Главная / Илм / АҲМАДОВ Додоҷон Маҳмудович

АҲМАДОВ Додоҷон Маҳмудович

imagesАҲМАДОВ Додоҷон Маҳмудович (1915, Хуҷанд – 1975, Душанбе), эндокринолог, номзади илмҳои тиб (1959), дотсент (1965), Духтури хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1966). Хатмкардаи Ин-ти давлатии тиббии Тошканд (1939). Духтури фтизиатри беморхонаи ноҳ. Ашт (1939 – 41), майори гвардияи хизмати тиббӣ дар ҶБВ (1941 – 45), сардухтури диспансери бемории сили ш. Ленинобод (ҳоло Хуҷанд; 1945 – 48), корманди шӯъбаи тандурустии вил. Ленинобод (ҳоло Суғд; 1948 – 49), ҷонишини Вазири тандурустии РСС Тоҷ. (1950 – 56), аспирант (1956 – 59), ассистент (1959 – 65), роҳбари курси эндокринология ва дотсенти кафедраи терапияи госпиталии № 2-и Ин-ти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1965 – 75). Доир ба фаъолияти гурдаҳо, бемории ҷоғар, диабети қанд тадқиқот анҷом додааст. Дар мавзӯи «Вазъи фаъолияти гурда дар бемории Итсенко-Кушинг» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ. Бо ташаббуси ӯ дар ш-ҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳуҷраҳои эндокринологӣ, дар вил-ҳои Суғду собиқ Кӯлоб диспансерҳои зидди ҷоғар ташкил карда шуданд. А. сарэндокринологи Вазорати тандурустӣ, раиси Ҷамъияти илмии эндокринологҳои ҷумҳурӣ (аз с. 1963) ва узви Раёсати марказии Ҷамъияти дӯстии СССР ва Руминия (аз с. 1966) буд. Бо орденҳои «Ситораи Сурх» ва «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. сарфароз гардидааст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …