Главная / Илм / АХМАДОВ Додочон Махмудович

АХМАДОВ Додочон Махмудович

imagesАХМАДОВ Додочон Махмудович (1915, Хучанд – 1975, Душанбе), эндокринолог, номзади илмхои тиб (1959), дотсент (1965), Духтури хизматнишондодаи РСС Точикистон (1966). Хатмкардаи Ин-ти давлатии тиббии Тошканд (1939). Духтури фтизиатри беморхонаи нох. Ашт (1939 – 41), майори гвардияи хизмати тибби дар ЧБВ (1941 – 45), сардухтури диспансери бемории сили ш. Ленинобод (холо Хучанд; 1945 – 48), корманди шуъбаи тандурустии вил. Ленинобод (холо Сугд; 1948 – 49), чонишини Вазири тандурустии РСС Точ. (1950 – 56), аспирант (1956 – 59), ассистент (1959 – 65), рохбари курси эндокринология ва дотсенти кафедраи терапияи госпиталии № 2-и Ин-ти давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино (1965 – 75). Доир ба фаъолияти гурдахо, бемории чогар, диабети канд тадкикот анчом додааст. Дар мавзуи «Вазъи фаъолияти гурда дар бемории Итсенко-Кушинг» рисолаи номзади дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 маколахои илми. Бо ташаббуси у дар ш-хои Душанбе ва Хучанд хучрахои эндокринологи, дар вил-хои Сугду собик Кулоб диспансерхои зидди чогар ташкил карда шуданд. А. сарэндокринологи Вазорати тандурусти, раиси Чамъияти илмии эндокринологхои чумхури (аз с. 1963) ва узви Раёсати марказии Чамъияти дустии СССР ва Руминия (аз с. 1966) буд. Бо орденхои «Ситораи Сурх» ва «Нишони фахри», медалхо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точ. сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …