Пеш аз cap кардани дарс барои омода сохтани бадан ва пешгирии он аз ҷароҳатбардорӣ каме машқи ҷисмонӣ гузаронидан лозим аст.
Бо суръат давиданро танҳо дар роҳрави муқарраргардида гузаро- нидан, барои ба ҳам наомадан бо рафиқ, лозим аст. Пеш аз ба дарозӣ ё баландӣ ҷаҳидан матҳои гимнастикиро дуруст гузоред. Ҳангоми ба чуқурии бо per пуркардашуда ҷаҳидан бошад, регро дуруст ва ҳамвор кардан лозим аст.
Мавод, яъне гулӯлаҳоро ба самте, ки муаллим нишон додааст, партофтан лозим аст. Ҳангоми дар майдон будани шахсе, гулӯлаҳоро партофтан манъ карда мешавад.