Главная / Гуногун / Бадахшон ва Ҳисор дар асри XVII – нимаи аввали асри XVIII

Бадахшон ва Ҳисор дар асри XVII – нимаи аввали асри XVIII

Ҳудуди зиёди давлати замони Темуриёнро сулолаи нав Аштархониён дарбар намуданд. Пойтахти онҳо шаҳри Бухоро буд. Дар шимоли Афгонистон, соҳили чапи дарёи Аму — Қундуз, Файзобод, Балх, Шибирғон ва Бадахшон, дар сохили рости ин дарё — Тирмиз, Кӯлобу Қубодиён тобеъи сулолаи мазкур буд.

Дар замонн ҳукмронии Субҳонқулихон мавқеъ ва эътибори баъзе аз сарони қабилаҳо баланд гардид. Яке аз онҳо Маҳмудбии атолик буд. Хон ӯро ҳокими Балх ва Бадахшон таъин намуд. Он солҳо Бадахшон амалан музки мустақил буд. Дар он ҷо асосгузори сулолаи амирони бадахшонӣ Ёрибек ҳукмронӣ мекард. Дар нимаи дуввуми асри XVII муносибати байни Бадахшон ва Бухоро бад шудан гирифт. Тохтутози лашкари Бухоро ба Бадахшон вусъат гирифт. Бадахшониҳо бо сардории мири худ Ёрибек ба истилогарон муқовимати сахт нишон медоданд. Онҳо бухориёнро ба кони лаъли худ роҳ намедоданд. Бо мақсади ба даст овардани лаъл Маҳмудбии атолик ба Бадахшон лашкар кашид. Вале муваффақият ба даст дароварда натавонист. Оқибат маҷбур шуд, ки бо Ёрибек муоҳида баста ақиб нишинад. Ёрибек мебоист маҳсули дусолаи кони лаъли Бадахшонро ба хон супорида, тобеъи Бухоро гардад. Лекин дар амал ӯ ҳокими мутлақи он ҷо буд ва тамоман мустақилона кор мебурд.

Дар асри XVI Балх, Тирмиз, Қундуз, Қубодиён, Хакзону Бадахшон тобеъи беки Ҳисор буданд. Дарсолҳои ҳукмронии сулолаи Аштархонӣ ин мулкҳо, ҳатто Ҳисор тобеъи Балх гашт. Чунки дар Балх валиаҳди хони Бухоро ҳукм меронд ва ӯро низ “хон“ меномиданд.

Дар замони ҳукмронии Имомқулихон дар Ҳисори Шодмон Давлатбии кенагас ҳукм меронд. Ӯ байни ҳокимони вилоятҳои дигари Бухоро мақоми хосро соҳиб буда, сиёсати ниммустақилро пеш мебурд.

Ҳукмронин Давлатбий то соли 1642 давом кард. Баъди ба сари ҳокимияти Бухоро омадани Нодирмуҳаммадхон дар вилоятҳо писарони ӯ ҳукмрон шуданд. Ҳисор ба Қиличмуҳаммад ном писари ӯ расид. Мулки дар асри XVI ягонаи Ҳисор, дар замони ҳукмронии сулолаи Ашгархонӣ ба қисмҳо таксим шуда, ба итоати Бухоро гузашт. Вале мубориза барои ҳокими Ҳисор шудан байни писарони Нодирмуҳаммадхон давом мекард. Писари саввуми ӯ Баҳром Султон оқибат ҳокими ин мулк гашт.

Баъд аз ба сари ҳокимияти Бухоро омадани Абдулазизхон (1645-1680) байни хонҳои Бухоро ва Балх барои соҳиб шудан ба Ҳисор мубориза cap зад. Аз ин мубориза истифода намуда як муддати кӯтоҳ ҳокими Самарқанд Ҳисорро тобсъи худ гардонид.

Итоати мулки Ҳисор ба Балх, Самарқанд ва Бухоро доимӣ набуд. Дар охири асри XVII аз бесарусомонӣ ва беадолатии хони Бухоро истифода намуда Ҳисори Шодмон мустақилии худро барқарор намуд.

Ҳисор яке аз вилоятҳои саркаш буд. Соли 1703 лашкари Бухоро бо сардории Муҳаммадраҳимбӣ бо мақсади забти ин мулк вориди вилоят гашт. Рафтори густохонаи лашкари ӯ боиси хашму ғазаби мардуми Ҳисор гардид. Шӯриши умум оғоз ёфт. Исёнгарон қароргоҳи лашкари Бухороро торумор карданд.

Хабари нокомии лашкари Бухоро дар Ҳисор ба ҳокиии Балх Муқимхон расид. Бо фармони ӯ лашкари Балх бо сардории Маҳмудбиӣ атолиқ, моҳи феврали соли 1704 ба суи Ҳисор ҳаракат кард. Вале то омадани онҳо ҳокими Ҳисор Угкан додхоҳ лашкари гурезаи Бухороро таъқиб намуда, лавозимоти зиёди ҳарбӣ, чодару хайма ва аспонро ғанимат гирифт.

Шикастхурӣ дар Ҳисор хони Бухоро Убайдуллохонро (1702 – 1711) рӯҳан азоб медод. Ӯ аз ноиттифоқии байнихудии қабилаи суистифода намуда, ба сӯи Ҳисор лашкар равон кард.

Ин навбат ҳам Балх бо мақсадн ба итоати худ даровардани мулки Ҳисор лашкари сершуморро зери фармони Маҳмудбиӣ равон кард. Ба ӯ муяссар гардид, ки лашкари Бухороро мағлуб намуда Дарвеш кушбегӣ, писари Фозилбийро ҳокими Ҳисор таъин намояд.

Баъд аз ронда шудани лашкари Бухоро бештар аз 50 сол Ҳисор ҳамчун мулки мустақил арзи вуҷуд намуд. Дар ин муддат бекҳои Ҳисор ҳамдигарро иваз мекарданд. Ба баъзеи онҳо муяссар мешуд, ки ба сарзамини ҳамсоягони худ лашкар кашанд.

Аз тарафи дигар, хонҳои Бухоро мекӯшиданд, ки Ҳисорро мутеъи худ гардонанд. Дар лаҳзаҳои душвори таҳдиди душман Ҳисор иттифоқчии худро пайдо кард. Яке аз итгифокчии ин мулк ҳокиму мардуми Ӯротеппа буданд. Чунки ҳам дар Ҳисору ҳам дар Ӯротеппа сулолаи хонадони юзҳо ҳукм меронданд. Иттифоқи мустаҳками онҳоро воқеаи соли 1754 равшан аён кард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …