Главная / Илм / АСКАРИДАХО

АСКАРИДАХО

957349АСКАРИДАХО (Ascarididae), як гурухи лундакирмхо, ки дар руда зиндаги мекунанд. Дарозии А.-и нарина 15 – 20 см ва модина 25 – 40 см мешавад. Аскаридаи модина дар як шабонаруз то 250 хаз. тухм мегузорад. Аз тухмхое, ки ба воситаи хурок ё об ба узви хозима рох меёбанд, кирмина (личинка)-хо ба вучуд омада, онхо тавассути девораи руда аз рагхои хун ба дил, шуш, нои нафас, дахон ва боз ба меъда ворид мешаванд. Кирминахо дар рудаи борик болиг шуда, баъд аз 2 – 2,5 мох тухм мегузоранд. Аскаридаи одам (Ascaris lumbricoides) ангезандаи бемории аскаридоз мебошад.
Бо максади сироят наёфтан аз А. ба коидахои бехдошт хатман риоя карда, махалхои ахолинишин бояд тозаю озода нигох дошта шаванд, ахлотхоро дар чойхои махсус безарар гардондан лозим аст. Меваю сабзавотро кабл аз истеъмол хатман бо оби тоза шустан даркор.
Ад.: Камардинов Х.К., Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003.
А. Исмоилов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …