Аблаҳеро дидам самин, хилъате самин дар бар ва маркабе този дар зер ва касабе мисри бар сар.
Касе гуфт:
– Саъдӣ,чӣ гуна ҳамебинӣ ин дебои муаллам бар ин ҳайвони лояълам?
Гуфтам:
– Хате зишт аст, ки ба оби зар набишаст.
Як хилқати зебо беҳ аз ҳазор хилъати дебо.
***
Ба одами натавон гуфт монад ин ҳайвон
Магар дурроаву дастору нақши берунаш.
Нигар ту дар ҳама асбобу мулку ҳастии ў.
Ки ҳеҷ чиз набини ҳалол ҷуз хунаш.
***
Шариф агар мутазаъиф шавад, хаёл мабанд.
Ки пойгоҳи баландаш заиф хоҳад шуд,
В-ар остонаи сими ба мехи зар бизанад,
Гумон мабар, ки яҳудӣ шариф хоҳад шуд.