Главная / Маданият ва санъат / Ба нақша гирифтани либос

Ба нақша гирифтани либос

Барои ба нақша гирифтани либос даставвал андозаи қаду қоматро гирифтан лозим аст. ҳангоми андозагирӣ дар ҳолати муқаррарӣ бо либоси сабуки якқабата истода, миёнро мебандем. Барои муқаррар намудани хати миён он бо тасмача, резина ё ришта баста мешавад.

Андоза аз тараи рост гирифта мешавад. ҳангоми андозагирӣ ченакмасмаро таранг кашидан ё суст (халта) доштан мумкин нест. Ҳангоми андозагирӣ ченакҳои дарозиро пурра ва ченакҳои барро нимбаробар менависанд.

aqshai-libos

Зеро нақшаи андоза ба як ним ҷусса сохта мешаванд андозаҳо дар тарафи рости албом (дафтар)-и корӣ навишта мешавад. Барои кашидан нақшаи маснуот хатҳои махсуси ишоратӣ истифода мешавад ки онро донистан зарур аст.

Баъд аз гирифтани ченак барои кашидани нақшаи маснуот чунин таҷҳизот ва асбобҳои ёрирасон лозиманд. Ҷадвали рост (30 см), ҷадвали миқёси (1:4) секунҷа, ҷадвали кунҷак, қалами сиёҳи ТМ, мулоим, 2 м- ва сахт, варақаи албом. Пеш аз сар кардани таҷҳизот ва асбобҳои ёрирасонро бояд тайёр кард ва бояд хатҳои дар рафти кашидани нақша бештар истифодашаванда аҳамияти калон додан лозим.

Ба хатҳои яклухти муқаррарӣ, штрихпуктирӣ, ғафсу борик ва ғайра. Ғайр аз хатҳои мазкур аломатҳои ишоратӣ низ дар кашидани нақшаи либос истифода мешавад. Хатҳо ва аломатҳои ишорати зеринро аз худ кунед.

Пеш аз кашидани нақша варақаи албомро ба назар бояд гирифт, ки бо андозаи муайяншуда тасвир шуда бошад. Дар чунин ҳолат баъд нақшаи муносибатро бо мастаби 1:4 нақшаро меканем.

Гирифтани ченак, андозагирӣ барои нақшаи пешгир.

Либоси корӣ барои аз ифлосиҳои гуногун либоси тозаро нигоҳ доштан бояд шароит муҳайё намояд. Либоси корӣ зебо, озода бошад ва дар бадани одам нағз нишинад андозагирии аниқро мегиранд. Барои дуруст гирифтани ченак ҳолати хатҳои асосии онро донистан лозим аст.

Асоси ченакҳо барои гирифтани ченаки пешдоман дарозии назди сина, дарозии қисми поении пешдоман хатти миён, хатти рон ва ғайра ё масофаи байни онҳо. Қоидаҳои асосӣ дар вақти гирифтани ченак. 1.Пеш аз андозагирӣ бояд миёнро бо тасма ё ришта бастан лозим аст.

2.Вақти гирифтани ченак бояд қомат рост бошад ва шахс рост истад, худро озод ҳис намояд. 3.Андозаро бо лентаи ченактасма мегиранд. Дар вақти гирифтани андоза ченактасмаро таранг набояд кашид ва аз ҳад озод гирифтан лозим нест.

4.Андозаи дарозиро пурра чен карда, андозаи барро (гирди ҷуссаро) пурра чен карда, нимашро менависанд. Аз сабаби он ки нақшаро ба ними ҷусса мекашанд.

Баъди интихоби модели пешдоман ва интихоби матоъ бояд ченаки худро гирем. Асоси маснуоти зебо аз ченакгирӣ вобастагии калон дорад. Чӣ қадаре ки мо саҳеҳтар ченак гирем, ҳамон қадар маснуоти дӯхташавандаи мо ба сифати баланд соҳиб мешавад. Ва ҳар як хонанда аз чуссаи худ ченак гирад ва ба қаду бари худ мувофиқ карда, маснуотро дӯзад.

Барои он ки ҳар яки шумо асоси ченакгириро сарфаҳм равед ва зарурати онро муайян кунед чӣ бояд кард?

Мисол, ду духтараки андозаи гуногундоштаро, яъне қаду бари онҳо фарқ дошта бошад, ду пешдоману андозаи якхеларо ба онҳо мепӯшонем ва мебинем ки як пешдоман ба ҳар ду духтарак ҳархела меистад, яъне маълум шуд, ки ба андозаи яке аз духтарҳо он мувофиқ ба дигар духтарак васеъ аст. Аз ин хулоса бароварда мешавад, ки ба ҳар як хонанда дар алоҳидагӣ ченак гирифта, ба ин ченак мувофиқ пешдоман ё маснуоти дилхоҳ дӯхтан лозим аст.

Дар вақти гирифтани ченак бояд ченакгирӣ беҳтар мешавад бо методи бригадавӣ, гурӯҳӣ ки аз 3 нафар хонанда иборат аст, гузаронида шавад.

Як хонанда ченакро аз 2-юм хонанда мегирад ва 3-юм онро ба дафтар менависад. Ин процесси корро танҳо баробари муаллим иҷро менамояд, муаллим бо ченактасма ҳамаи ченакҳоро аз маникени мактаб истифода бурда иҷро мекунад. Дар ҳар як амалиёти ченакгирӣ духтарони дар гурӯҳ буда метавонанд ҷояшонро иваз кунанд.

Дар ин ҳисоб ҳамаи хонандагон раванди ченакгириро тезтар аз худ мекунанд. Барои мустаҳкамкунӣ шумо метавонед аз чунин варақаҳо истифода баред.

Варақаи 1.

  • 1.Асоси ченакгирӣ дар чист?
  • 2.Ишоратҳои ченакунӣ ё аломати шартии номгӯи ченакҳоро гӯед?
  • 3.Ченакҳои дарозӣ аз бар бо чӣ фарқ доранд?

Вобаста ба намуна (модел)-и либос андозаҳо илова карда мешаванд. Андозаи иловагӣ барои озода истодани маснуот, барои ороиш ва ҳаворо нағз гузоридан ёрӣ мерасонад. Андозаи иловагиро дар вақти кашидани нақша ба назар мегиранд ва дигаргуниашон аз силуэт он вобастагӣ дорад, чи қадар матоъ ғафстар бошад, ҳамон қадар ҳаққи чоки иловагӣ гузошта мешавад.

Андозаи иловагӣ фақат дар ҳаққи чок дода мешавад.

  • 1.Иловагӣ ба гирди рон то 3 см.
  • 2.Иловагӣ ба гирди китф то 7 см

Ҳаққи чокро асосан ба маснуот яклухт дӯхташуда истифода мебаранд. Пешдоманро асосан дар иҷрои кори хона, ё ки дар вақти тайёр кардани таом истифода мебаранд, ки он бояд сарбанд, рӯймол, ё каллапӯш дошта бошад.

Пешдоманҳоро асосан аз матоъҳои пахтагӣ ё зағирин ё барои он ки шуштан медӯзанд ва дарзмол карданаш осон шавад аз матои дилхоҳ. Пешдоманҳо барои истифодаи ороиши дастархон ва дар вақти хизматрасонии меҳмон метавонанд ороишӣ бошанд. Пешдоманҳо бо якчанд намуд амсиласозӣ мекунанд ва ороишҳои гуногунро бо апликатсия, марҷон, тасмаи гулдӯзӣ, бо чин-чин, ҳошия, лентаҳои гуногуни пар-пар, киссаҳои гуногуншакл ва ғайра оро дода мешавад.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

duo-003

Хосияти дуои «Укоша»

Хосияти дуои «Укоша» Ба воситаи ин дуо бандаи гунаҳгор аз тақсироти номаълуми хеш тоиб[1] мегардад. …