Главная / Гуногун / Чануби Ветнамро ишгол кардани Фаронса

Чануби Ветнамро ишгол кардани Фаронса

Мохи августи соли 1858 эскадраи киштихои Фаронсаю Испания бо бахонаи дифои воизони насрони ба бандари Дананг даромада хостанд, ки пойтахти империя – шахри Хюсро забт кунанд. Императори Ветнам ба мукобили истилогарон зиёда аз 4000 нафар аскарони яккачини худро фиристод. Вале дар ин чо дар байни тарафхо задухурд ба амал наомад. Фармондехи фаронсавихо эскадраи киштихои худро ба поёноби дарси Меконг равон кард. Дар ин чо сипохиёни Фаронса шахри Сайгонро ишгол карда, худашон дар мухосира монданд.

Дар шароити мушкил сипохиёни Ветнам тавонистанд, ки муборизаи муташаккилонаро бар зидди истилогарони Фаронса ташкил кунанд. Дар Дананг зуд якчанд истехком сохта шуданд. Сарфармондехи артиш дар Куангиам Нгуен Чи Фионги ботачриба таъйин карда шуд.

vetnam

Мохи марти соли 1860 сипохиёни Фаронса шикасти худро эътироф карда, Данангро тарк карданд. Куввахои асосии фаронса ба Чин равон карда шуданд, чунки ин вакт Фаронса бо хамрохии Англия бар зидди ин давлат мечангиданд. Баъди галаба бар Чин ва бо он бастани созишномахои нобаробар Фаронса куввахои асосии худро аз нав бар зидди Ветнам равон кард. Мохи феврали соли 1861 амалиёти чангии артиши Фаронса бар зидди Ветнам аз нав огоз ёфта, то мохи марти соли 1862 он се музофоти Ветнами Чануби – Зя-Дин, Динътионг (Митхо) ва Бенхоаро ишгол намуд.

Сарбозони ветнами алайхи фаронсавихо мукобилияти сахт нишон дода, ба душман талафоти калон медоданд. Вале окибат лашкари Фаронса ба сипохиёни Ветнам шикаст доданд ва 5 июни соли 1862 дар Сайгон байни онхо созишномаи сулх ба имзо расид. Мувофики ин созишнома Фаронса музофотхои чанубии Зя-Дин, Дин-Туонг, Биеи-Хоа ва чазирахои Кандаоро ба даст даровард. Ветнам ба Фаронса 20 млн франк товони чанг дод, точирони Фаронса хукук пайдо карданд, ки дар бандархои Дананг, Балак, Куангин ва сохили Меконг – то сархади Камбоча молхои худро фурушанд.

Хиндучин барои Фаронса ахамияти калони стратеги дошт. Он дар мубориза барои ишголи чануби Чин такягохи боэътимод шуда метавонист. Барои хамин он дар назди худ вазифа гузошт, ки Камбочаро низ забт кунад. Соли 1863 флоти бо тиру туп хуб мусаллахбудаи Фаронса ба хоки Камбоча хучум кард. Шохи Камбоча аз тарс бе мукобилият тобеияти давлати худро ба Фаронса эълон кард. Ба мустамликаи Фаронса табдил ёфтани Ветнами Чануби соли 1867 сурат гирифт. Ин вакт фаронсавихо бо бахонаи пахш карданн нуктахои муковимат сипохиёни худро ба се музофоти бокимондан Чануб – Вин-Лонг, Ан-Зянг ва Ха-Тиен дохил карданд, ки ин икдом руи рост вайрон карда шудани созишномаи соли 1862 буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …