Главная / Гуногун / ФИЛИППИН (асрҳои XVIII – XIX )

ФИЛИППИН (асрҳои XVIII – XIX )

Қисми зиёди Филиппинро Испания ханӯз дар охирҳои асри XVI ишғол карда буд. Испаниҳо дар Филиппин режими мустамликавиро ташкил карданд. Дар ин кор калисои католики мақоми калонро иҷро мекард. Он аҳолии ин кишварро зӯран насронӣ намуда, ба ҳукмронии мустамликадорони испанӣ ёрии бузург мерасонид.

columbus_taking_possession-300x227

Халқи Филиппин ба тақдир тан намедод. Он бе муқобилият сар намефаровард. Ба муқобили юғи мустамликавии испаниҳо мубориза мебурд. Охирҳои асри XVIII – аввали асри XIX дар Филиппин муборизаи миллию озодихоҳӣ вусъат меёбад. Дар ин бора шӯришҳои сершумор шаҳодат медиҳанд. Метавон шӯриши соли 1814-ро дар Илокос (ҷазираи Лусон) ва шӯриши солҳои 1841 – 1842-и ҷамоаи линии Хосеи Муқаддасро дар зери роҳбарии Аполинарио Де Ла Крус мисол овард.

Инқилоби Испании солҳои 1808 – 1812 ба вазъи ҷазираҳои Филиппин бетаъсир намонд. Ислоҳоте, ки дар Испания гузаронида шуд, қисман Филиппинро ҳам дар бар гирифт.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …