Главная / Гуногун / Ҷангҳо байни давлатҳои феодалӣ ва харобии хоҷагӣ (ибтидои асри XIX)

Ҷангҳо байни давлатҳои феодалӣ ва харобии хоҷагӣ (ибтидои асри XIX)

Дар ибтидои асри XIX барои соҳиб шудан ба шаҳрҳои Тошканд, Ҷиззах ва баъзе дигар мулкҳои хурди кӯҳистон амири Бухоро ва хони Хуқанд муборизаи хунин мебурданд. Ин мубориза гоҳ ба нафъи як тараф ва гоҳ ба нафъи тарафи дигар анҷом меёфт. Барои Ӯротеппа мубориза зиёда аз ним аср давом кард. Сабаб он буд, ки ин шаҳр аҳамияти калони стратегӣ дошт. Хатҳои иртиботии бо ҳам алоқамандкунандаи ду давлат аз ҳамин мулк мегузаштанд. Сабаби дигари мубориза барои Ӯротеппа ба иқтисодиёт вобастагӣ дошт. Ин вилояти сернуфуз барои хазина даромади бисёр дода метавонист, зеро он «анбори ғалла» буд. Аз ин ҷо миқдори зиёди ғалла ба деҳаҳои саргаҳи Зарафшон, Самарқанду мулкҳои дигар содир мегардид.

Бист соли аввали асри XIX мубориза барои ба даст даровардани Ӯротеппа ва Хуҷанд ба ҳеҷ тарафи ҷангкунанда нафъ наовард. Амири Бухоро Ҳайдар ва хони Хуқанд Умархон маҷбур шуданд, ки амалиёти ҷангро қатъ гардонида, байни худ «сулҳи абадӣ» имзо кунанд. Онҳо ба ворисони худ васият карданд, ки сулҳи мазкурро «муқаддас ва вайроннашаванда» донанд.

buxoro

Бо ҳамин давраи аввали мубориза барои Хуҷанду Ӯротеппа ба охир расид. Дар ин муддат хонии Хуқанд пурқувват гардид. Зеро ошубҳои халқии соли 1810 ва солҳои 1821-1825 аморати Бухороро заиф гардонида буданд. Мардуми он гуруснагиро аз cap мегузаронид.

Бухоро аз пурқувват гаштани хонии Хуқанд зери завф монда буд. Хони нави ба тахт нишастаи Хуқанд – Муҳаммадалихон (1822-1842) аз мушкилиҳои дар аморати Бухоро руйдода хост истифода намояд.

Ӯ ва амири Бухоро Насрулло (1826-1860) «сулҳи абадӣ»- ро вайрон намуда, муборизаро барои Хуҷанду Ӯротеппа ва дигар мулкҳо аз нав cap карданд. Ин мубориза дар ибтидо ба Бухоро натиҷаҳои дилхоҳ надод. Нокомиҳои ҳарбӣ ҳар ду тарафро водор намуд, ки сулҳи нав имзо кунанд. Ин созишнома аз соли 1830 то соли 1840 нисбатан риоя мешуд. Дар ин солҳо Хуҷанд ва Ӯротеппа зери тобеияти хони Хуқанд буданд.

Аз соли 1840 давраи дуюми мубориза барои ин ду шаҳр cap шуда, амири Бухоро дастболо гардид. Сабаб он буд, ки дар натиҷаи чораҷӯиҳои амир Насрулло қаламрави ӯ нисбатан пурзур гардид ва қувваи ҳарбии Бухоро нисбат ба Хуқанд афзалият пайдо кард.

Амир Насрулло иқдом кард, ки хонии Хуқандро зери тасарруфи худ дарорад. Барои иҷрои ин мақсад фосиқӣ ва ишратпарасии Муҳаммадалихон баҳона шуд. Соли 1841 амир лашкар кашида, то наздикии Конибодом расид. Хони Хуқанд мадори муқовимат надошт. Ӯ ба назди амир элчиёни худро равон карда, ваъда кард, ки яксола хироҷи мулки худро ба ӯ медиҳад, инчунин шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд ба итоати Бухоро мегузаранд ва ҳоказо.

Амир Насрулло қаноатмандӣ ҳосил кард. Дар Хуҷанд Султон Маҳмудро ҳоким гузошта, худ ба Ӯротеппа баргашт. Дар ин мулк аз тарафи амир Бердиёр ишикоғобошӣ ҳоким таъин шуд. Аз амалиётҳои худ амир фориғ гашта, ба пойтахташ Бухоро баргашт.

Дере нагузашта, бо миёнравии модари худ Нодира бо Муҳаммадалихон муяссар гашт, ки ба бародараш Султон Маҳмуд забон як карда, Хуҷандро аз нав ба итоати худ дарорад. Ин навъ ҷараёни кор ба нафси амир Насрулло расид.

Соли 1842 ӯ бо лашкари якҷояи Ӯротеппа бо сардории ҳокими ӯ Бердиёр ишикоғобошӣ, лашкари Мастчоҳ бо сардории беки он Ботурхоҷа, лашкари Ҳисор бо сардории Суфибий девонбегӣ, лашкари Самарқанд бо сардории Иброхимбийи манғит, лашкари Урғут бо сардории Одил додхоҳ ва лашкари дигар мулкҳо ба сӯи Хуқанд ҳамла овард. Ба ин қувваи анбуҳ муяссар гашт, ки пойтахти хонӣ – шаҳри Хуқандро забт кунанд.

Амир Насрулло барои идора кардани хонии Хуқанд одами худро таъин намуда, ба Бухоро баргашт. Дар ин ҷо ӯ беки Мастчоҳ Ботурхоҷаро низ қатл кард.

Торумори хонии Хуқанд, бераҳмиҳои сарбозони Бухоро ва сарлашкарони онҳо дар ин қаламрав, боиси шӯриши пурзуре шуд ва дар натиҷа ҳокимияти амири Бухоро дар ин мулк сарнагун гардид.

Баъди воқеаҳои пурошуби соли 1842 Исфара, Конибодом ва Хуҷанд зери тасарруфи хонии Хуқанд ва Ӯротеппа зери ҳокимияти Бухоро монданд.

Аз воқеаҳои ҷараёнёфта маълум мешавад, ки низоъҳои байниҳамдигарии хонҳо тақдири мардуми зери дасти онҳоро ҳал мекард. Сабаби ҷангҳои байниҳамдигарии онҳо дар он буд, ки амиру хонҳо мехостанд қаламрави худро васеътар ва хазинаашонро бойтар гардонанд.

Хулласи калом, дар нимаи аввали асри XIX муборизаи хунини аморати Бухоро бо хони Хуқанд барои соҳиб шудан ба ноҳияҳои шимолии Точикистони имрӯза тезутунд гашта буд. Танҳо барои ба даст даровардани Ӯротеппа онҳо зиёда аз чиҳил маротиба ба ин шаҳр лашкар кашиданд. Дар ин муддат сӣ маротиба ҳоким иваз шуд. Аз ҷумла Исобек ду маротиба, Рустамбек се маротиба ва Абдулғаффорбек чор маротиба ҳокимият ронданд.

Дар байни аморати Бухоро ва Шаҳрисабз низ муттасил ҷанг ва задухурдҳо ба амал меомаданд. Соли 1856, пас аз 32 бор ҳуҷум овардан, ба амир Насрулло муяссар шуд, ки Шаҳрисабзро ба худ тобеъ намояд. Вале ин ғалабаи муваққатӣ буд.

Хонҳои Хева зуд-зуд ба ҳудуди Бухоро ҳамла карда, ба талаву тороҷ даст мезаданд. Амир Насрулло тамоми лашкари Бухоро, Ҳисор ва мулкҳои дигарро фароҳам оварда, соли 1834 ба сӯи Хева лашкар кашид. Ҳарчанд ин мулкро тобеи худ нагардонда бошад ҳам, ба амир муяссар мешавад, ки қаламрави худро якчанд муддат аз ҳуҷуми Хева амон диҳад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …