Главная / Гуногун / Ҷанги ИМА ва Филиппини солҳои 1899-1901

Ҷанги ИМА ва Филиппини солҳои 1899-1901

Ба халқи Филиппин муяссар нашуд, ки маҳсули истиқлолияти ватани худро чашад. 10 декабри соли 1898 дар шаҳри Париж дар байии ИМА ва Испания Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Мувофиқи он Испания Филиппинро ба империализми ИМА во гузошт. Ҳамин тариқ, тақдири халқи Филиппин бе ширкати он ҳал карда шуд. Моҳи феврали соли 1899 ИМА бар зидди Филиппин амалиёти ҳарбиро оғоз кард. Бо ҳамин ҷанги ИМА ва Филиппин cap шуд. ИМА то моҳи ноябри соли 1899 муқовимати муташаккили артиши Филиппинро барҳам дод. Баҳори соли 1901 Агиналдо, ки аз тарафи америкоиҳо асир шрифта шуда буд, бори дуюм ба инқилоб хиёнат кард. Ӯ ба филиппиниҳо муроҷиат кард, ки муқобилиятро алайҳи ИМА қатъ кунанд.

jangi-ima-filippin

Доираҳои ҳукмронӣ ИМА нағз мефаҳмиданд, ки онҳо наметавонанд Филиппинро мисли испаниҳо идора кунанд. Барои ҳамин ба роҳбарияти буржуазию помешикии ҷазираҳои Филиппин гузашт карданд. Соли 1902 дар ИМА барои муайян намудани мақоми мустамликавии Филиппин қонуне қабул карда шуд. Мувофиқи қонун намояндагони халқи маҳаллӣ ба идораи Филиппин роҳ дода шуданд. Ассамблеяи интихобии Филиппин ташкил гардид. Он гӯё палатаи поёнии парламенти Филиппин буд. Аъзоёни палатаи болоӣ аз тарафи маъмурияти мустамликавии ИМА таъйин мегардиданд. Ин палата “Комиссиям Филиппин” ном дошт. Ҳокимияти иҷроия дар дасти генерал-губернатори америҳои буд. Ӯ ҳуқуқи “вето”, яъне “рад мекунам”-ро дошт.

Соли 1907 ба Ассамблеяи Филиппин интихоботи нахустин доир гардид. Дар он Ҳизби Миллӣ, ки навташкил буд, ғалаба кард. Ин ҳизб эълон дошт, ки истиқлолияти давлатии Филиппин тавассути муборизаи осоиштаи парламентӣ ба даст дароварда мешавад.

Ҳамин тариқ, Филиппин аз зери зулми Испания озод шуда, ба манбаи ашёи хом ва бозори фурӯши молҳои саноатии ИМА табдил ёфт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …