Главная / Илм / Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНҲОИ

МОБИЛӢ ДАР МАКТАБҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН БАРОИ ХОНАНДАГОН

Ба мақсади ба танзим даровардани кори таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумй ва барҳам додани вайроншавии ҷараёни дарс дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ

telefon

ФАРМОН МЕДИҲАМ:

  1. Бо телефони мобилӣ ба мактаб омадани хонандагон ва истифодаи он дар дохили мактабҳо манъ карда шавад.
  2. Директорони мактабҳо, роҳбарони синфҳо ва Кумитаи падару модарон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар робита ба масъалаи мазкур зиёд намуда, барои ба мактаб бо телефонҳои дастӣ омадани хонандагон монеъ шаванд.
  3. Ба Идора ва шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супорида шавад, ки рафти иҷрои фармонро зери назорати ҷиддй қарор дода, аз корҳои анҷомдодаашон дар ин самт ва амалй шудани фармони мазкур ҳар моҳ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.
  4. Назорати иҷрои фармони мазкур ба зиммаи муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон гузошта шавад.

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳри Душанбе, 07.10.2006 с., №941.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …