Главная / Илм / БЕЗАРАРГАРДОНИИ ПАРТОВХО

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ПАРТОВХО

meditcinskie-othody-utilizatciiaБЕЗАРАРГАРДОНИИ ПАРТОВХО, тадбирест, ки барои аз олудаги пешгири кардани замин ва обу хаво меандешанд. Дар рафти Б. п. микроорганизмхои бемориовар ва тухми кирмхо нобуд шуда, моддахои органикии беахамият ба пайвастхои устувор (мас., порухок, ки нурии пуркимат аст) табдил меёбанд. Б. п.-ро бо усулхои гуногун мегузаронанд. Партовхои сахт бештар бо рохи биотерми (аз хисоби микроорганизмхои худ тафсидани ахлот) безарар гардонда мешаванд.
Яке аз роххои биотермии Б. п.-и сахт компостони аст. Барои дар парвардахонаву гармхонахо гузаронидани Б. п. зимистон партови чамъшударо дар чойхои махсус нигох медоранд. Бахорон онхоро барои безарар гардонидан ба хандак мепошанд. Ин гуна усули Б. п.-ро дар шахрхо, инчунин дар хочагихои шахсии дехот истифода мебаранд. Гармие, ки дар натичаи протсессхои биохимияви аз кабати партов чудо мешавад, дар гармхонахо барои руёндани сабзавот манфиати калон дорад; порухокро бошад чун нури кор мефармоянд.
Партовгохро бо ичозати бунгоххои санитарию эпидемиологи дар чойхои махсус месозанд ва партовро бо кабати хок (гафсиаш 25 – 50 см ва г.) мепушонанд. Партови сахтро сузонда, зуд ва пурра безарар мегардонанд. Чунин усул бештар дар хочагихои шахси, инчунин дар беморхонахои амрози сирояти, табобатхонахои ветеринари истифода мешавад.
Партовро дар руи хок гун карда мондан мумкин нест. Онро бояд ба хок чукур гур кард, чунки дар сатхи хоки бо партов олуда микроорганизмхо ва тухми кирмхои бемориангез мавчуданд. Хоки хавлихое, ки партовкутти гузошта нашудаанд, бо кирм ва тухми онхо олуда мешавад.
Барои безарар гардонидани партовхои моеъ китъахои ассенизатсия месозанд ва каламрави онхоро баъди безарар гардондан, барои кишти зироате, ки кабл аз истеъмол пухтан зозим меояд, истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …