Главная / Гуногун / Ҷануби Ветнамро ишғол кардани Фаронса

Ҷануби Ветнамро ишғол кардани Фаронса

Моҳи августи соли 1858 эскадраи киштиҳои Фаронсаю Испания бо баҳонаи дифои воизони насронӣ ба бандари Дананг даромада хостанд, ки пойтахти империя – шаҳри Хюсро забт кунанд. Императори Ветнам ба муқобили истилогарон зиёда аз 4000 нафар аскарони яккачини худро фиристод. Вале дар ин ҷо дар байни тарафҳо задухӯрд ба амал наомад. Фармондеҳи фаронсавиҳо эскадраи киштиҳои худро ба поёноби дарси Меконг равон кард. Дар ин ҷо сипоҳиёни Фаронса шаҳри Сайгонро ишғол карда, худашон дар муҳосира монданд.

Дар шароити мушкил сипоҳиёни Ветнам тавонистанд, ки муборизаи муташаккилонаро бар зидди истилогарони Фаронса ташкил кунанд. Дар Дананг зуд якчанд истеҳком сохта шуданд. Сарфармондеҳи артиш дар Куангиам Нгуен Чи Фионги ботаҷриба таъйин карда шуд.

vetnam

Моҳи марти соли 1860 сипоҳиёни Фаронса шикасти худро эътироф карда, Данангро тарк карданд. Қувваҳои асосии фаронса ба Чин равон карда шуданд, чунки ин вақт Фаронса бо ҳамроҳии Англия бар зидди ин давлат меҷангиданд. Баъди ғалаба бар Чин ва бо он бастани созишномаҳои нобаробар Фаронса қувваҳои асосии худро аз нав бар зидди Ветнам равон кард. Моҳи феврали соли 1861 амалиёти ҷангии артиши Фаронса бар зидди Ветнам аз нав оғоз ёфта, то моҳи марти соли 1862 он се музофоти Ветнами Ҷанубӣ – Зя-Дин, Динътионг (Митхо) ва Бенхоаро ишғол намуд.

Сарбозони ветнамӣ алайҳи фаронсавиҳо муқобилияти сахт нишон дода, ба душман талафоти калон медоданд. Вале оқибат лашкари Фаронса ба сипоҳиёни Ветнам шикаст доданд ва 5 июни соли 1862 дар Сайгон байни онҳо созишномаи сулҳ ба имзо расид. Мувофиқи ин созишнома Фаронса музофотҳои ҷанубии Зя-Дин, Дин-Туонг, Биеи-Хоа ва ҷазираҳои Кандаоро ба даст даровард. Ветнам ба Фаронса 20 млн франк товони ҷанг дод, тоҷирони Фаронса ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар бандарҳои Дананг, Балак, Куангин ва соҳили Меконг – то сарҳади Камбоҷа молҳои худро фурӯшанд.

Ҳиндучин барои Фаронса аҳамияти калони стратегӣ дошт. Он дар мубориза барои ишғоли ҷануби Чин такягоҳи боэътимод шуда метавонист. Барои ҳамин он дар назди худ вазифа гузошт, ки Камбоҷаро низ забт кунад. Соли 1863 флоти бо тиру туп хуб мусаллаҳбудаи Фаронса ба хоки Камбоҷа хуҷум кард. Шоҳи Камбоҷа аз тарс бе муқобилият тобеияти давлати худро ба Фаронса эълон кард. Ба мустамликаи Фаронса табдил ёфтани Ветнами Ҷанубӣ соли 1867 сурат гирифт. Ин вақт фаронсавиҳо бо баҳонаи пахш карданн нуқтаҳои муқовимат сипоҳиёни худро ба се музофоти боқимондан Ҷануб – Вин-Лонг, Ан-Зянг ва Ха-Тиен дохил карданд, ки ин иқдом рӯи рост вайрон карда шудани созишномаи соли 1862 буд.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …