Главная / Илм / АТСИДОЗ

АТСИДОЗ

4ba82e0addf0afbac4f0311a6607057fАТСИДОЗ (Acigosis; аз лот. acidus – турш), сертурши, хунукмизочи, холати бемориест, ки дар натичаи ихтилоли мувозинати туршию ишкор ва дар хуну бофтахо барзиёд захира шудани аниони кислотахо рух менамояд. А. талофипазир ва талофинопазир мешавад. Хангоми А.-и талофипазир анионхои кислотахо чандон зиёд намешаванд. Нишондихандаи гидрогени (pH) аз хадди эътидол (7,35 – 7,45) паст намефарояд. Дар мавриди А.-и талофинопазир анионхо зиёд шуда, pH-ро хеле паст мефароранд. Аз чихати пайдоиш А. мубодилави, нафаси, физиологи ва г. мешавад. А.-и мубодилави дар натичаи дар организм барзиёд чамъ шудани анионхои кислотахои табхирнашаванда ё талаф ёфтани катионхои ишкорхо (мас., дар вакти касалии канд, гуруснаги, кампешоби, дарунрави, таб) ба вучуд меояд. А.-и нафаси дар мавриди бо нафас кам хорич шудани кислотаи карбонат (мас., дар вакти варам ва газаки шуш, пажмурда шудани шуш, фалачи бачагон, захролуди аз дорухои наркози ва г.) рух менамояд. А.-и физиологи хоси навзодхо буда, аз лахзахои аввали таваллуд маълум мегардад. Аломатхои А.: хоболуди, гаранги, игмо, нафасгирии номуътадил, номураттабии кори дил, рагхо, гурда ва г.
А.-и муътадил ва чуброншаванда, одатан, бидуни ягон аломату нишона чараён меёбад. Онро факат дар мавриди тадкики хун ва таркиби пешоб мукаррар кардан мумкин аст. Яке аз аломатхои нахустини амик гаштани А. тез шудани нафаскаши мебошад, ки минбаъд ба дамкутахи оварда мерасонад. А. боиси афзудани микдори катехоламинхо дар хун мешавад. Аз ин ру дар мавриди хуручи он фаъолияти дил пурзур, набз тез, фишори хун баланд мегардад. Бо максади муоличаи А. сабабхои онро рафъ сохтан лозим аст (мас., истифодаи инсулин хангоми касалии канд).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …