АЙНАК, асбоби оптикист барои ислохи нукси босира ё мухофизати чашм. Он аз шиша (линза) ва чанбарак иборат аст. Тавассути чанбарак шишахои А. нисбат ба сатхи чашм дуруст чойгир мешаванд ва камонаку воситахои диг. А.-ро дар холати муайян нигох медоранд. Чанд хели А. мавчуд аст: агар яке нукси оптикии чашмро ислох кунад, дигаре чашмро аз осебу рушноии тез эмин медорад. Айнаки муслех (ислохкунанда). Дар мухити якхелаи мусаффо нури рушнои мустаким пахн мегардад. Хангоми аз як мухит ба мухити дигар гузаштан, нур самти худро тагийр медихад, яъне он мешиканад. Кори шишахои оптики ё линзахо дар заминаи хамин хусусияти дар мухити хархела пахн шудани рушнои асос ёфтааст. Нурхои мувозии рушнои аз линзаи ду тарафаш барчаста мегузаранд ва минбаъд дар як нуктаи паси линза, яъне дар фокус, чамъ мешаванд. Онро шишаи чамъкунанда ё мусбат меноманд ва бо аломати плюс (+) ифода менамоянд. Нурхои мувозии рушнои хангоми аз линзаи ду тарафаш фурухамида гузаштан, дар пеши линза фокуси дуругин пайдо хоханд кард. Шишаи ду тарафаш фурухамидаро линзаи пахнкунанда (манфи) меноманд ва бо ало- мати минус (-) ифода мекунанд. Гайр аз шишахои мудаввари номбурда линзахои устувонашакле хастанд, ки шуоъро чамъ ё пахн месозанд. Масофаи байни фокус ва маркази шишаи оптикиро масофаи фокуси меноманд. Масофаи фокуси хар кадар кам бошад, кувваи инкисории он хамон кадар зиёд мешавад. Вохиди кувваи шишахои оптики диоптрия аст. Шишахои масофаи фокусиашон ба 1м баробар 1 диоптрия кувва доранд. Барои муайян кардани кувваи оптикии хар як шиша 1 метрро ба масофаи фокусии хамон шиша таксим мекунанд. Мас., агар масофаи фокуси 2 м бошад, кувваи оптикии линза баробари 0,5 диоптрия (1 : 2 м) ва агар масофаи фокуси 0,5 м бошад, кувваи оптикии линза баробари 2 диоптрия (1 : 0,5 м), 0,25 м – 4 диоптрия, 0,1 м – 10 диоптрия мешавад ва г. А.-хое, ки аз шишахои чамъкунанда тахия шудаанд, хангоми дурбини ва барои пирон (ниг. Дурбинии пирона) зарур мебошанд, чунки онхо норасоии татобукро чуброн мекунанд (ниг.Чашм). Кувваи оптикии шишаи чунин А.-хо бо диоптрия чен карда мешавад ва онхо аломати «+» доранд. А.-хои шишахояшон пахнкунанда барои наздикбини лозиманд; кувваи оптикии онхо бо диоптрия чен карда шуда, бо ало- мати «-» ифода меёбад. Дар холати астиг- матизм босираи заиф бо ёрии А.-хое, ки аз шишахои силиндри ё чанбаршакл тайёр шудаанд, бехтар карда мешавад. Баъзан барои хам дур ва хам наздикро дидан, А.-и бифокали (дуфокуса), яъне А.-и шишааш духисаро истифода мебаранд. Таввасути кисми болоии ин гуна линзахо ма- софаи дур ва бо кисми поёниаш масофаи наздикро дидан мумкин аст. Барои кори харруза А.-е, ки дуруст интихоб шудааст, хеле мувофик мебошад. Баъзехо ба А. зуд одат намекунанд. Бештар, ин холат дар аснои аввалин бор истифода бурдани А. руй медихад. То ба А. ху гирифтан, ачаб нест, ки хар гуна фиреби назар (хурд ё калон ба назар расидани ашё, харакати онхо баробари гардиши чашму сар, наздик ё дур вонамуд шудани сатхи замин ва г.) падид ояд. Дар натича сар чарх зада, дил бехузур мегардад. Аломатхои мазкур баъд аз 2 – 3 хафта худ аз худ нест мешаванд. Агар дар ин муддат одам ба А. одат накунад, он гох хатман машварати духтур лозим аст. Дар мавриди иллати будани карнияи чашм, ё худ дар яке аз чашмхо набудани зучочия ва ё фарки калон доштани кувваи оптикии чашмхо А. манфиат намерасонад. Дар ин сурат аз линзахои тамоси (контакти), ки бевосита ба кисми пеши гузаи чашм гузошта шуда, хамрохи чашм системаи оптикии умумиро ташкил медиханд, истифода менамоянд. Линзахои тамоси кобилияти кори якчояи хар ду чашмро нисбат ба А.- хои одди бехтар баркарор мекунанд. Ин махсусан барои одамоне, ки дар фаъолияти мехнатиашон чашми хуб доштан ва дуруст муайян кардани масофа талаб карда мешавад, хеле зарур аст. Линзахои тамоси нисбат ба линзахои мукаррари аз чихати косметики низ бартари доранд (ба атрофиён нонамоёнанд). Линзахои тамосиро аз навъхои махсуси пластмасса (кутрашон 8 – 9 мм) тайёр мекунанд; онхоро 4 – 6 соат истифода бурдан мумкин аст. А.-хои телескопи аз кабили айнакхои махсусанд. Онхо ба дурбин монанд буда, аз ду линза (чамъкунанда ва пахнкунанда) иборатанд, ки дар як чанбараки умуми насб шудаанд. Ин гуна А.-хо кувваи босираро такрибан ду маротиба зиёд карда, дар мавриди аз осеби шабакаи чашм ё асаби босира якбора заъф ёфтани тезии биниш метавонанд кумак расонанд. Дар аснои хоста гирифтани А. чанбараки онро бо диккати тамом интихоб кардан лозим аст. Чанбаракро бехтараш мутахассиси хамин соха интихоб намояд. Чанбарак набояд бини ва гушро озор дихад. Он бояд дар пеши чашм мавкеи дурусти линзаро таъмин намояд (яъне ба масофаи гавхараки чашм мувофик бошад). Имрузхо А.-ро ба бачагон нисбат ба солиёни пеш бештар тавсия мекунанд. Ин аз як тараф ба он вобаста аст, ки босираи кудакон хеле бармахал тадкик ва нуксони чашм сари вакт ошкор карда мешавад. Аз тарафи дигар, чашмро аз хад зиёд хаста кунондан (хусусан хондан ва тамошои телевизор, бози бо компютер) бештар боиси инкишофи наздикбини дар мактаббачагон ва хатто кудакони хурдсол мегардад. Ба кудакон таъин намудани А. масъулияти хеле чиддист. А.-е, ки нодуруст интихоб шудааст, нафакат босираро бехтар намесозад, балки ба он зиён низ мерасонад. Кудаконе, ки дар чашм А. мегиранд бояд соле як маротиба аз муоинаи духтури окулист гузаранд. А.-и мухофизро бо маслихати духтури чашм хоста гирифтан зарур аст. Бояд он сурох надошта бошад то ин ки чисмхои бегона ба чашм нааф- танд. Пас аз анчоми кор А.-ро бо латтаи тоза пок карда, ба даруни куттича ё гилофи махсус мондан лозим аст.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …