Яке аз асҳоб ба Расулуллоҳ (с) арз намуд:
- Ё Расулаллоҳ (с), ман нисбат ба худам ва аҳлу аёлу фарзандонам эҳсоси зарарро дорам.
Расулуллоҳ (с) фармуд:
- Дар субҳу шом ин дуои «Бисмиллоҳи ало динӣ ва нафсӣ ва валадӣ ва аҳлӣ ва молӣ»-ро бихон.
Баъд аз чанд рӯз ҳамин шахс омад ва Расулуллоҳ (с) аз ӯ пурсид:
- Алъон ҳолат чӣ тавр мебошад?
Фармуд:
- Қасам ба он зоте, ки туро ба ҳақ мабъус гардонид, хавфу ҳаросам бартараф гардид.