Главная / Гуногун / Чангхо байни давлатхои феодали ва харобии хочаги (ибтидои асри XIX)

Чангхо байни давлатхои феодали ва харобии хочаги (ибтидои асри XIX)

Дар ибтидои асри XIX барои сохиб шудан ба шахрхои Тошканд, Чиззах ва баъзе дигар мулкхои хурди кухистон амири Бухоро ва хони Хуканд муборизаи хунин мебурданд. Ин мубориза гох ба нафъи як тараф ва гох ба нафъи тарафи дигар анчом меёфт. Барои Уротеппа мубориза зиёда аз ним аср давом кард. Сабаб он буд, ки ин шахр ахамияти калони стратеги дошт. Хатхои иртиботии бо хам алокамандкунандаи ду давлат аз хамин мулк мегузаштанд. Сабаби дигари мубориза барои Уротеппа ба иктисодиёт вобастаги дошт. Ин вилояти сернуфуз барои хазина даромади бисёр дода метавонист, зеро он «анбори галла» буд. Аз ин чо микдори зиёди галла ба дехахои саргахи Зарафшон, Самарканду мулкхои дигар содир мегардид.

Бист соли аввали асри XIX мубориза барои ба даст даровардани Уротеппа ва Хучанд ба хеч тарафи чангкунанда нафъ наовард. Амири Бухоро Хайдар ва хони Хуканд Умархон мачбур шуданд, ки амалиёти чангро катъ гардонида, байни худ «сулхи абади» имзо кунанд. Онхо ба ворисони худ васият карданд, ки сулхи мазкурро «мукаддас ва вайроннашаванда» донанд.

buxoro

Бо хамин давраи аввали мубориза барои Хучанду Уротеппа ба охир расид. Дар ин муддат хонии Хуканд пуркувват гардид. Зеро ошубхои халкии соли 1810 ва солхои 1821-1825 аморати Бухороро заиф гардонида буданд. Мардуми он гуруснагиро аз cap мегузаронид.

Бухоро аз пуркувват гаштани хонии Хуканд зери завф монда буд. Хони нави ба тахт нишастаи Хуканд – Мухаммадалихон (1822-1842) аз мушкилихои дар аморати Бухоро руйдода хост истифода намояд.

У ва амири Бухоро Насрулло (1826-1860) «сулхи абади»- ро вайрон намуда, муборизаро барои Хучанду Уротеппа ва дигар мулкхо аз нав cap карданд. Ин мубориза дар ибтидо ба Бухоро натичахои дилхох надод. Нокомихои харби хар ду тарафро водор намуд, ки сулхи нав имзо кунанд. Ин созишнома аз соли 1830 то соли 1840 нисбатан риоя мешуд. Дар ин солхо Хучанд ва Уротеппа зери тобеияти хони Хуканд буданд.

Аз соли 1840 давраи дуюми мубориза барои ин ду шахр cap шуда, амири Бухоро дастболо гардид. Сабаб он буд, ки дар натичаи чорачуихои амир Насрулло каламрави у нисбатан пурзур гардид ва кувваи харбии Бухоро нисбат ба Хуканд афзалият пайдо кард.

Амир Насрулло икдом кард, ки хонии Хукандро зери тасарруфи худ дарорад. Барои ичрои ин максад фосики ва ишратпарасии Мухаммадалихон бахона шуд. Соли 1841 амир лашкар кашида, то наздикии Конибодом расид. Хони Хуканд мадори муковимат надошт. У ба назди амир элчиёни худро равон карда, ваъда кард, ки яксола хирочи мулки худро ба у медихад, инчунин шахрхои Хучанду Тошканд ба итоати Бухоро мегузаранд ва хоказо.

Амир Насрулло каноатманди хосил кард. Дар Хучанд Султон Махмудро хоким гузошта, худ ба Уротеппа баргашт. Дар ин мулк аз тарафи амир Бердиёр ишикогобоши хоким таъин шуд. Аз амалиётхои худ амир фориг гашта, ба пойтахташ Бухоро баргашт.

Дере нагузашта, бо миёнравии модари худ Нодира бо Мухаммадалихон муяссар гашт, ки ба бародараш Султон Махмуд забон як карда, Хучандро аз нав ба итоати худ дарорад. Ин навъ чараёни кор ба нафси амир Насрулло расид.

Соли 1842 у бо лашкари якчояи Уротеппа бо сардории хокими у Бердиёр ишикогобоши, лашкари Мастчох бо сардории беки он Ботурхоча, лашкари Хисор бо сардории Суфибий девонбеги, лашкари Самарканд бо сардории Иброхимбийи мангит, лашкари Ургут бо сардории Одил додхох ва лашкари дигар мулкхо ба суи Хуканд хамла овард. Ба ин кувваи анбух муяссар гашт, ки пойтахти хони – шахри Хукандро забт кунанд.

Амир Насрулло барои идора кардани хонии Хуканд одами худро таъин намуда, ба Бухоро баргашт. Дар ин чо у беки Мастчох Ботурхочаро низ катл кард.

Торумори хонии Хуканд, берахмихои сарбозони Бухоро ва сарлашкарони онхо дар ин каламрав, боиси шуриши пурзуре шуд ва дар натича хокимияти амири Бухоро дар ин мулк сарнагун гардид.

Баъди вокеахои пурошуби соли 1842 Исфара, Конибодом ва Хучанд зери тасарруфи хонии Хуканд ва Уротеппа зери хокимияти Бухоро монданд.

Аз вокеахои чараёнёфта маълум мешавад, ки низоъхои байнихамдигарии хонхо такдири мардуми зери дасти онхоро хал мекард. Сабаби чангхои байнихамдигарии онхо дар он буд, ки амиру хонхо мехостанд каламрави худро васеътар ва хазинаашонро бойтар гардонанд.

Хулласи калом, дар нимаи аввали асри XIX муборизаи хунини аморати Бухоро бо хони Хуканд барои сохиб шудан ба нохияхои шимолии Точикистони имруза тезутунд гашта буд. Танхо барои ба даст даровардани Уротеппа онхо зиёда аз чихил маротиба ба ин шахр лашкар кашиданд. Дар ин муддат си маротиба хоким иваз шуд. Аз чумла Исобек ду маротиба, Рустамбек се маротиба ва Абдулгаффорбек чор маротиба хокимият ронданд.

Дар байни аморати Бухоро ва Шахрисабз низ муттасил чанг ва задухурдхо ба амал меомаданд. Соли 1856, пас аз 32 бор хучум овардан, ба амир Насрулло муяссар шуд, ки Шахрисабзро ба худ тобеъ намояд. Вале ин галабаи муваккати буд.

Хонхои Хева зуд-зуд ба худуди Бухоро хамла карда, ба талаву тороч даст мезаданд. Амир Насрулло тамоми лашкари Бухоро, Хисор ва мулкхои дигарро фарохам оварда, соли 1834 ба суи Хева лашкар кашид. Харчанд ин мулкро тобеи худ нагардонда бошад хам, ба амир муяссар мешавад, ки каламрави худро якчанд муддат аз хучуми Хева амон дихад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …