Главная / Ҷамъият / БОВАРӢ БА ПАЙҒАМБАРОН

БОВАРӢ БА ПАЙҒАМБАРОН

Пайғамбарон: – онҳо баргузида аз байни одамонанд; онҳо расонандагони донишҳо ба ҳамаи одамон аз ҷониби Худои Таъолоанд.

Пайғамбаронро воҷиб аст, ки ҳатман дорои сифатҳои зерин бошанд:

1 – Сиддиқ: Пайғамбарон дар ниҳояти андоза одамони ростгўй ва бовиҷдон мебошанд.

2 – Амонат: Пайғамбарон дар ҳамаи муносибатҳо боамонатанд.

3 – Таблиғ: Пайғамбарон дар ҳаҷми пурра васиятҳо ва қонунҳои аз ҷониби Худои Таъоло фиристодашударо ба одамон мерасонанд.

4 – Фатонат: Пайғамбарон дорои ақли равшан ва хиради пешрафта мебошанд.

5 – Исмат: Пайғамбарон гуноҳ накунанд.

Миқдори пайғамбарон:

Пайғамбари нахустин – Одам-пайғамбар, алайҳи-с-салом, пайғамбари охирин – Муҳаммад-пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, мебошанд. Дар байни онҳо пайғамбарони бисёр буданд. Ҳамаи пайғамбарон одамонро танҳо ба имон овардан ба Худои Якто ва танҳо ба Ўро парастидан даъват намудаанд. Одатан баъди рафтани пайғамбар одамон ба парстидани маъбудҳои дигар оғоз мекарданд, он вақт Худои Таъоло ба онҳо пайғамбари навро мефиристод.

Пайғамбароне, ки номи онҳо дар Қуръони карим ёд карда шудааст: Онҳо 25-тоанд.

payhambaron

МЎЪҶИЗА – маънои падидаи фавқулодда, каромотро дорад. Онро пайғамбарон, алайҳиму-с-салом, бо иродат ва далолати қудрати Худои Таъоло барои тасдиқ намудани пай-ғамбарии худ нишон додаанд. Худи одамон бе мадади Худо ба нишон додани чунин корҳо қодир нестанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …