Главная / Илм / АМПЕЛОТЕРАПИЯ

АМПЕЛОТЕРАПИЯ

ampeloterapiiaАМПЕЛОТЕРАПИЯ (Ampelotherapia; аз юн. ampelos – ангур ва терапия), ангуршифоӣ, бо мақсади табобати бемориҳои гуногун истифода бурдани ангури тару тоза ва афшураи он. А. яке аз усулҳои парҳезшифоӣ буда бо маслиҳату таъиноти духтур ва якҷоя бо фармакотерапия (дорушифоӣ) ба ҷо оварда мешавад. Хосиятҳои шифобахшӣ ва парҳезии ангур аз замонҳои қадим маълум аст. Дар ин бора Буқрот, Плиний, Абубакри Розӣ, Абӯалии Сино ва диг. олимону донишмандон ақидаҳои ҷолиб баён кардаанд. Дар «Махзану-л-адвия» ном асари Муҳаммад Ҳусейни Окилӣ омадааст, ки «Беҳтарин навъи ангур сафеди расидаи ширини шодоби бузургдона аст, ки пӯсташ нозук, тухмаш хурд ва донаҳояш дар миқдор баробар бошанд… Ангур беҳтарин меваҳост дар ғизоият ва тавлиди хуни солеҳ ва ба эътидоловарандаи мизоҷҳои ғализ ва софкунандаи хун ва дафъкунандаи моддаҳои савдоӣ ва эҳтироқия (сӯхташуда) аст. Ҳоли сина ва шушро беҳтар ва баданро фарбеҳ мекунад ва пиҳи (чарбуи) гурдаро зиёд мегардонад. Оби онро хӯрда пӯсти онро андохтан лозим аст… Ангури норас ва ғӯра афиси (тақир) сард буда, қувваи қобиза дорад…»
Дар таркиби ангур глюкоза, фруктоза, кислотаҳои себ, силикат, оксалат, салитсилат, ҷавҳари лиму, моддаҳои минералӣ, микроэлементҳо, витаминҳои С, В, провитамини А (каротин), биофлавоноидҳо, ферментҳои гуногун ва ғ. мавҷуданд. Самараи табобатии А. бештар ба глюкоза, намакҳои калий (тақр. 250 мг%) ва об (тақр. 70 – 80%) вобастагӣ дорад. Дар мавриди А. раванди мубодилаи моддаҳо (хусусан обу намак) меафзояд, фаъолияти гурдаҳо беҳтар шуда, моддаҳои заҳрнок аз организм ихроҷ мегарданд, кори меъда ба сомон меояд, иштиҳо кушода мешавад. Ба сифати парҳезона метавон тамоми анвои ангурро кор фармуд. Ангур барои муолиҷаи бемориҳои дил, бронхҳо, гурда, ҷигар, амрози меъдаю рӯдаҳо, камхунӣ, ниқрис (подагра), сили музмини шуш, харобии силсилаи асабҳо, инчунин ба сифати давои муқаввӣ (ҳангоми маризии бардавом) таъин карда мешавад. Дар мавриди А. аз истеъмоли меваҳои дигар ҳатталимкон худдорӣ кардан лозим; истеъмоли сабзавот, шир, ғизоҳои серравған ва шӯр, квас, оби минералӣ, шароб низ ҷоиз нест. Миқдори ангур ва афшураи он, инчунин давомоти табобат ба таври фардӣ интихоб карда мешавад. А. дар мавриди бемориҳои диабети қанд, фарбеҳӣ, захми меъда, колите, ки бо исҳол ҷараён мегирад, энтерит ва энтероколит, плеврити шадид, стоматит, гингивит, глоссит, сили шадид ва ғ. зарар дорад.
Хосияти шифобахшии мавизи ангур низ аз қадимулайём маълум мебошад. Дар таркиби мавиз то 73% қанд ва ба миқдори зиёд намакҳои калий мавҷуданд. Барг ва навдаҳои тарраки ток низ хосияти табобатӣ доранд. Доруи натуроза, ки аз ангур истеъҳсол карда мешавад, барои муолиҷаи хунравии шадид, коллапс, садма (шок) истифода мегардад. Ниг. низ Ангур, Ангурғӯра, Ток.
Ад.: Ҳикмати асрҳо (мураттибон В.А. Капранов, Р. Ҳошим), Д., 1974; Шварц А.Б., Виноградолечение, Ялта, 1947; Караджи Г.М., Германов П.Н., Питательная ценность и оздоровляющее значение винограда, Кишинев, 1968; Энциклопедия виноградарства, т. 1, Кишинев, 1986.
А. Тошев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …