Главная / Гуногун / Ҳайкалтарошӣ ва меъморӣ дар асрҳои XIX-XX

Ҳайкалтарошӣ ва меъморӣ дар асрҳои XIX-XX

Ин навъи санъат бештар дар Фаронса ва ИМА тарақкӣ кард. Асарҳои ҳайкалтарошони фаронсавӣ Опост Роден “Шаҳрванди Кале”, “Бӯса”, “Мутафаккир” ва ғайра аз рӯи драматизм, услуби ифодаёбӣ ва санъати баланди худ, ки зебоӣ ва мардонагии инсонро тараннум кардаанд, касро мафтун мекунанд.

Ҳайкалтарошони дигари фаронсавӣ Аристид Майол ва Антуан Бурдел устодони бузурги санъати ҳайкалтарошии асри XX гардиданд. Эҷодиёти Бурдел, ки ба санъати монументалӣ тааллуқ дорад ва асарҳои Майол, ки бо зебоии рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон марбутанд, аз санъати ҳайкалтарошии Юнони Қадим дарак медиҳанд, ба ин намуди санъат рӯҳи тоза бахшидаанд.

1406986743_tysyacheletie-rossii

Шарл Деспио, ки низ фаронсавӣ мебошад, ҳайкалтароши немис Георг Колбе ва америкои Огастес Сент-Годенсро ҳам бо Аристид Майол ва Антуан Бурдел дар як саф гузоштан мумкин аст. Онҳо санъати ҳайкалтароширо бо асарҳои баландмазмуни худ ғанӣ гардонидаанд.

Меъморӣ. Дар санъати меъморӣ типи нави сохтусозҳои муҳандисӣ пайдо шуданд. Купруки Брунклин, ки онро падару писар Рёблингҳо дар Ню-Йорк сохтаанд ва манораи баланди машҳури оҳанине, ки онро муҳандис А. Г. Эйфел барои намоишгохи Умумиҷахонни соли 1889 дар шаҳри Париж сохта буд, аз бузургтарин иншоотҳои санъати меъмории он замон мебошанд.

Меъмори америкавӣ Люис бо ёрии системаи болорҳои оҳану бетонӣ ва лифтҳо ба сохтани биноҳои аввалини азамати сарбафалаккашида cap кард. Дар баробари ин меъморон бо зебою дилкаш сохтани биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ ва иншоотҳои дигари меъморию муҳандисии боҳашамат диққати махсус медодагӣ мешаванд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …