Главная / Илм / БЕМОРИИ ИТСЕНКО-КУШИНГ

БЕМОРИИ ИТСЕНКО-КУШИНГ

bemorii-itsenko-kushingБЕМОРИИ ИТСЕНКО-КУШИНГ, бемории асабу гадудхои усораи дохили, ки бинобар барзиёд хосил ва хорич гаштани гормони адренокортикотропи (ихрочи кортизолро меафзояд) инкишоф меёбад. Бемори аз номи невропатологи шурави Н.М. Итсенко ва нейрохирурги америкои Н.В. Кушинг гирифта шудааст. Б. бештар дар синни 20 – 40-солаги ба вучуд меояд. Дар кудакон ва пиронсолон ахёнан ба мушохида мерасад. Айни хол сабаби пайдоиши маризи маълум нест. Хангоми он дар гипофизи беморон аденомахои бисёр хурд ба вучуд омада, андозаи гадудхои болои гурда калон мешавад.
Ашхоси гирифтори Б. зохиран тагйир меёбанд: онхо ба таври хос фарбех ва руй мисли кулча гирд ва гафс мешавад; дар зери манах ва гардан низ чарбуи бисёр гирд меояд; дасту по бинобар атрофияи мушакхо нисбатан борик ва кутох; пуст тунук, кабудча ва рихинаксор аст.
Дар мавриди Б. фишори шараён баланд гашта, сар дард мекунад; кудакони мариз аз сабзиш мемонанд (дар онхо бемории санги пешоб ва пиелонефрит хуруч мекунад). Хангоми Б. раванди хосил шудани гормонхои чинси халал ёфта, дар занхо вирилизм ва ихтилоли хайз, дар мардхо аломати феминизатсия (занмонанди) ба мушохида мерасад.
Б.-ро духтури эндокринолог табобат мекунад. Интихоби усули муолича ба дарачаи вазнинии бемори вобаста аст, мас., шуоъшифои, бо рохи чаррохи дур сохтани гадуди болои гурда ё тавассути дору фуру нишондани фаъолияти кишри онхо. Окибати бемори ба ташхису табобати дуруст ва бармахал вобастаги дорад.
КЛ
Кудаки гирифтори бемории Итсенко – Кушинг (аломатхои хоси он: кади паст, руи гирди фарбех, дар шикам, чанбар ва гардан гун шудани равган).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …