Главная / Илм / БЕНЗОЛ

БЕНЗОЛ

benzolБЕНЗОЛ, C6H6, пайвасти органики, соддатарин карбогидрати аромати. Моеъи беранги зудбухор буда, буи хос дорад; t гуд. 5,5°С; t чуш 80,1°С; зичиаш 879,1 кг/м3 (дар 20°С). Бо хаво омехтахои тарканда хосил мекунад.
Б. захрнок аст; консентратсияи он дар хавои корхонахо бояд аз 20 мг/м3 зиёд набошад. Хангоми захролуди аз Б. дарди сар, дилбехузури, кай, тез задани набз, ташаннучи мушакхо, мадхуши ба мушохида мерасад. Бо максади пешгирии захролуди хавои коргохро мунтазам тоза нигох доштан лозим. Зарфхое, ки дар он Б.-ро гирифтаанд, бояд хавоногузар бошанд. Барои кор бо Б. занхои хомила, модарони ширхорадор ва наврасони то 18-сола рох дода намешаванд. Хуни онхое, ки бо Б. кор мекунанд, соле як маротиба санчида мешавад. Дар мавриди бо хосилахои Б., толуол ва г. сару кор доштан, одамон бояд баъди хар 24 мох як маротиба аз муоинаи тибби гузаранд. Хангоми гирифтори ба беморихои асаб, хун, чигар, гурда ва дилу рагхо тамос бо Б. манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …