Главная / Илм / АБСОРБСИЯ

АБСОРБСИЯ

absorbsiyaАБСОРБСИЯ (аз лот. absorptio – чаб- биш), аз омехтаи газҳо ба тавассути моеъ чаббида шудани модда. Ҳангоми А. чаббиш дар тамоми ҳачми абсорбент мегузарад. Бисёр амалиёти асосии саноатӣ, мас., истеҳсоли кислотаҳои нитрат, сулфат ва оксалат, сода ва ғ. тавассути А. амалӣ мегарданд. А. ҳангоми аз омехтаҳои заҳрнок тоза кардани газ ва коркарди нефт, инчунин дар равандҳои физиологӣ низ корбаст мешавад. А. физикӣ ва химиявӣ мешавад. Дар мавриди А.-и физикӣ абсорбент аз нигоҳи химиявӣ нисбати моддае, ки чаббида мешавад, бетаъсир аст. Ҳангоми А.-и химиявӣ байни унсуре, ки чаббида шудааст ва абсорбент таъсири мутақобила ба вучуд меояд. Барои тиб хусусан газҳоро чаббидани моеъот, ки асоси мубодилаи газҳо байни организм ва муҳит аст, аҳамияти калон дорад. Дар амалияи тиб бештар аз усули гемосорбсия ва лимфосорбсия истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …