Главная / Ҷуғрофия / АҲОЛИИ ДУНЁ – КУРАИ ЗАМИН

АҲОЛИИ ДУНЁ – КУРАИ ЗАМИН

Шумора ва афзоиши аҳолин рӯи Замин дар соли 2019-ум ба 7,8 млрд. нафар баробар аст. Инсоният таърихи дуру дароз дорад. Аз рӯзи ба дунё омадан то имрӯз вай давраҳои гуногуни таърихиро аз cap гузарондааст, Мувофиқи фикри олимон аҷдоди одамони кунунӣ 40-50 ҳазор сол муқаддам дар кураи Замин паҳн гардидаанд. Аз ин хусус боқимондаҳои онҳо, ки аз ҳама гушаю канори ҷаҳон ёфтаанд, гувоҳӣ медиҳад. Оиҳоро одамони навин мегӯянд, ки аз Осиёи Пеш ба тамоми кураи Замин паҳн гардидаанд. Як қисми онҳо қаламрави ҷануби шарқй, шарқӣ, шимоли шарқии Осиё ва тамоми Австралия ва Океанияро фаро гирифтаанд. Қисми дуюми онҳо  ба воситаи гарданаи Беринг (хушкие, ки 40 ҳазор сол пеш дар ҷои гулӯгоҳи ҳозираи Беринг вуҷуд дошт) аввал ба Америкаи Шимолӣ ва баъд ба Америкаи Ҷанубӣ паҳн гардидаанд. Қисми сеюми онҳо дар Африка ва қисми чоруми онҳо  дар Европа ва Осиёи Ғарбӣ маскун шудаанд.

deti

Ҳамаи ин гурӯҳҳо ба шумораи имрӯзаи аҳолии ҷаҷон., халқҳо, нажодҳо ва давлатҳо асос гузоштанд. To эраи мо аҳолии ҷаҷон суст меафзуд ва мутеи табиат буд. Дар асрҳои 8 ва 7 пеш аз милод (то солшумории мо) ҳамагӣ дар кураи Замин 5-10 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Баъди инкишоф ёфтани олоти меҳнат дар ибтидои давраи мо миқдори аҳолй ба 250-300 миллион нафар расид. Ҳоло дар кураи Замин зиёда аз 6 милпиард нафар аҳолй ҳаёт ба cap мебарад. Аҳолии ҷаҳон дар сатҳи кураи Замин нобаробар ҷойгир шудааст. Хусусан, дар минтақаҳои хунуки Замин, дар минтақаи кӯҳҳои баланд, биёбонҳои тропикӣ ва минтақаи мӯътадил аҳолӣ ниҳоят кам аст. Материки Антарктида бошад, тамоман аҳолин доимӣ надорад. Ҷои аз ҳама сераҳолии кураи Замин Осиёи Ҷануби Шарқӣ, делтаи дарёи Нил, Европаи Ғарбӣ, қисми  шаркии Америкаи Шимолӣ ва Марказӣ мебошад.

2. Нажодҳои асосӣ ва паҳншавии онҳо. Тамоми одамони кураи Замин ба як намуди биологӣ дохил мешаванд, ки онро инсон меноманд. Ба ҳамин маънӣ мутафаккири бузурги форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ чунин гуфтааст:

Банӣ одам аъзои якдигиранд,

Ки дар офириниш зи як гавҳаранд.

Дар ин мисраъҳо пайдоиши ягона доштани инсон ба таври равшан баён ёфтааст. Аммо дар як вақт одамони ноҳияҳо ва мамлакатҳои кураи Замин аз якдигар бо симои зоҳирии худ; сохти бадан, ранги пӯст, мӯи cap, қолаби cap, чашм, абрӯ, пешона, лаб, дандон ва ғайра фарқ мекунанд. Ин ба шароити гуногуни табиӣ мутобиқ шудани инсонро нишон медиҳад, ки он хосияти ирсӣ (меросӣ) пайдо кардааст ва устувор мебошад. Мувофиқи он аломатҳо олимон ҷамъияти инсониро ба се нажод ҷудо намудаанд: зардпӯст, сиёҳпӯст ва сафедпӯст. Ин тақсимот фақат дорои моҳияти илмӣ буда, ба нажодпарастӣ ягон умумият надорад. Чунин тақсимотро мо дар асари олим ва мутафаккири тоҷик Муҳаммадхоҷаи Беҳбудй низ мушоҳида менамоем. Ӯ дар асари худ “Мунтахаби географияи умумй” аҳолии кураи Заминро ба се не, балки ба чор нажод ҷудо кардааст. Ӯ ғайр аз се нажоди маълум хиндуҳои Америкаро ҳамчун нажоди аҳмар (сурхпӯстҳо) фарқ менамояд.

Дар давраи мо дар байни ин ва ё он халқҳо, албатта, намояидагони нажодҳои гуногунро дидан мумкин аст. Қатъи назар аз он, дар аксари мамлакатхои ҷаҳон яке аз нажодҳои асосй бартарӣ дорад.

Нажоди сиёҳпӯст (экваторй) дар Африка аз биёбони Саҳрои Кабир ба тарафи ҷануб паҳн гардидааст. Онҳо  қисман дар қисми ҷанубии Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Бразилия зиндагӣ мекунанд. Онҳоро мустамликадорон аз Африка ҳамчун ғулом оварда буданд. Аломати асосии ин нажод пӯсти сиёҳ, мӯйҳои ҷингила, чашмони сиёҳ, камришӣ, бинии паҳн ва лабони ғафс мебошад.

Нажоди зардпӯст (муғулоидҳо) дар қаламрави Осиёи Марказӣ Шарқӣ ва дар Америка (ҳиндуҳо) маскун гардидаанд. Онҳо пӯсти зардча, мӯи сиёҳи рост, рухсораи барҷаста, чашми танг доранд.

Нажоди сафедпӯст (европоидӣ) дар Европа, Осиёи Ғарбӣ ва Африкаи Шимолӣ бартарӣ дорад. Ҳоло дар натиҷаи аз Европа муҳоҷират кардан намояндагони ин нажод то Америкаи Шимолӣ, Ҷанубӣ, Австралия. Зеландияи Нав паҳн гардидаанд. Барои ин нажод пӯсти сафед ё гандумгун, мӯи мавҷдор ва рости малла ё сиёҳ, бинии теғадор ва рухсораи нафиси дароз хос мебошад. Тоҷикон ба нажоди сафедпӯст (европоидӣ) дохил мешаванд. Онҳо  мӯй чашми сиёҳ, риш ва бурути гғфсу гулй, бинии рости барҷаста ва пешонии рост доранд.

Савол ва супориш

  1. Одамони навин чӣ тавр дар кураи Замин паҳн гардидаанд?
  2. To давраи мо дар кураи Замин чӣ кадар ахолй зиндагй мекард? Ҳоло дар кураи Замин чй қадар аҳолй ҳаёт ба cap мебарад?
  3.  Дар сатҳи кураи Замин аҳолй чй тавр ҷойгир шудаасг?
  4.  Халқҳои ҷаҳон ба чанд нажод ҷудо мешаванд?
  5. Аз харитаи аҳолии ҷаҳон паҳншавии нажодхои асоснро нишон дихед. 7. Барои чй нажодҳо аз якдигар фарқ мекунанд?

Баробарҳуқуқии нажодҳо. Илм исбот кардааст, ки аз рӯи аломатҳон асосй, зоҳирӣ, морфологӣ, дохилӣ, физиологй ва хусусиятҳои руҳӣ халқҳои нажодҳои гуногун аз якдигар кам фарқ мекунанд. Ғайр аз ин, илм ошкор намудааст, ки ҳамаи нажодҳо ва халқҳо аз як ҷинс пайдо шудаанд. Онҳо аз ҷиҳати биологй (хонадоршавй), иҷтимоӣ ва маданй (азхуд намудани маданияти якдигар) имконияти калони бо ҳам омехташавӣ доранд. Дар натиҷаи омехташавии биологии намояндагони халкҳои нажодҳои гуногун нажодҳои мобайнй ба вуҷуд омаданд.

Мисол, малагасиҳо аз омехташавии зардпӯстон (муғулоид) ва сиёҳпӯстои (экваторй ё зангӣ) пайдо шудаанд. Ҳамаи ин далелхо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки инсоният аз рӯзи азал ягона буд. Аммо ба ин нигоҳ накарда. як гурӯҳи олимони буржуазӣ аломат ва хусусиятхои фарқкунандан байни нажодҳоро барои асонок намудани ақидаи нажодпарастии худ истифода мебаранд. Мувофиқи ақидаи онҳо халқаҳои сафедпӯст ба нажоди олӣ, халқҳои зардпӯст ва сиёҳпӯст ба нажоди паст дохил мешаванд. Ин ғояи ғайриилмй дар байни бисёр халқҳо бо шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Дараҷаи олии он ғояи нажодпарастӣ мебошад, ки барои яз байн бардоштани он соли 1965 Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид шартномаи байналхалқӣ ба имзо расонд.

Шартнома ҳама гуна шаклҳои ғояҳои нажодпарастиро ҷиноят номид. Дар ҳақиқат дар байни халқхо фарқияти ҳакиқӣ вуҷуд надорад. Ҳамаи онҳо баробарҳуқуқ мебошанд. Онҳо фақат аз ҷиҳати дараҷаи маърифат ва пешрафти илму техника, иқтисодиёт фарқ доранд. М. Беҳбудӣ маърифатиокии намояндагони нажодҳоро яке аз аломатҳои асосии пешравии онҳо ҳисобидааст. Аммо ақибмонии иҷтимоӣ ва мадании онҳо  ба фарқияти табиии нажодҳо вобаста нест. Ба он системаи мустамликадорӣ ва сиёсати нобаробарин иқтисодӣ, техникию технологие, ки мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ нисбат ба собиқ мустамликахои худ дар миқёси ҷаҳон гузаронда истодаанд, ҷавобгар мебошанд.

Саёҳати Миклуҳо-Маклан ба Гвинеяи Нав ва исботи баробарии пажодҳо. Дар давраи олим ва сайёҳи рус Н.Н.Миклухо-Маклай (1846-1888) ғояи нажодпарастй нисбат ба давраи мо пурқувват буд. Бо ин ғоя олимони буржуазӣ сиёсати мустамликадорӣ, несткунии одамони таҳҷоии Америка. Африка. Австралия ва Осиёи Ҷануби Шарқиро пардапӯш мекарданд. Онҳо ба аҳли ҷаҳон талқин мекарданд, ки халқхои зардпӯст ва сиёҳпӯст нажодҳои пастанд, қобилияти меҳнати ақлӣ надоранд, бояд доим ба меҳнати ҷисмонй машғул бошанд. Миклухо-Маклай барои ҳалли муаммои нобаробарии халқхо солҳои тулонй халқҳои кураи арзро омухт.

Соли 1871 ба Гвинеяи Нав омада, ба таҳкиқи тарзи зиндагӣ ва маданияти халқҳои маҳалии он ҷо машғул шуд. Ӯ аз рӯи маводи илмии ҷамъкардаи худ ба хулосае омал, ки ҳамаи одамони кураи арз ҳамавлоду ҳамнажод мебошанд. Ин исбот ва тасдиқи гуфтаҳои мутафаккирони форсу тоҷик Саъдии Шерозй мебошад, ки якчанд аср муқаддам аз тадқиқоти Миклухо-Маклай пайдоиши ягона доштани ҳамаи халқҳои ҷаҳонро дар ашъори худ тараннум кардааст. Мо ҳам авлоди ин мутафаккири бузургем ва дар фаьолияту зиндагии худ ба мероси инсондӯстии ӯ такя менамоем.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони халқҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Мисол, ӯзбекҳо, қазоқхо, туркманҳо, қиргизхо, тоторхо, русҳо, гурҷиҳо ва дигарон. Ҳамаи онҳо баробархуқуқ мебошанд. Аз музаффариятҳои истиқлолияти халқи тоҷик як хел истифода мебаранд.

Анъанаҳои динӣ ва мазҳабии худро озод ба ҷо меоранд.

Савол ва супориш

  1. Ба кадом мақсад олимони буржуазӣ ғояи нажодпарастиро бофта баровардаанд? Н. Н. Миклухо-Маклай баъди саёҳатҳои худ ба чӣ хулоса омад?
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони халқҳои кадом нажодҳо иқомат доранд?
  3. Аз харитаи чаҳон Гвинеяи Навро нишон диҳед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …