Марде аз фақеҳ Абӯлайси Самарқандӣ (paҳ) пурсид, ки:
- Падару модар доштам, фавтида буданд, намедонам, ки аз ман розӣ бошанд ё не?
Фақеҳ Абӯлайси Самарқандӣ (paҳ) гуфтанд:
- Баъд аз вафот падару модарро бо се чиз розӣ карда мешавад: Аввал, фарзанде, ки солеҳ бошад ва ҳеҷ чиз бар падару модар дӯсттар аз он набошад. Дуввум, ба ақрабои падару модар ва дӯстони онҳо муҳаббат кардан. Сеюм, ба падару модар бо дуои фотиҳа омурзиш талабида, аз барои онҳо садақа додан аст.[1]
[1] «Кашкӯли Салимӣ». Саҳ 119.