Главная / Ҷамъият / Бо бештар намоз гузоштан ба ман кӯмак намо!

Бо бештар намоз гузоштан ба ман кӯмак намо!

«Рӯзе бегоҳӣ ман барои Пайғамбари Худо (с) оби таҳорат тайёр кардам ва ӯ (с) ба ман чунин гуфт:

Рабиа! Чизеро, ки талаб дорӣ аз ман бипурс!

Ман гуфтам:

-Барои фикр кардан ба ман каме вақт деҳ ва ман ба ту мегӯям, ки чй мехоҳам.

Ман чунин фикр кардам: «Сарвати ин дунё бебақо аст, вале неъмати ман ба қадри кофӣ аст, гӯё худаш ба назди ман меояд. Беҳтараш аз Пайғамбари Худо (с) ХоҲИШ намоям, ки коре барои дунёи дигарам бикунад. Зеро вай дар
назди Аллоҳ таъоло мӯътабар аст». Вақте ба назди Пайғамбари Худо (с) омадам, вай пурсид.

-Ба кадом қарор омадй, Рабиа?

Ё, Расуллаллоҳ, (с) мехоҳам дар биҳишт бо ту бошам.

Аз ту хоҳиш дорам то аз Аллоҳ талаб намоӣ, ки маро аз Дӯзах наҷот диҳад.

-Ту дигар чизе намехоҳӣ, пурсид Пайғамбар (с).

  • Ман танҳо ҳаминро мехоҳам,- гуфтам.

Пайғамбар (с) фармуд:

  • Ин тавр бошад бо бисёр намоз хондан ва зиёд сачда кардан, дар ин кор ба ман кӯмак намо.

(Муслим, Салот, 226).

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …