Главная / Илм / ҲАНАФИЯ АЗ ОҒОЗ НАДОРАД АЙБЕ…

ҲАНАФИЯ АЗ ОҒОЗ НАДОРАД АЙБЕ…

Як чиро бояд қайд кард, ки имрӯзҳо байни баъзе аз уламо ва аҳли фирқаҳои олами Ислом ва ба хусус байни баъзе аз ғофилин ақидае ҷой дорад, ки гӯё фирқа ё худ мазҳаби муҳаззаби ҳанафия тариқаест, ки ҳама ҷангҳои равонӣ, ки байни мазоҳибу ҷараёнҳои дини Ислом ҷой дорад, маҳз аз ӯ ва аз ҷониби тарафдорони ин мазҳаб сар задаанд, ки ин фикр саропо дурӯғ ва ғалат буда, аз нигоҳи динӣ ва диди мантиқӣ бе асос буда, андешаи ифротист, ки аз ҷониби аҳли ширку аҳли риёву аҳли фасод гуфта шудааст.

Зеро мазҳабе, ки онро Ҳазрати Имом Аъзам Абӯҳанифа /р/ асос гузоштааст, ягона фирқаест (яъне, ҳамон фирқае, ки қаблан Ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ ва баъдан Ҳазрати Расули гиромӣ Муҳаммади Мустафо /с/ ва асҳоби гиромии эшон бар он будаанд, ки бунёдаш ба адлу дод асос ёфтааст), ки бурҳони раднопазири он Қуръони Маҷид ва сарчашмаҳои суннӣ, яъне, аҳодиси набавӣ /с/ фиқҳи ҳанафия, осору афкор ва ҳаёти ибратбахшу боз ҳама он осори қудсии Ҳазрати Имом Аъзам /р/ ва осори шогирдону пайравонаш аст. Ва ин мазҳаби муҳаззаб сараввал такя ба таълимоти илоҳии Қуръони карим дораду ҳам такя ба суннат, яъне, ба аҳодиси набавии Ҳазрати Афзалуланбиёъ Расулуллоҳ-Муҳаммади Мустафо /с/ ва ақволи ҷамъи асҳоби он Ҳазрат (с). Оре, Қуръони Маҷид ва аҳодиси Расули акрам /с/ сарчашмаҳои асосии фиқҳии ҳанафиён мебошанд ва ин сарчашмаҳо, яке амрҳои Худованд ва дигаре аҳодиси Паямбар /с/ нерӯҳои пешбаранда ва дастӯроти роҳнамоеанд, барои пешвоёну мутобеъону пайравони мазҳаби ҳанафия ва ҳамчунин кулли он, осори безаволи фиқҳии дар заминаи ал-ъилм-ал калом ва ҳикмати калом нигоштаи Ҳаким Имоми Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон ибни Собит ибни Марзбон ибни Моҳ ибни Анӯшервон Сосон Ал-Форсӣ /р/…

Ҳар айбе, ки аз ҷониби баъзе аз намояндагони авому кӯрдилу ифротиву мушриктабъи қабойили ҳанафиямазҳаби турк, аҷамӣ ва ашхоси мутааллиқ ба мазоҳиби дигари Ислом сар задаву боиси дар азобу шиканҷаи сахту ваҳшиёна қарор гирифтани уламо ва шуъарову урафои шаҳири мо, аз қабили Мансури Ҳаллоҷ, Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ (Ҳакими тавҳидгаро), Ибни Сино (пири ҳакимони машриқзамин), Умари Хайём, Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ (ки дар Юмгондара ба сахтӣ, аз олам рафт)-Масъуди Саъди Салмон (ки азоби сангин кашид дар маҳбас), Адиб Собири Бухороии Тирмизӣ, ки соли 546 ҳ.қ- 1152 м, дар марзи Хоразм, аз тарафи хони атрокнажоди Хоразмшоҳӣ-Султон Отсизи Хоразмшоҳ, бо китобҳояш дар Омӯ ғарқ карда шуд), Бадриддини Ҳилолӣ, (ба дор кашида шуд гӯё ӯ шиъа бошад), Тӯғрали Аҳрорӣ (бо иғвои мушрикон ва кӯрдилон, бо дасти русе кушта шуд), Саъдулло Рабии Арақчинии Варзобӣ табибони ҳозиқи даврони мо Юсуфхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, устод Муҳаммад Осимӣ ва даҳҳо дигар гаштааст, на ба гуноҳи мазҳаби ҳанафия ва мазоҳиби дигари Ислом сар задааст, балки бо гуноҳи шахсони алоҳидаи пастфитрату тиҳимағзу хунхоре рух додааст, ки қабойи мазҳабиву ниқоби Ислом бар худ доштанду зери он ҷавлон мекарданд, ки аксари эшон намояндагони ҳукмрони ғазнавӣ, қарохонӣ, салҷуқӣ, темуриён, шайбониён, аштархониён, манғитҳо, ӯзбакхониҳо, лақай, барлос ва ғайраи қабойили даштиву тиҳимағз ва камхиради атрок ва гургмиҷозони ба иборае-«худӣ»-и мо буданд. Ва айнан ҳамчунин буд дар ҳафтод соли империяи аз Худо мункири Шӯравӣ, ки бо иғвои чанд бадгуҳари худӣ ва ғуломони зархарид, қисми зиёди шаҳрҳо ва марзҳои қудсии тоҷикон аз даст рафт ва бузургтарин уламову шуъаро ва кубарову фузалойи фарзонаи тоҷик (мисли Аллома Тӯғрали бедилбаён, Саъдулло Рабиӣ ва даҳҳо дигарон) дар ғарибӣ (яъне, дар сардистонҳои Сибиру Шарқи Дур, маҳбасҳо ва дар сари дору зери табару оташи тир во ҳасрато ҷон супурданд), ки натиҷаи кулли он гуноҳҳои пешиниёнро имрӯзиёни бечораву фақир дида истодаанд.-Яъне, сиёсати ҳукамойи шӯравӣ ин буд, ки мардумро ба гусфандҳо табдил дода буданд, яъне, аз ҷиҳати моддӣ бонӣ мекарданд, аммо аз маънавиёт ва дину дониш мардумро дур медоштанд… Ва агар ҳукумати Шӯравӣ мардумро «тройка»-«се шоҳид»-накардаву мардуми бечораро аз роҳи Худшиносиву хештаншиносӣ, дур намекарданд ва торҳои ногусастаҳои пайвандии инсон, бо асли худро нохун намезаданд, ва намеканданд, бе ҳеҷ муболиғае зиндагии мардум, ба ибораи худи мардум-метавон гуфт  як «коммунизм»-и афсонавие мебуд, вале афсӯс…

Бояд дарҷ кард, ки дар садаҳои қаблӣ ҳам мутаассифона чунин рафтори ғайриинсониву ғайридинӣ, аз ҷониби баъзе аз мутаассибини кӯрдили худӣ, яъне, форсиасл ва турк ва ҳам тозӣ сар зада, ки аксари эшон резахӯри хони сулолаҳои бо ном ҳукмрони туркӣ будаанд, ки теша ба решаи фарҳанги миллати хеш задаанд (аз қабили Аллома Замаҳшарии Хоразмӣ, ки худ тоҷики хоразмӣ буд, вале намехост, ки ҳатто дар оина симои худ, яъне, форсро бубинад, ки ин аз кӯрии дили ӯ буд (ва аз рӯҳи ин аллома суол дорам, ки гуноҳи тоҷику форс дар чист?!) ва даҳҳо дигарон).

…Пас гуноҳи эшонро, набояд, ки ба дӯши фирқаҳои Ислом ва мазҳаби «Чароғи уммат»-и Расули Худо /с/, яъне, ҳанафия бор кард. Ҳар гуноҳе, ки аз ҷониби шахси бо ном ва зоҳиран диндору зоҳиран мутааллиқ ба  мазҳабе сар задаву мезанад,  бояд худи  он  шахс хунхор ва мунофиқу гунаҳкор эълон карда шавад, на ин ки дину ойин ва фирқаву мазҳаб, ки мазҳаб ҳамоно худ, як мактаби аз хишти адли Илоҳӣ, ва бар пояи аҳодиси роҳнамо тармим шудааст ва на инки мактаби ҷангандоз. Ҳақ гуфта, Аллома Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ, ки:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост!

Вақти он аст, ки аҳли таҳқиқ, ба дини мубини Ислом ва равияҳову мазоҳиби он баҳои одилона, олимона, ва орифона бидиҳанд. Барои он, ки ҳама он ҷангҳои равонӣ -психолужӣ- ва ғайриравонӣ ва ҳатто аҳёнан низомиву ҳарбие, ки имрӯзҳо ба самъ мерасанду ба чашм мехӯранд, дар олами Ислом, ин ҳама аз рӯйи умматонаву мӯъминона ва басо мӯшикофонаву фақеҳона наомӯхтану надонистани воқеа ва одилона хулоса набаровардану бо муросову мадоро назистани худи мову шумост. Мо ҳама алҳамдулиллоҳ мусалмонем, аммо на ҳар яки мо мӯъминем. Эй кош ҳама мӯъмин мебудем ва ғуломи хориҷиҳо намешудем.

…Худованди мутаъол Қуръони Маҷид, яъне, Исломи барҳақ, беҳпаёбар ва ҷовидонпаёмбару охирпаёмбар ва бузургмуаллими башар, яъне, афзалул анбиёи вал мурсалин Ҳазрати Муҳаммади Мустафо /с/ хулафойи барҳақ-Абӯбакр, Умар, Усмону Ҳайдар (Алӣ) разиаллоҳу анҳумро ва кулли асҳоби кирому азизу авлиёъ/ инҷо, ки сухан аз боби чаҳор ёри босафову асҳоби киром разиаллоҳу анҳум ва номи мубораки эшон рафт, як нуктаро бояд таъкид намуд, ки то ҳақ ба ҳақдор бошад. Фирқаҳои залолат (мисли имрӯзиҳо) зиёд мекушанд, ки бо он дониши нисбӣ, ки доранд ва ба ибораи Шайхурраис Абӯ Алӣ Ибни Сино:

Бо ин ду се нодон, ки чунон медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои замон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харӣ,

Ҳар, к-ӯ на харасту кофираш медонанд.

Зиёд мекӯшанд, ки нисбати бузургони олами Ислом, билохоса, дар бораи хулафойи рошиддин, яъне, барҳақ ва асҳоби киром суханҳои носазову тӯҳматҳои бебунёди тафриқаандозонаи хешро пеш оранд. Аҳли ҷоҳу залолат ва фирқаҳои ғӯтаваргашта, дар дарёи разолат, худ ғофиланд, ки ҳама фирқаҳои ботиланд ва корашон ба ҷуз чун иблиси лаъин «озодандешист»-у далоили ақлии бебунёди хешро баён доштан, дигар чизе нест, яъне, на тобу тавони сухани ҳақро доранду на қудрату тавони ба роҳи рост рафтан.

Душманони Худо ба хотири тафриқа андохтан байни мусалмонон, дар Муҳаббат нисбат ба беҳтарин дӯстони Паёмбар /с/ фарқ гузоштаанд. Оё Расулуллоҳ /с/ бо ёрони бад менишаст?! Наъузубиллоҳ! Ҳеҷ гоҳ, пири шариъат Расулуллоҳ /с/ мебошанд ва пирони тариқат бошанд, чаҳор ёрони босафо /р/ маҳсуб мешаванд. Чунин амали тиҳимағзона шаръан ҳаром ва норавост ва ин зумра ашхоси гумроҳ баяқин душманони Худо ва хасмони Расул /с/-и Ӯ ҷалла ҷалолаҳу мебошанд.

Чуноне, ки хабар дорем, баъзеҳо Ҳазрати Алӣ /р/-ро мазлум ва хеши дигари Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам, яъне, аввалин амиралмӯъминин (зеро, ӯ аввалин касе аст, ки ба ин мақом сазовор гардид) Ҳазрати Умар, кунияташ Абӯҳаниф ва ё лақабаш Форуқ (хешии Ҳазрати Умар бо Ҳазрати Паёмбари гиромӣ салъам, дар насаб аст, яъне, аз тарафи бобои ҳафтумаш Каъб ибни Луӣ, бо Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам аст)-ро золим мегӯянд, ки эшон бо чунин ҳукми ноодилона, худ золиманд. Кӣ хубтар аз Ҳазрати Алӣ /р/ Ҳазрати Умар /р/-ро мешинохт?! Агар, дар вуҷуди ӯ заррае инҳироф ва ё ноодилӣ дида мешуд, ҳаргиз мисли Умар /р/ буданро орзу намекард ва духтари худро ба вай, ба занӣ намедод ва дигар ин, ки ин ҳарду бузурги Ислом, бо ҳам аз ҷониби авлоди бобои падарӣ хешанд ва дигар ин ки ин ду бузург пирони тариқат ҳастанду аҳли хосулхос, на ин ки авоми тиҳимағз. Дар байни мардони ҳақ ҳеҷ гоҳ тафриқа вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт.

Хулоса, ақидаи мо нисбат ба асҳоби кирому басо гиромӣ /р/ ин аст, ки бидуни тафовут тамоми эшонро дӯст медорем ва аз рӯи қавли пирамон Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ ва шогирдонаш, ки бузургтарин аимаи Ислом эшонанд, амал мекунем ва бад дидани яке аз ононро залолат медонем. Беҳтарин башар -инсоният- баъди Ҳазрати Пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо /с/, ба ҳукми Худованд инҳоянд, яъне, Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ /р/, баъдуҳу Ҳазрати Умар Ал-Форуқ /р/, баъди ӯ Ҳазрати Усмон Ибни Аффон /р/ ва баъди вай Ҳазрати Алӣ (ъ-м)-ро мегӯему медонем ва хоҳанд донист, он касоне, ки роҳи ҳақро интихоб кардаанд.

Он худобехабароне, ки «бебокона» ҷуръат карда, дар шаъни ёрони Ҳазрати Муҳаммад /с/ забондарозӣ мекунанд, мегӯем: Агар се ҳазор валӣ ва ҳафтсадҳазор имомону машоихро якҷо карда шаванд, баробари пасттарин саҳоба, дар қадру манзалат нахоҳанд шуд! Чӣ ҷои ашхоси хабису дунёпараст, ки динро василаи ҳаёт сохта, дониста ва ё надониста, ба дӯстону ёрони ҷонии Ҳазрати Муҳаммад /с/ бадгӯй мекунанд.

Қасам ба Худо! Дӯсти Муҳаммад /с/ ва уммати солеҳу пайрави воқеъии Ӯ (с) ва пайрави Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)  касест, ки ҳама дӯстон ва ба иборае шогирдони Расулуллоҳ (с)-ро дӯст дорад ва душмани Муҳаммади Мустафо /с/ касест, ки дӯсташро бад бинад ва нисбат ба эшон кина ва адоват дошта бошад. Аҳли салафро (яъне, асҳоби киром) набояд дашном дод!

Ҳар он воқеаҳои номатлубе, ки байни асҳоби киром воқеъ гардидааст, тибқи муқаддароти азалӣ буда, барои ҳар мусалмон дарси ибратанд, ки аз он бояд панд бигирем. На ин, ки гурӯҳеро ҳақ гуфта ва гурӯҳи дигареро айбдор бигирем якеро мусалмон ва дигареро кофир гӯем ва дар муқобили ҳамдигар сангар гирифта, майдони нифоқу шиқоқро гарм ва домани тафриқа ва адоватро васеътар бисозем. Чунин рафтор ба ҷуз ҳалокат, барбодӣ, ғуломӣ ва бадбахтӣ, самараи дигаре нахоҳад дошт. Ба хотири хубтар шинохтани ёрони Расулуллоҳ /с/ зиёдтар бояд омӯхт, то ҳақиқати ҳол ба мо мушарраф гардад, (валлоҳу аълам биссавоб) ва уламову шуъаройи асил ва фуқаҳойи кабирро фиристодаву зуҳӯр кардаву ба дунё оварда, ки нигоҳ дошта шавад муслимин ва кулли башарият аз шаррият ва шӯрият, аммо умматони имрӯза, дар ақсойи олам бо «кӯмаки бародарон»-и худ теша ба решаи аслу пайванди хеш мезананд, ки мезананд (мисли доночаҳо ва муллочаҳои зархариди навбаромад).

…Бинобар ин, аз ин ҷангҳои низомӣ, равонӣ ва ғайриравонии байниҳамдигарии аҳли мазоҳибу ҷараёнҳои имрӯзаи Ислом ягон чизи некро мунтазир будан амри муҳол аст, ки яъне, оқибаташ ба ҷуз заволи давлату мубталойи бардагӣ, дигар чизе нест (яъне, шиками чаламулло, ки сер шуд, аз нони халқ боз кораш найрангбозиву «мавлудхонӣ»-ро бидъат шуморидану тафриқаандозӣ, яъне то дирӯз «мавлудхонӣ» дуруст буд, аммо бо «фатво»-и эшон нодуруст). Бузургтарин дин ва беҳтарин мактаби тарбиятдиҳанда ва башардӯсту инсонпарвар ва  адолатхоҳ ин дини мубину ҷовидонии Ислом (ва мазоҳиби ҳақ) аст. Мерасад рӯзе, ки кулли башарият, аз кардаи худ пушаймон, баҳри наҷоти хеш (аз ғарқшавӣ ба дарёи нафс, яъне, шикампуркунӣ, рибоъхӯрӣ, риёкорӣ, фитнаангезӣ ва шаҳватпарастии разилона) рӯй меоранд ба Исломи барҳақ-ойини баргузидаи Худованди мутаъол.

 Моро зарур аст, ки ҷомеаи олӣ (аз рӯи фалсафаи неки ориёиву имони поки исломии хеш) ва мутараққӣ барпо созем, ки бунёдаш адлу дод бошаду офтобаш нури маърифат, ки намунаи аҳли башар бошад (ва шукр алҳамдуллилоҳ, ки бо инояти Худо ва ақлу заковати худододи президентамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон остони сулҳу сафои ҷаҳон эълон шудааст). Вақти тармим аст ва кулли муслиминро зарур аст, ки таҳтушшуъойи фалсафаи башардӯстона ва инсонгароёнаи Ислом ва таҳтуддирафши Ислом ва мазҳаби муҳаззабаш-мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа (р)ба тармими ҷомеъаи башар, эҳё ва ободии ҷомеъа ва осоиштагии мардум бипардозем, ки вақти мадад аст, яъне, бо одоб, ақл ва дониш ва ҳунар, даст ба ободӣ бояд бурд. Зеро башарият ба тамом бандаи нафс шуда аст (ва башарро маҳз Ислом наҷотбахш аст) ва дур нест, он рӯзгор, ки одамиро ҷаҳлу ҷоҳилияти худаш ва яроқу аслиҳаи сохтаи худаш, ӯро ба коми нестӣ хоҳад бурд. Аз рафтору кирдори инсонияти ба чоҳи залолат фурӯрафтаи асри XX модар-Замин, табиати зебову афсунгар ва кулли мавҷудоту махлуқоти замин, ба дод омадаанд ва дарёҳои мусаффо хушк ва  ғализ шуда, ба иборае ба фарёд омада, ки яъне, Инсон лонаи худро оташ мезанад! Яъне, вақти он аст, ки бо дониш ва ақлу ройи хуби хеш, ба ибораи лисонулғайб Ҳофиз: «Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозвм». Вагарна (агар ҷоиз бошад, бо ин байтгӯнаи банда):

Ҷанги ҳафтоду ду мазҳаб оқибат,

Тешае бар решаи худ мезанад.

Ва хулосаи калому поёнбахши фарозмониҳои мавзӯъ ин аст (агар ҷойиз бошад, бо байтгунаи банда мегӯем), ки:

Ҳанафия аз оғоз надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар тиҳимағзии мост.

Ва бинобар ҳамин танҳо ва танҳо баҳри бақои инсоният ҷовидонагии ҳақиқат ва пойдории адолат, дар байни башарият ва эҳтироми шариъат, дурӣ аз ширку шаррият ва қатлу ғорат (ҷоиз бошад бо ин байтгунаҳои банда бигӯем) ки:

Ҳазрати Нӯъмон он форсинажод,

Кард тармим мактабе аз хишти дод.

То ки ёбанд роҳи ҳақро умматон,

«Фиқҳи акбар»-ро ба мо бахшиду дод!

Дар таърихи башарият ва таърихи фарҳанги тамаддуни исломӣ ва ба хусус дар интишори адли Илоҳӣ, одаму одамгарӣ, дар байни бани башарият ва тариқати имомат, Ҳазрати Имоми Аъзам /р/, ҳамчун чароғи роҳнамои умматони Расулуллоҳ /с/ шахсияти нотакрор ва фарзонаи замон буд ва хоҳад монд, то ҷовидон:

Шамъи уммат муаййиди Ислом,

Бӯҳанифа Имоми хосу ом.

…Ҳар ки ӯ толиби латифа бувад.

Муқтадояш Абӯҳанифа бувад.

Ӯ дар Ислом сӯфию софӣ,

   Дар шариат вафию ҳам вофӣ.

66,41-45. Ё худ, Шайх Аттори Валӣ раҳматуллоҳу алайҳ мефармоянд:

Бӯҳанифа бувад Имоми босафо,

Он сироҷи умматони Мустафо.

Бод фазли Ҳақ қарини ҷони ӯ,

Шод бод арвоҳи шогирдони ӯ.

Бишнав аз ман, баёни мазҳаби ӯ,

3-он, ки софтар аст машраби ӯ. 66, 46.

Оре, Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ нахустин фақеҳест, ки илми фиқҳро (яъне, илми дин, ақоиди исломӣ – дар партави Қуръон ва суннат, илми қавонин ва аҳкоми шаръӣ, адли Илоҳӣ, илми масъала ё ин ки илми ҳалли ҳикматҳои Қуръон, аҳодиси набавӣ ва иҷмоъ) асос гузошт. Ва ӯ бузургфақеҳи аҳли суннату ҷамоат, (баъди Ҳазрати «Паёмбар /с/ ва ёронаш /р/ ва асҳоби Киром (р)) ва нахустолими соҳибкитоби илми шаръиату тариқат ва ҳикмати калом аст, ки роҳи соф, аз Қуръону-Ҳадис ва иҷмоъи уммат, яъне, аз ҷамъи саҳобагони Расул /с/ ва шогирдону кубарои хешро бар мӯъминон бикшод, ки ҳикмати ин мактабаш бо номи «Роҳи Имоми Аъзам» 1310 сол ин ҷониб байни мӯъмином шӯҳрат дорад. Хулоса, Имоми Аъзам /р/ аз оғози фаъолияти хеш то охири умр аз рӯи чаҳор санади раднопазир, яъне, «Қуръон», «Ҳадис»-и Паёмбар /с/, «Иҷмоъ»-и уммат ва ҳикмати баёнкардаи устодону фалсафаи мактаби худ ва андешаҳои худ амал кардааст. Ба ин хотир, аз ҳама мазҳаби софтар ва адолатпарвар, дар Ислом-равиши Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне, мазҳаби Имоми Аъзам /р/ аст, яъне:

Инчунин аст мазҳаби Нӯъмон,

Ӯ ба тақво чу Бӯзару Салмон. 66, 92

Ва боиси фараҳмандисту шодмонист, ки дар рӯзи мубораки ҷашни 17-солагии Истиқлолияти кишварамон-Тоҷикистони азиз, аз минбари баланди ориёӣ, яъне тоҷикӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби олӣ-амиралмӯъминин ва пешвойи адолатхоҳону сулҳпарварони олами муосир Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ум «Соли байналмилалии бузургдошти 1310-солагии абулмиллат-Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)» эълон гардид. Зиҳӣ, эй шоҳаншоҳи озодихоҳ, ки дар ҳама кори нек фаросати Худодод дорӣ!!!

Моро иттиҳод мебояд, яъне, иттиҳоди воқеъан исломиву инсондӯсту демократӣ, бунёдгаро прогрессивӣ ва инсонгаро, ки битавонад ҷавобгӯи кулли мушкилоту ҳомии аҳли башарият бошад. Ба хусус дар ин айёме, ки қавме дӯсти Худо ва Паёмбари Худоро барғалат ва мушрикона худояш эълон кардаанд (наъузубиллоҳ).

Маҳалгароиву қавму қабилабозӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ, хоси Ислом нест, ва мӯъмин бояд, ки бародар ва дӯсти мӯъмин бошад. Ҳамсоягонро бо назари нек бояд дид. Ва барҳақ Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ таъкид ба мо карда, ки:

Қалби мо аз Ҳинду Руму Шом нест,

Марзу бӯми мо ба ҷуз   Ислом нест.

Аз як ойине мусалмон зиндааст.

Пайкари миллат зи Қуръон зиндааст…

«Ҳоло мазҳаби Имоми Аъзам /р/ дар Афғонистон, Тоҷикистон, кулли ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, Поволже, яъне, Тотористону Бошқирдистон; Қафқози Шимолӣ, Қазоқистон, Сӯриё, Покистон, Туркия, Ҳиндустон, Миср, Ироқ, як қисмати Эрон, Индонезиё, Бангладеш, Арабистони Саудӣ, як қисми Чин ва Анатолиё ва Балкан, яъне, Югославиё, Албаниё ва каме дар Булғориё, соҳилҳои Баҳри Сиёҳ ва ғайра, дар масоили динӣ ҳукмрон аст-49,272. Ва бояд қайд кард, ки имрӯз, аз ҳама паҳншудатарин ва чашмрастарин мазҳабе, ки ҷомеъасозаш метавон шуморид, ин мазҳаби Ҳанафист, яъне мазҳаби Имоми Аъзам зеро, ки адл, адолат ва эҳтироми башарият, шиор ва ормонҳои олии башарӣ, маромӣ ӯст, яъне «Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро». Яъне, ба гуфтаи шоир:

Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,

Кофиру мӯъмин ҳама халқи Худост…

«Шӯрои муфтиёти Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Тотористону Бошқирдистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Миср, Ироқ, Туркия, як қисми Чин ва ғайра дар фатвою қарорҳои хеш ба фиқҳи ҳанафӣ истинод меоваранд. Бояд қайд кард, ки имрӯз дар баъзе қисматҳои Индонезия, Ҳинд, Малайзиё, Югославиё, Булғория ва савоҳилҳои Баҳри Сиёҳ (Қрим) ҳам мусалмонони ҳанафимазҳаб иқомат доранд. 48, 114-115.

Хулоса, Мазҳаби ҳанафия роҳест, ки шиораш адл асту адолат, яъне, мусалмонони мазҳаби ҳанафия, ба пайравони ҳамаи динҳои осмонӣ ва кулли башар муносибати хуб доранд. Яҳудиҳо ва насрониҳо-масеҳиён-аҳли китоб ҳастанд ва ҳанафиён онҳоро низ эҳтиром мекунанд. Ва мусалмонони ҳанафимазҳаб ба китобҳои аз ҷониби Худованд ба онҳо фиристодашуда имон овардаанду доранд ва паёмбарони онҳоро-паёмбарони мотақадим- паёмбарони худ-медонанд. Ҳама анбиё аз тарафи Худо ҳастанд ва ҳанафиён ба ҳамаи он Расулон (ъ-с) имони комил доранд, зеро дар дини Ислом бе сабабе озор додани аҳли китоб ва ҳатто фарди бедин, ба ғайр аз ҳолати ҳарбӣ-ҷанг-ҳаром аст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ravzana

Пажӯишгоҳи илмӣ истеҳсолии «Равзана»

Пажӯишгоҳи илмӣ истеҳсолии «Равзана» воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон қарор дорад. …