Главная / Илм / АМПЕЛОТЕРАПИЯ

АМПЕЛОТЕРАПИЯ

ampeloterapiiaАМПЕЛОТЕРАПИЯ (Ampelotherapia; аз юн. ampelos – ангур ва терапия), ангуршифои, бо максади табобати беморихои гуногун истифода бурдани ангури тару тоза ва афшураи он. А. яке аз усулхои пархезшифои буда бо маслихату таъиноти духтур ва якчоя бо фармакотерапия (дорушифои) ба чо оварда мешавад. Хосиятхои шифобахши ва пархезии ангур аз замонхои кадим маълум аст. Дар ин бора Букрот, Плиний, Абубакри Рози, Абуалии Сино ва диг. олимону донишмандон акидахои чолиб баён кардаанд. Дар «Махзану-л-адвия» ном асари Мухаммад Хусейни Окили омадааст, ки «Бехтарин навъи ангур сафеди расидаи ширини шодоби бузургдона аст, ки пусташ нозук, тухмаш хурд ва донахояш дар микдор баробар бошанд… Ангур бехтарин мевахост дар гизоият ва тавлиди хуни солех ва ба эътидоловарандаи мизочхои гализ ва софкунандаи хун ва дафъкунандаи моддахои савдои ва эхтирокия (сухташуда) аст. Холи сина ва шушро бехтар ва баданро фарбех мекунад ва пихи (чарбуи) гурдаро зиёд мегардонад. Оби онро хурда пусти онро андохтан лозим аст… Ангури норас ва гура афиси (такир) сард буда, кувваи кобиза дорад…»
Дар таркиби ангур глюкоза, фруктоза, кислотахои себ, силикат, оксалат, салитсилат, чавхари лиму, моддахои минерали, микроэлементхо, витаминхои С, В, провитамини А (каротин), биофлавоноидхо, ферментхои гуногун ва г. мавчуданд. Самараи табобатии А. бештар ба глюкоза, намакхои калий (такр. 250 мг%) ва об (такр. 70 – 80%) вобастаги дорад. Дар мавриди А. раванди мубодилаи моддахо (хусусан обу намак) меафзояд, фаъолияти гурдахо бехтар шуда, моддахои захрнок аз организм ихроч мегарданд, кори меъда ба сомон меояд, иштихо кушода мешавад. Ба сифати пархезона метавон тамоми анвои ангурро кор фармуд. Ангур барои муоличаи беморихои дил, бронххо, гурда, чигар, амрози меъдаю рудахо, камхуни, никрис (подагра), сили музмини шуш, харобии силсилаи асабхо, инчунин ба сифати давои мукавви (хангоми маризии бардавом) таъин карда мешавад. Дар мавриди А. аз истеъмоли мевахои дигар хатталимкон худдори кардан лозим; истеъмоли сабзавот, шир, гизохои серравган ва шур, квас, оби минерали, шароб низ чоиз нест. Микдори ангур ва афшураи он, инчунин давомоти табобат ба таври фарди интихоб карда мешавад. А. дар мавриди беморихои диабети канд, фарбехи, захми меъда, колите, ки бо исхол чараён мегирад, энтерит ва энтероколит, плеврити шадид, стоматит, гингивит, глоссит, сили шадид ва г. зарар дорад.
Хосияти шифобахшии мавизи ангур низ аз кадимулайём маълум мебошад. Дар таркиби мавиз то 73% канд ва ба микдори зиёд намакхои калий мавчуданд. Барг ва навдахои тарраки ток низ хосияти табобати доранд. Доруи натуроза, ки аз ангур истеъхсол карда мешавад, барои муоличаи хунравии шадид, коллапс, садма (шок) истифода мегардад. Ниг. низ Ангур, Ангургура, Ток.
Ад.: Хикмати асрхо (мураттибон В.А. Капранов, Р. Хошим), Д., 1974; Шварц А.Б., Виноградолечение, Ялта, 1947; Караджи Г.М., Германов П.Н., Питательная ценность и оздоровляющее значение винограда, Кишинев, 1968; Энциклопедия виноградарства, т. 1, Кишинев, 1986.
А. Тошев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …