Главная / Ҷамъият / Миннатдорӣ баён намудан

Миннатдорӣ баён намудан

Паёмбарамон (с) гоҳо ба саҳобагонаш ҲИК0ЯТҲ0И миллатҳои гузаштаро нақл менамуд. Яке аз он ҳикояҳо ин аст:

Дар замоне се яҳудӣ мезистанд, яке пес, ки ба бемории пуст мубтало буд, дигараш бемуй ва сеюмаш нобино. Худованди бузург хост онҳоро озмоиш кунад, ва фариштаеро назди ОНҲО фиристод. Нахуст фаришта назди пес омаду аз у пурсид:

Аз ҳама бештар чй Х0ҲИШ дорй?

Пес ба фаришта посух дод:

дуст дорам, ки пуст ва ранги зебо дошта бошам ва ин мусибат, ки мардум намеозоранд, пеши ОНҲО биншинам ва аз ман ранҷ мебаранд бартараф гардад.

Он фаришта дасти худро ба тамоми баданаш молид, ки дар асари ин тамоми пусти баданаш хуб шуд. Фаришта аз у боз пурсид:

Чй навъ молро дуст дорй?

Шутур – посух дод, шифоёфта ба у.

Худованд ба ушутури бордор дар М0ҲИ

даҳум ато намуд. Фаришта ба у дуо карда гуфт: «Худованд дар ин атояш ба ту баракат диҳад», ва нопадид гардид.

Сипае фаришта назди бемуй рафта аз у низ пурсид:

Аз ҳама бештар чй Х0ҲИШ дорй?

Бемуй ба фаришта посухдод:

Хоҳиш дорам, ки муйи хуб бар сарам бирӯяд ва он нороҳатие, ки мардум бар сарам масхара мекунанд, бартараф гардад.

Он фаришта дасти  худро ба сараш молид, ки дар асари ин у хуб шуд ва муйи хуб бар сараш руид. Уро он фаришта пурсид:

ЧИ навъ молро дуст дорй?

Гов – ҷавоб гуфт, шахси дуввум.

Худованд ба у гови бордор ато намуд.

Пас фаришта ба у дуо карда гуфт: «Худованд дар ин гов ба ту баракат диҳад». Сипас назди шахси нобино рафту аз у низ пурсид:

Аз ҳама бештар чй Х0ҲИШ дорй?

Мехоҳам, ки чашмҳоям бино бошанд, то ҳамаи мардумро бубинам.

Он фаришта дасти худро ба чашмҳои нобино молиду онҳо дарҳол бино гаштанд. Боз аз у пурсид:

Чй навъ молро дуст дорй:

гусфанд – дар посухи худ гуфт шифоёфта.

Ба у гӯсфанди бордор дода шуд. Фаришта ба у низ дуо карда гуфт: «Худованд дар моли ту баракат диҳад».

0002-300x237

Ҳар яке аз шутур, гов ва гусфанд таваллуд карданд ва дар муддати кӯтоҳе зиёд шуданд. Пас ҳар яки онҳо соҳиби пода ва раммаи НИҲ0ЯТ сершумор шуданд. Сипае он фаришта ба ҳукм ва дастури Худованд, барои озмоиши ОНҲО бирафт. Дар аввал у назди шахси якум рафту гуфт:

Ман шахси фақир ва мусофир ҳастам. Аз Худованди бузург мадад мепурсам, ки маро ба манзилам бозгардонад. Дар сафари худ ҳамаи моламро сарф намудам ва чизе надорам, ки ба ватани худ баргардам. Магар ин ки ту бароям шароит фароҳам созй то тавонам ба ватанам баргардам. Акнун ба номи Худое, ки туро ранг ва ҷамоли хуб, пусти зебо ва ин сарватмандиро бахшидааст, ба ман як шутур бидеҳ.

Он шахе ба фаришта бонг зада гуфт:

Фақирони зиёде ИНҶ0 ҳастанд ва ман наметавонам ба ҳар яке ОНҲО шутур бидиҳам.

Гумон дорам, ки ман туро мешиносам. Ту ҳамон шахси пес нестй, ки мардум аз ту нафрат мекарданд? Ту ҳамон шахси фақир нестй, ки Худованд бар ту ин сарватро ато намуд? – ба ёди у расонд фаришта.- Не, ҳамаи ин сарватмандй ба ман аз бобоҳоям мерос мондааст, – дуруг гуфт шахси пес.

Агар ту дуруг мегуи Худованд туро ба Ҳ0ЛИ пешинаат бозгардонад! – гуфт фаришта.

Сипае пеши бемуи омаду Уро низ чунин озмоиш намуд. Ин шахсҳам мисли песхоҳиши фариштаро рад кард. Фаришта дар охир ба у гуфт:

Агар ту дуруг мегуи Худованд туро ба Ҳ0ЛИ пешинаат бозгардонад!

Билохира, фаришта назди нобиное, ки қаблан даст бар чашмонаш молида буд, рафта гуфт:

Он шахе дар посух гуфт:

Ман мусофири фақир ҳастам, ки аз ватани худ дур мондаам. Ҳангоми сафар ҳамаи молам тамом шуд ва ҳеҷгуна шароите надорам, ки ба манзилам баргардам. Танҳо Худованд маро ба манзилам бармегардонад ва умед дорам, ки ту ба ман кӯмак мерасонй. Ба номи Худованде, ки туро чашми бино бахшидааст, аз ту як гусфанд талаб мекунам, то онро фурухта ба ватанам биравам.

Дар ҳақиқат ман қаблан нобино будам. Худованд бо фазл ва карами худ маро бино гардонд. Ман фақир будам. Худованд маро бой гардонд. Ба ту гӯсфанд лозим бошад – чи қадар ХОҲӢ бигир. Барой хушнудии Худованд ман талаби туро рад намекунам.

Ҳамаи молатро назди худ нигаҳ дор. Худованд хост ҳар сеи шуморо озмоиш намояд. Ва у аз ту розй шуд. Аммо он ду – пес ва бемуи ҷазои худро гирифтанд, – инро гуфта фаришта гайб зад.

(Бухорй, Анбиё, 51; Муслим, Зузд, 10)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …