

Шакли умумии ин команда чунин аст:

Time

Пас аз иҷрои ин команда дар экран информатсияи зерин пайдо мегардад:

time

Текущее время: 9:09:48,03

Введите новое время:9:10:50

Дар ин ҷо часы адади аз 0 то 24 буда, минут ва секунд ададҳои аз 0 то 59 мебошанд. Агар вақтро тағйир додан лозим набошад, тугмаи Enter –ро пахш кардан кифоя аст.

МИСОЛ:

time 15:35 вақти ҷории компютерӣ ҳамчун соати 15у 35 дақиқа муқаррар карда шудааст.

Форматкунонии дискҳои магнитӣ. Ҳар як дискети нав бояд барои сабти информатсия тайёр карда шавад. Раванди тайёр намудани дискетҳоро форматкунонии дискетҳо меноманд.

Форматкунонии дискетҳо бо ёрии командаи Format иҷро карда мешавад. Ин команда ба гурўҳи командаҳои берунии Ms Dos дохил шуда, барои иҷрои он бояд дар каталоги Dos утилити Foқmat мавҷуд бошад.

Шакли умумии команда чунин аст:

Format <Номи дискдон:ҳпараметрҳо]>

Ба сифати номи дискдон яке аз ҳарфҳои лотинии А (дискдони якум) ё В (дискдони дуюм)ро интихоб кардан мумкин аст. Ба сифати параметрҳои командаи Format

аломатҳои ___________зерин истифода бурда мешаванд:

/S пас аз форматкунонӣ дискет ба дискети системавӣ табдил дода мешавад ва аз он имконияти системаи MS DOSро ба кор омода сохтан пайдо мегардад;

/4 форматкунонии дискетҳои ғунҷоишашон 360 Кбайт, ки дар дискдонҳои ғунҷоишашон 1,2 Мбайт гузошта шудаанд.

МИСОЛ:

  1. Format а: дискети дар дискдони якум гузошташуда, форматиронида мешавад;
  2. Foқmat a:/s дискети дар дискдони якум гузошташуда форматиронида мешавад ва дар он файлҳои системаи MS DOS сабт карда мешаванд. Дар натиҷа дискет системавӣ

мегардад;

  1. Format ӣ:/4 дискети ғунҷоишаш 360 Кбайт, ки ба дискдони дуюм гузошта шудааст, форматиронида мешавад;
  2. Format а:/s/4 дискети ғунҷоишаш 360 Кбайт, ки ба дискдони якум гузошта шудааст, форматиронида мешавад ва он ба диски системавӣ табдил меёбад.

Тарзи автоматии иҷрои программаҳо. Барои иҷро намудани ягон программа, бояд роҳи кофтукови файлеро нишон дод, ки ин программаро дар бар гирифтааст. Барои осон

намудани кор бо он программаҳое, ки зудзуд ё ҳар дафъа иҷроашон талаб карда мешавад, онҳоро дар каталогҳои алоҳида ҷойгир менамоянд ва рўйхаташонро дар командаи махсус нишон медиҳанд. Ин команда командаи Path аст ва он дар файли махсуси Autoexec.ӣat навишта мешавад.

Шакли умумии ин команда чунин аст:

Path <Роҳ ба каталог>; <Роҳ ба каталог>;…

МИСОЛ:

Path A:\; A:\Dos; C:\; C:\Dos; C:\Alfa

Пас аз амалӣ гаштани ин команда, программаҳои зарурӣ аз каталогҳои дискҳои дар рўйхат нишондодашуда, ба таври автоматӣ кофта ёфта шуда, иҷро карда мешаванд.

Тозакунии экран. Барои экранро пурра аз информатсия тоза намудан, командаи зеринро истифода мебаранд:

Cls Пас аз иҷро шудани ин команда (Cls – Cleaқ scқeen – то-закунии экран) экрани монитор аз информатсия тоза карда мешавад ва дар сатри якуми он даъватномаи система пайдо мегардад.

Саволҳо:

  1. Командаи ивазкунии даъватномаи MS DOS кадом аст?
  2. Бо ёрии кадом команда таърихи рўзро иваз кардан мумкин аст? Вақти компютериро чӣ?
  3. Вазифаи командаи Foқmat аз чӣ иборат аст?
  4. Иҷрои программаҳоро чӣ тавр автоматӣ кунонидан мумкин аст?
  5. Экранро чӣ тавр аз информатсия тоза кардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва командаҳои онро аз худ кунед.
  2. Аз мисолҳои матни мавзўъ истифода бурда, шакли даъватномаи MS DOS-и компютератонро иваз намоед.
  3. Таърихи рўз ва вақти компютерии қайдкардашударо ба экран бароред ва онҳоро тағйир диҳед. Баъд аз сари нав таърихи рўз ва вақти компютерии аслиро барқарор намоед.
  4. Бо ҳамроҳии муаллим дискети навро дар компютер формат кунонед.
  5. Аз командаи Cls истифода бурда экранро тоза намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …