Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ СОҲАВӢ БАР ЗИДДИ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР

БАРНОМАИ СОҲАВӢ БАР ЗИДДИ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017, № 211 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ СОҲАВӢ ОИД БА АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020

korupciya

1. Муқаддима

  1. Қабули Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (минбаъд – Барнома) ҷиҳати иҷрои банди 19 Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (минбаъд – Стратегия) равона гардидааст. Муҳлати амалигардонии Барнома солҳои 2017 -2020-ро дар бар мегирад.
  2. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентӣ) дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалигардонии муқаррароти Стратегия дар давоми солҳои 2013-2016 як қатор корҳои ташкилӣ ва амалиро анҷом додаст, ки онҳо бешубҳа барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва назорати муомилоти қонунии он таъсири мусбат расониданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Агентӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегия таҳия гардида, бо фармоиши директории Агентӣ тасдиқ карда шудааст. Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда аз ҷониби Агентӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷро ва ҳамкорӣ ирсол гардидааст.
  3. Бо мақсади такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа якчанд лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва мувофиқа карда шуда, аз рўи онҳо як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади такмили сохтори Агентӣ ва пурзўр намудани мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар сарҳади давлатӣ, тавассути зиёд намудани воҳиди штатӣ, сохта ва ба истифода додани биноҳои шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Лахш ва шаҳри Исфара фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2014, № 311 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2007, № 156” ба имзо расидааст.
  4. Ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегия ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути воситаҳои ахбори омма 2280 баромад ташкил карда шуд. Аз ҷумла, аз соли 2013 инҷониб мунтазам дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” баромадҳои телевизионӣ дар мавзўи пешгирии нашъамандӣ сабт ва пахш гардида, дар радиои “Тоҷикистон” ва “Садои Душанбе” ҳамчунин барномаи радиоӣ бо унвони “Нури ақл”; “Соярушан” ва “Аз ҳавас то фоҷиа” барномаҳои мунтазами нақшавӣ таҳия ва пахш гардидаанд. Дар ин ҷода, ба мулоқоту вохўриҳои бевосита бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. То имрўз 1214 вохўрӣ ва мулоқот, 117 семинар, 102 мизи мудаввар ва 352 чорабинии оммавӣ, маърифатӣ, таблиғотӣ ва варзишии зидди нашъамандӣ ташкил ва гузаронида шудааст.
  5. Дар ин давра баҳри амалӣ намудани чораҳои пешгирии нашъамандӣ ва назорати муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, мудофиа, корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ нақшаҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардида, як қатор чорабиниҳо гузаронида шудаанд.
  6. Соли 2015 дар кишвар дар маҷмўъ 21585 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2013 (18336 ҳолат) 17,5 фоиз зиёдтар мебошад. Сабаби афзоиш ёфтани бақайдгирии ҷиноятҳо пеш аз ҳама ба тартиб даромадани бақайдгирии электронии ҷиноятҳо, беҳтаршавии ошкоркунии ҷиноятҳои ниҳонӣ ва тақвияти малакаи касбии кормандони мақомоти салоҳиятдор мебошад. Мутаассифона, дар ин давра зиёдшавии шумораи ҷинояти мухаддиротии ошкоршуда ҳам ба назар мерасад. Дар соли 2015 ҳамагӣ 965 ҷинояти мухаддиротӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли 2013 3,1 фоиз бештар буда, ба истиснои вилояти Суғд дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои мухаддироти бақайдгирифташуда афзоиш ёфтанд. Дар 5 соли охир ҳиссаи ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз шумораи ҷиноятҳои умумӣ дар сатҳи 5 фоиз боқӣ мемонад.
  7. Дар соли 2015 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 т 676 кг воситаҳои нашъадорро мусодира намуданд. Ин нишондод нисбат ба соли 2014 (6 т 214 кг) 24 фоиз ва соли 2013 (6 т 687 кг) 30,1 фоиз кам мебошад.
  8. Мақомоти марбута муайян намудаанд, ки тамоми маводи нашъадори гурўҳи афюн ва бангдона, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо роҳи қочоқ аз вилоятҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Балх ворид мегардад. Аз нисф зиёди маводи нашъадори дар кишвар мусодирашаванда дар ҳудуди вилоятҳои бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳади Тоҷикистон – Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон гирифта мешавад. Масалан, дар соли 2015 дар ҳудуди вилояти Хатлон 52 фоизи маводи нашъадор аз ҳаҷми умумии дар кишвар мусодирашуда мусодира гардид. Мусодираи воситаҳои нашъадор аз ҳама бештар дар 4 ноҳияи бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад – Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалӣ карда шудаанд.
  9. То 1 октябри соли 2016 7194 нафар беморони гирифтори нашъамандӣ дар муассисаҳои наркологӣ ба қайд гирифта шудаанд. Нишондоди баланди истеъмоли маводи нашъаовар тариқи сўзандору хатари ҷиддӣ ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 63 фоиз аз ҳисоби умумии шахсони дарқайдбудаи гирифтори нашъамандиро дар бар мегирад.
  10. Истеъмоли маводи нашъадор тариқи сўзандору яке аз сабабҳои паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам” то моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон 8504 нафар сироятшудагон ба бемории вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 3537 нафар ё 41,6 фоизи онҳоро истеъмолкунандагони маводи нашъаовар тариқи сўзандору ташкил медиҳанд.
  11. Солҳои охир дар кишвар тамоюли паҳн шудани навъҳои нави маводи нашъаовари синтетикӣ, ки ба Рўйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ворид карда нашудаанд, мушоҳида мешавад. Ин ҳолат метавонад ба пайдоиши намудҳои нави вобастагии нашъамандӣ мусоидат намояд.

2. Мақсад ва зарурати қабули Барнома

  1. Соли 2015 тибқи тартиби муқарраргардида Агентӣ фаъолияти як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегия мавриди санҷиш қарор дод. Ҳамчунин моҳи июни соли 2016 кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои Стратегияро дар Агентӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио мавриди омўзиш қарор доданд.
  2. Новобаста аз он, ки вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегия корҳои зиёдеро ба сомон расонида бошанд ҳам, ҳанўз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти онҳо дида мешавад.
  3. Баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва татбиқи босамари Стратегия бо ташаббуси Агентӣ аз ҳисоби намояндагони субъектҳои Стратегия котиботи байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки он метавонад дар самти иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегия корро ҷоннок намояд.
  4. Ҳамзамон дар ин раванд, бо назардошти натиҷаҳои омўзиши рафти иҷрои Стратегия, таҳия ва тасдиқ намудани Барнома яке аз тадбирҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
  5. Мақсади асосии таҳияи Барнома ин ба таври мушаххас пешбинӣ кардани мақсад ва вазифаҳои асосӣ, чорабиниҳо, субъектҳо ва муҳлати амалишавии Стратегия мебошад. Барнома имконият медиҳад, ки мақсад ва вазифаҳои асосии Стратегия давра ба давра амалӣ карда шаванд.

3. Механизми амалӣ намудани Барнома

  1. Амалӣ намудани Барнома тибқи нақша (замима мегардад) аз тарафи субъектҳои иҷрои он, ки мутасаддии Барнома мебошанд, инчунин дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин мегардад.
  2. Субъектҳое, ки мутасаддии амалигардонии Барнома мебошанд, ҳар сол ҳангоми таҳияи буҷети давлатӣ то соли 2020 дар буҷети худ дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ маблағи заруриро ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои дахлдори Барнома ба нақша мегиранд.
  3. Ҳамоҳангсози умумии Барнома Агентӣ мебошад. Ҳамоҳангсози ҳар як чорабинии мушаххаси Барнома иҷрокунандаи бевоситаи он мебошад.

4. Назорати амалигардонии Барнома

  1. Назорати ҷараёни амалигардонии Барнома аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

5. Натиҷаҳои ниҳоии амалигардии Барнома

  1. Амалигардии Барнома имконият медиҳад, ки:

– самаранокӣ ва сифатнокии чорабиниҳои гузаронидашавандаи оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо таъмин гардад;

– инфрасохтори мақомоти давлатие, ки дар самти мубориза ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мониторинг, пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии бемории нашъамандӣ фаъолият менамоянд, мустаҳкам ва васеъ гардад;

– сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар самти пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии беморони нашъаманд баланд бардошта шавад;

– суръати ҷалбшавии ҷавонон ба муҳити нашъамандон коҳиш дода шавад;

– шабакаи ягонаи миллии маводи иттилоотӣ – таҳлилӣ дар самти пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии беморони нашъаманд ташкил карда шавад;

– хизмати махсусгардонидашудаи миллии кинологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода кардани кинологҳо, парваришу таълими сагҳои хизматӣ ташкил карда шавад.

6. Таъминоти молиявии Барнома

  1. Манбаъҳои маблағгузории барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои дахлдори молияваӣ ҷиҳати амалигардонии он пешбинӣ мешаванд, инчунин гранту кумакҳои молиявии созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои донор ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои зидди нашъамандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
  2. Ҳаҷми хароҷот барои татбиқи чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2017-2020 барои ҳар соли алоҳида ҳангоми таҳияи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷетҳои вазорату идораҳои мутасаддӣ дақиқ карда мешавад.

Нақша

Замима

ба Барномаи соҳавӣ оид ба

амалигардонии Стратегияи миллии

мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии

маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2013-2020

Нақшаи

чорабиниҳои асосии иҷрои Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Мақсад ва вазифаҳои асосӣ Номгӯи чорабиниҳо Иҷрокунандаҳо Муҳлати иҷро Сарчашмаи маблағгузорӣ
1. ТАДБИРҲОИ КОҲИШИ ДАСТРАСӢ БА МАВОДИ МУХАДДИР
1.1 Чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқии коҳиши дастрасӣ ба маводи мухаддир.

Таъминоти ташкилӣ ва иттилоотӣ:

– таҳия ва амалӣ намудани         барнома ва нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ ва байниидоравӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ;

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

– омода намудани маводи таҳлилию иттилоотӣ аз натиҷаҳои мониторинги ҳолат ва тамоюлҳои инкишофи вазъи марбут ба мухаддирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

– мукаммал намудани махзани маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки бо муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо алоқаманданд;

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, молия, фарҳанг, мудофиа, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук,  Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, маркази тадқиқоти стратегӣ

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Суди Олӣ, Хадамоти  гумрук

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

соли 2017

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

соли 2017

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

1.2. Пешгирии кочоқи маводи нашъаовар: – тақвияти чорабиниҳо дар самти пешгирии қочоқи маводи нашъаовар тавассути сарҳади давлатӣ (аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон), аз ҷумла гузаронидани амалиётҳои муштараки байнидавлатӣ ва байниидоравӣ;

 

– назорати фупрӯш ва бақайдгирии симкортҳои ширкатҳои мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кочоқбарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо истифода аз онҳо тавассути сарҳади давлатӣ ба интиқоли маводи нашъаовар

маашғул мебошанд, ҳамчунин бо истифода аз технологияҳои муосир маҳдуд кардани паҳншавии мавҷҳои антенаҳои ширкатҳои мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

– гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати саркардагон ва аъзои гурӯҳҳои мутташакили чиноятпешаи дорои робитаҳои фаромиллӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи маводи нашъаовар машғуланд, бо мақсади қатъ намудани фаъолияти  ҷиноятии онҳо;

 

– гузаронидани амалиёти оперативӣ-профилактикии “Кӯкнор” ва дигар чорабиниҳои нақшавӣ ҷиҳати муайян, ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй, бастани роҳҳои воридшавии маводи нашъадор ба ҷумҳурӣ ва интиқоли минбаъдаи онҳо ба хориҷи кишвар;

 

 

 

– андешидани тадбирҳои зарурӣ нисбати шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятпеша, ки ба воридсозӣ ва паҳнкунии маводи нашъаовари синтетикӣ машғуланд;

 

– такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешгирӣ, ошкор ва қатъ намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

 

– бо воситаҳои муосири техникӣ ва таҷҳизот таъмин намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки фаъолияташон ба ошкор кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ вобаста аст, дар фаъолияти онҳо ҷорӣ намудани усулҳои замонавии ҷамъоварии маълумот ҷиҳати ошкор намудани ҷиноятҳо.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

 

 

 

 

 

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Прокуратураи генералӣ

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

 

1.3. Татбиқи чорабиниҳо оид ба муқобилат ба ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъадор, ки хусусияти коррупсионӣ доранд: – омӯзиш ва таҳлили омил, сабабу шароити содиршавии ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар, ки боиси ба амал омадани падидаҳои номатлуби коррупсионӣ мегарданд ва андешидани чораҳои мушаххаси амалӣ дар ин самт;

 

– пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба зарурати мубориза бо ҳаракатҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои он бо мақсади дар ҷомеа ба вуҷуд овардан ва ташаккул додани фазои тоқатнопазирӣ бо падидаҳои коррупсионӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсионӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Суди олӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ

 

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсионӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Суди олӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

1.4. Бунёди низоми самараноки пешгирӣ аз расмикунонии маблағҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст омадаанд: – амалӣ намудани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ошкор ва қатъ намудани фаъояияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба қонунигардонии маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастоварда муносибат доранд;

 

– таҳияи тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ошкор намудани интиқоли маблағҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ ба даст омадаанд;

 

 

 

 

 

 

 

– омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ барои мубориза бо қонунигардонии маблағҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба даст омадаанд

Бонки миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар

 

Бонки миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар

 

Бонки миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

1.5. Омӯзиш ва бозомӯзии кормандони воҳидҳои зиддимухаддиротии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар муассисаҳои таълимии Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корхои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук:

 

–  таҳияи барномаҳои идоравии тайёрии касбии кормандон дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ;

 

– таҳия намудани барномаҳои омӯзишӣ, маводи таълимӣ-методӣ, асбобҳои аёнӣ дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ;

 

– ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ;

 

– баланд бардоштани тахассус ва ташкили бозомӯзии кормандони муассисаҳои давлатии ъэкспертизаи судӣ дар самти ташхиси воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

 

– омӯзиши таҷрибаи шарикони рушдёфтаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар муассисаҳои таълимии дигар давлатҳо;

 

– такмил ва инкишофи фаъолияти Маркази таълимии кинологии агентии назорати маводи нашъаовар;

 

 

– ба роҳ мондани омӯзиш ва баланд бардоштани маҳорати касбии кинологҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа дар заминаи Маркази таълимии кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар

Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

 

 

Вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар

 

 

 

 

 

Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар

 

 

 

 

 

 

 

Вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук

 

 

 

 

 

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

 

 

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

1.6. Бунёди маркази ягонаи таълимӣ оид ба бозомӯзии кормандони мақомоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ: – ҷалб намудани тарафҳои манфиатдор барои дастгирии молиявӣ ҷиҳати таъсиси маркази ягонаи таълимӣ;

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

– аз ҳисоби кормандони пуртаҷриба омода намудани  ҳайати дастурдиҳандагон;

 

 

 

– ташкил ва гузаронидани курс, семинар ва тренингҳо барои мутахассисони соҳаи муқовимат бо  муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

солҳои

2017-2020

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

солҳои

2017-2020

 

 

 

 

 

 

ҳамасола

 

Дар доираи маблағҳои

пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

1.7. Пешгирии муомилоти ғайриқонунии навъҳои нави воситаҳои нашъадор, ҳамчунин моддаҳои таҳти назорат қарорнадоштаи психотропӣ барои истеъмоли ғайритиббӣ истифодашаванда:

 

– муҷаҳҳаз гардонидани

муассисаҳои давлатии экопертизаи судӣ бо таҷҳизоти муосир бо мақсади васеъ кардани имкониятҳои лабораторияҳои ташхисӣ ҷиҳати ошкор ва муайян кардани намудҳои нави маводи нашъаовар

 

Вазорати адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Агентии маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии миллӣ, Хадамоти гумрук дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ доимӣ Дар доираи маблағҳои пешбинишуда
1.8. Такмили низоми давлатии
мониторинг ва назорати
муомилоти қонунии
маводи нашъаовар,

ҳамчунин таъмини талабот ва дастрасӣ ба онҳо:

 

– такмили низоми давлатии
мониторинг ва назорати муомилоти қонунии маводи  нашъаовар бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ;

 

– амалисозии чораҳои маҷмӯиву мушаххас бо мақсади беҳдошти дастрасии моддаҳои дорувории нашъаовар ва психотропӣ дар муассисаҳои табобатӣ ва профилактикӣ, инчунин назорати фурӯши моддаҳои дорувории нашъаовар ва психотропӣ аз ҷониби дорухонаҳо

Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук

 

 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

солҳои

2017-2020

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

 

1.9. Роҳ надодан ба воридшавии маводи нашъаовар аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ: – такмили механизмҳои мониторинг ва назорати маъмуриву ҳуқуқии муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо бо мақсади пешгирии воридшавии онҳо ба муомилоти ғайриқонунӣ Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук дар ҳолатҳои зарурӣ Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз хисоби шарикони рушд
1.10. Таҳия намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои поихотропӣ ва прекурсорҳо: – бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, инчунин бо мақсади пешгирии сӯиистеъмоли навъҳои нави маводи нашъаовар, такмили тартиби ворид намудани илова ва тағйирот ба Рӯйхатӣ миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;

 

– бо назардошти тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва омӯхтани таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ворид кардани тағйиру идоваҳо ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи нҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатин амнияти миллӣ

дар ҳолатҳои зарурӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

Дар дояраи маблағҳон пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доиран маблағҳои пешбинишуда

2. ЧОРАҲО ОИД БА КОҲИШИ ТАЛАБОТ БА МАВОДИ МУХАДДИР
2.1. Ташаккули муносибати манфии ҷомеа ба сӯиистеъмоли маводи нашъаовар: – тақвияти фаъолият оид ба пешгирии нашъамандӣ дар байни табақаҳои иҷтимоии ҷомеа;

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

– гузаронидани чорабиниҳои

ташвиқотӣ ва маърифатии    зидди нашъамандӣ;

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

– таҳияи дастурҳои методӣ,

филмҳои маърифатӣ ва роликҳо оид ба оқибатҳои   зараровари сӯиистеъмоли

маводи нашъадор, барои     ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ;

 

– ворид намудани мавзӯъҳо оид ба оқибатҳои зараровари   сӯиистеъмоли маводи     нашъадор ба дастурҳои

методии муассисаҳои таълимӣ;

 

– ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва ташаккули мунооибати манфии ҷомеа ба сӯиистеъмоли маводи нашъаовар

Агентии назоратт маводи нашъаовар, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимони аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

Агентии назорати маводи

нашъаовар, вазоратҳои

тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну

маросимҳои миллӣ,

телевизион ва радио,

мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии

назорати маводи нашъаовар

 

 

 

 

 

Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар

 

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

тибқи

нақшаҳои

алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҳамасола

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

солҳои

2017-2020

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

ва аз ҳисоби

шарикони рушд

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

ва аз ҳисоби

шарикони рушд

 

 

 

 

 

 

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

2.2 Ташкил ва мукаммалсозии шабакаи ягонаи миллии ҷамъоварии маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ дар самти пешгирӣ , табобат ва барқарорсозии беморони нашъаманд: – ташкили низоми ягонаи миллии ҷамъоварии маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ дар самти пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии беморони нашъаманд;

 

 

 

 

– тайёр ва бозомӯзии мутахассисони низоми ягонаи миллии ҷамъоварии маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ дар самти пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии беморони нашъаманд

Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

 

Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз хисоби шарикони рушд

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

2.3. Таблиғи тарзи ҳаёти солим: – инкишофи шабакаҳои муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатии мусоидаткунанда ҷиҳати ҷалби онҳо дар гузаронидани чорабиниҳои зидди нашъамандӣ;

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

– амалӣ намудани таълими барномаи тарзи ҳаёти солим дар ҳама муассисаҳои таълимӣ;

 

– таъмини шароити мусоид барои фароғати шаҳрвандлн, бахусус ҷавонон, сохтмони иншоотҳои варзишӣ, тайёр намудани мураббиёну мутахассисони соҳаи варзиш, ташкили мунтазами мусобиқаҳои варзишӣ;

 

– ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инкишофи ҳаракати волонтёрӣ ва таъмини иштироки онҳо дар самти пешгирии нашъамандӣ

Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну марсоимҳои миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ

 

Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

 

 

 

 

 

 

Агентии назорати маводи наъаовар, вазоратҳои адлия, фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

Дар доираи маблағҳои

пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои

пешбинишуда

 

 

 

Дар доираи маблағҳои

пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои

пешбинишуда

 

2.5. Омодасозӣ ва омӯзонидани намояндагон воситаҳои ахбори омма, ки масъалаҳои вобаста ба нашъамандӣ ва ҷиноятҳои мухаддиротиро инъикос менамоянд: – омӯзонидан ва баланд бардоштани маҳорати касбии намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки мавзӯҳои сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандиро инъикос менамоянд Кумитаи телевизион ва радио, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар доимӣ Дар доираи маблағҳои пешбинишуда
2.6. Истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ доир ба оқибатҳои сӯиистеъмоли маводи мухаддир: – ташкили барномаҳои мунтазами телевизионӣ ва радиоӣ, ки масъалаҳои мушкилоти марбут ба маводи нашъаоварро инъикос менамоянд;

 

 

 

 

 

 

– таҳия ва пахши роликҳои иҷтимоии телевизионӣ ва радиоӣ оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ;

 

– ташкил кардани сомонаҳои интернетӣ барои расонидани кумаки машваратӣ ва тиббӣ- психологӣ ба беморони нашъаманд, хешовандон ва наздикони онҳо

Кумитаҳои телевизион ва радио, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

 

Кумитаи телевизион ва радио, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар

 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

соли 2017

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

2.7. Ҷалби фаъолонаи иттиҳодияҳои динӣ дар кори пешгирии нашъамандӣ ва ҷиноятхои вобаста ба маводи нашъадор: – баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи нашъаовар аз назари таълимоти динӣ;

 

 

 

 

 

 

–  истифодаи имкониятҳои

иттиҳодияҳои динӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим

Кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Агентии назорати маводи нашъаовар

 

Кумитаҳои оид ба корҳои

дин, танзими анъана ва

ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Агентии назорати маводи нашъаовар

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

2.8. Омӯзиш ва ҷорӣ намудани

таҷрибаи шарикони

рушдёфтаи ҷаҳонӣ дар

самти пешгирии

нашъамандӣ, табобат ва

офиятбахшии шахсони

мубталои нашъамандӣ:

– амалӣ намудани чораҳои

пешгирии тиббии    нашъамандӣ ва расонидани    кумаки наркологӣ бо

истифода аз таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ;

 

 

 

–  бо дарназардошти таҷрибаи

ҷаҳонӣ инкишоф додани   шабакаи марказҳои        барқарорсозӣ барои

беморони нашъаманд;

 

–  баланд  бардоштани

иттилоотнокии ҷавонон аз оқибатҳои сӯиистеъмоли маводи нашъадор

Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш

ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, Агентии назорати маводи нашъаовар

 

Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

 

 

 

 

 

Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио,

вазоратҳои тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,

маориф ва илм, Агентии

назорати маводи нашъаовар

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

солҳои

2017-2020

 

 

 

 

 

 

 

солҳои

2017-2020

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

 

 

 

 

 

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

2.9. Такмили захираҳои кадрии

хадамоти наркологӣ,

заминаи моддию техникӣ

ва васеъ намудани

шабакаҳои муассисаҳои

наркологӣ

– ташкили курсҳои баланд

бардоштани такмили        ихтисоси мутахассисони хадамоти наркологӣ;

 

– муҷаҳҳаз гардонидани

муассисаҳои наркологӣ бо  таҷҳизоти замонавии тиббӣ;

 

 

 

– инкишофи шабакаҳои

наркологӣ, бозомӯзии мутахассисон ва такмили   заминаи моддиву техникии

хадамоти наркологӣ

Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

 

 

 

Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

 

 

 

 

 

Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

доимӣ

 

 

 

 

 

 

солҳои

2017-2018

 

 

 

 

 

 

 

солҳои

2017-2018

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

ва аз ҳисоби

шарикони рушд

 

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

ва аз ҳисоби

шарикони рушд

 

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

2.10. Гузаронидани таҳқиқоти

сотсиологӣ оид ба

дурнамои вазъи марбут ба

маводи нашъаовар:

– татбиқи мониторинги     вазъи вобаста ба истеъмоли     воситаҳои нашъадор, гузаронидани корҳои илмӣ-

таҳқиқотӣ дар самти мазкур бо мақсади таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои

дарозмуддати пешгирӣ ва   табобати нашъамандӣ

Агентии назорати маводи

нашъаовар, Вазорати

тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Агентии омор дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ

солҳои

2017-2018

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

ва аз ҳисоби

шарикони рушд

2.11. Таҳия ва таҷдиди

мунтазами

нишондиҳандаҳо оид ба

гурӯҳҳои осебпазир:

– коркарди усулҳои муайян

кардани нишондиҳандаҳо     оид ба шахсони гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва

андешидани чораҳо ҷиҳати  ташкили корҳои           пешгирикунанда ва

фаҳмондадиҳӣ;

 

– омӯзиши омилҳое, ки ба каму зиёдшавии шумораи беморони нашъаманд мусоидат мекунанд, бо мақсади коркард ва ҷорӣ намудани барномаҳои пешгирикунанда ва табобати нашъамандӣ

Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти

давлатӣ

 

 

Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

тибқи

нақшаҳои

алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

ва аз ҳисоби

шарикони рушд

 

 

 

 

 

 

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

ва аз ҳисоби

шарикони рушд

2.12. Пешгирии ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъадор ва нашъамандӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ:

 

– гузаронидани чорабиниҳои

пешгирикунандаи зиддинашъамандӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббию хуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ

 

Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва

оила, Хадамоти гумрук,
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

тибқи нақшаҳои алоҳида Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

ва аз ҳисоби

шарикони рушд

3. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
3.1. Тибқи тартиби
муқарраргардида такмили
механизмҳои ҳамкориҳои
дуҷониба ва бисёрҷониба
бо давлатҳои хориҷӣ,
созмонҳои байналмилалӣ
ва минтақавӣ дар асоси
конвенсияҳои дахлдори
Созмони Милали
Муттахид, ки онҳоро
Тоҷикистон эътироф намудааст

 

– мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ;

 

 

 

– баимзорасонӣ ва амалисозии
созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниидоравӣ бо тарафҳои

манфиатдор дар самти мубориза    бо муомилоти ғайриқонунии      маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи

давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

 

 

 

 

 

Дар доираи

маблағҳои

пешбинишуда

3.2. Бо тартиби муқарраргардида гузаронидани чорабиниҳои байнидавлатии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба ошкорсозӣ ва аз байн бурдани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла бо усули “таҳвили назоратшаванда”: – иштирок дар амалиёти оперативӣ-профилактикии байналмилалии “Канал” ва дигар чорабиниҳои нақшавӣ бо мақсади ошкорсозӣ, бастани роҳҳои воридшавии маводи нашъаовар ба ҷумҳурӣ ва интиқоли минбаъдаи онҳо ба хориҷи кишвар;

 

– густариши ҳамкориҳо бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои хориҷӣ дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ, байниидоравии баимзорасида дар самти ошкор ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани амалиётҳои муштараки байналмилалӣ бо усули “таҳвили назоратшаванда”;

 

– дар якҷоягӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои хориҷӣ гузаронидани чорабиниҳо бо мақсади ошкор ва пешгирии қочоқи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии синтетикӣ ба ҷумҳурӣ

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

 

 

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

тибқи нақшаҳои алоҳида

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

3.3. Иштироки мақомоти ҳифзи хуқуқ ва сохторҳои кудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони мақомоти

хифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа:

– ташкил ва гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои кормандони мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа;

 

– бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зиддимухаддиротии давлатҳои хориҷӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

 

 

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

доимӣ Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

3.4. Бо тартиби муқарраргардида ҷалби кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар муҷаҳҳаз сохтан бо технологияи муосир дар самти назорати маводи нашъаовар, инчунин дар таҳияи барномаҳои таълимӣ оид ба коҳиши пешниҳод ва талабот ба маводи нашъаовар: – бо ҷалби давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо технологияи муосир дар самти назорати муомилоти маводи мухаддир муҷаҳҳаз гардонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ;

 

– таҳияи барномаҳои маърифатӣ оид ба коҳиши пешниҳод ва талабот ба маводи нашъаовар бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ барои амалисозии онҳо;

 

 

– бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ таъсис додани сохторҳои мақомоти ҳифзи хуқуқи ҷумҳурӣ дар минтақаҳои ниҳоят осебпазири ноҳияҳои наздисарҳадӣ;

 

– такмил додани ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар доираи созишномаҳои баимзорасида

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, молия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

 

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

 

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, молия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

 

 

 

 

Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

доимӣ

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва аз ҳисоби шарикони рушд

 

 

 

 

 

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …