Главная / Илм / Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею

Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею

Савол: Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею маҳз Титан ба худ ҷалб намуд?

  Ҷавоб: Ҳамаи гап дар атмосфера – табиат, боду ҳаво аст. Одатан, мегўяд Л.Ксанфомалити, ба саволи ҳаёт дар Замин чи сон вуҷуд дорад, чунин посух медиҳанд: – Албатта аз ҳисоби нерўи Офтоб».

– Охир Замин ҳамон қадар нерўе, ки аз офтоб мегирад, боз онро мегардонад-ку. Дар акси ҳол Замин аз андоза зиёд метафсид ё ки баракс хунук мешуд.

Нерўи Офтоб дар замин намеистад. Пас лаҳзаҳои атмосфера, обхезӣ, ҳодисаҳои табиат, ҳаракати организмҳои зинда ва билохира протсесси фотосинтез ва ғайраро кӣ ё чӣ ба ҳаракат медарорад. Дар инҷо на энергия, балки бо хости Худо энтропия ба кор медарояд. Гап дар сари он аст, ки Замин аз офтоб нерўеро мегирад, ки дар диапазони оптикӣ бо ҳарорати пурсамари 6000 К ва радиатисияи гармӣ бо ҳарорати 250 К (-230С)  содир мекунад. Маҳз ҳамин фарқият ҳамчун сарчашмаи нерўи ҳаёт аст, ки ҳамаи рафти  инкишофро муайян мекунад.

sayora-olim  Ҳануз солҳои 60-уми асри  XX бо усули спектроскопӣ муайян карда  шуда буд, ки дар атмосфераи Титан метани СН мавҷуд аст. Аҷоибот дар он аст, ки атмосфераи асосии Титан ҳамон таврест – ба мисли Замин, азоти молекулӣ 85 фоиз, аргон ва метан 15 фоиз. Хулоса азот дар Титан нисбат ба Замин 15 карат зиёд аст. Вале дар натиҷаи қувваи кашиши ками Титан фишор дар болои Титан 60 фоиз нисбат ба Замин зиёд аст. Зеро ки қувваи кашиши Титан нисбат ба Замин ҳафт бор кам аст. Дар болои Титан шино кардани абрҳои сафед мушоҳида карда шуд. Диққати олимонро яхи кўҳпораҳои Титан низ ба худ кашид. Вале, мегўяд муҳаққиқ, туман ва абрҳо барои дидани сатҳи Титан мушкилӣ оварданд. Дар Титан борҳо мушоҳида карда шудаанд, ки чуқрии онҳо қариб як км аст.

Аз ҳад зиёд мавҷуд будани моддаҳои органикӣ, дар сатҳи  Титан, олимонро ба хулоса овард; рўзе хоҳад расид, ки коркарди маҳсулоти саноатиро дар инҷо ба по монд. Зеро манбаи бузурги моддаҳои органикӣ дар инҷо, дар арзи миллиард сол ҷамъ шудааст. Зеро фазои мўътадили Титан дар инҷо шароити мўътадил фароҳам овардааст.

Хулоса ҳанўз бисёр матолибе ки аппарати коинотиии «Кассини» ва «Гюйгенс» ба даст оварданд омўхта нашудааст. Вале як чиз маълум аст, ки олимон барои инсоният дар ҷирми дигар равзанае боз карданд ва мо аминем, ки тараққиёти илму техникаи  замони мо дарҳои навро баҳри инсоният боз хоҳанд кард.

*«Кассин» – номи мунаҷҷими Фаронсаи асри  XVII Ҷовани Кассини аст.

** «Гюйгенс» номи олими Нидерландияи асри  XVII  Христиан Гюйгенс аст, ки бори аввал соли 1655 ҳамсафари бузурги Зўҳал – Титанро, ки яке аз бузургтарин ҳамсафари Зўҳал аст, мушоҳида карда буд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …