БАЛНЕОТЕРАПИЯ (Balneotherapia; аз лот. balneum – хаммом, обози ва терапия), барои табобату пешгирии беморихо истифода кардани обхои минералии табии ва сунъи. Дар мавриди Б. обхои минерали барои обзан (ванна) ё нушидан кор фармуда мешаванд. Онхоро инчунин барои оббози, обгардон кардани дахон, ингалятсия, шустани меъдаю руда ва диг. узвхо истифода мебаранд. Шифобахшии обхои минерали ба унсурхои таркиби онхо (гази карбонат, сулфиди гидроген, нитроген, моддахои радиоактиви – радон ва намакхои гуногун) вобаста аст. Харорат ва омилхои механикии обхои минерали низ мухим мебошанд. Б. бахри таквияти неруи мухофизатии организм ва тамрини имкониятхои он омили хеле босамар аст. Хангоми сар задани бемори Б. ихтилоли фаъолияти узвхоро кам ё бартараф месозад.
Дар курортхои балнеологи барои муолича обхои карбонати, сулфурдор, радони, силитсийдор, шур, йоду бромдор ва оби бахрро кор мефармоянд. Обзанхои минерали хоса ба силсилаи дилу рагхо ва асаб, барои ба маром даромадани фаъолияти асаб, муътадил гаштани мубодилаи моддахо ва кори гадудхои усораи дохили таъсири мусоид мерасонанд. Обзанхои минералии умуми ва чузъиро барои муоличаи нукси дилу рагхо, узвхои такяву тахрик (банду бугумхо, бандакхо, мушакхо), асаб, беморихои занона ва г. истифода мебаранд. Дар мавриди беморихои халку бини ва роххои болои нафас ингалятсия, хангоми амрози занона бошад, обшуйкунии махбал ва барои бартараф намудани иллати рудахо хукнарези бо оби минерали тавсия карда мешавад.
Дар мавриди ошомидан оби минерали бевосита ба ретсепторхои луобпардаи дахон, меъда ва рудаи дувоздахангушта таъсир карда, усораи меъдаро муътадил мегардонад, барзиёдии луобро бартараф менамояд. Обхои минерали инчунин хосил ва чудо шудани талхаро тезонда, ба мубодилаи моддахо таъсири мусоид мерасонанд.
Дар рафти муолича, махсусан берун аз курортхо, аз обхои минералии сунъи (карбонати, гидрогенсулфиди, радони ва нитрогени) истифода мебаранд.
Б. бо тавсия ва зери назорати духтур аксаран пайваста бо лойкашифои, иклимшифои, пархезшифои гузаронида мешавад. Б.-ро бо максади реабилитатсияи тибби низ истифода мебаранд. Ниг. низ. Обзан, Курорт, Обхои маъдани.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …