Главная / Илм / АНГУРГуРА

АНГУРГуРА

angurgura-310x205АНГУРГуРА, самари хоми ангур, ки таъми турш дорад; ангури норасида. А. дар тибби халки фаровон истифода мешавад. Бино ба акидаи табибони мардуми хурдани А. чушиши зардаро мегардонад, балгами дар меъда пайдошударо меканад, чигарро кувват медихад, ташнагиро шикаста ба чисм неру мебахшад. А.-и хушкро куфта банданд, буи араки баданро рафъ месозад, намегузорад, ки араки нохуш аз бадан берун ояд. Хурдани А. ба кувваи бох зарар мерасонад, дар шикам бод пайдо мекунад, рудахоро ба дард меоварад. Оби А.-ро дар офтоб хушконда (усора) сипас онро истеъмол намоянд, барои дарди гулу, варами халк, пухтани дахон, хуни бани ва кай кардан нафъ дорад. Усораи А.-ро соида чун сурма ба чашм кашанд, обравии чашмро нест мекунад, агар бо он хукна кунанд, захми рудахоро бархам медихад. Оби А. ва асалро омехта (таносуби 3/1) 3 – 4 руз дар офтоб гузоранд, ба чуш меояд. Онро полонда ба шиша мегиранд ва дар офтобруя мегузоранд, то бирасад. Ошомидани чунин шароб исхолро мебандад, меъдаро кави мегардонад, рутубати бачадонро хушк мекунад, ба бадхазми фоида мебахшад.
Ад.: Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …