Нонуштаи дуюм одатан ба танаффуси хониш мувофиқ меояд. Аз ин сабаб ин омил ба пур кардани бақияҳои қувваи организм рост меояд. Хӯроки қабулкардашуда қувваи зиёдеро ба дигар тараф сарф карданаш лозим нест, чунки он ба паст шудани қобилиятнокии кории организм оварда мерасонад. Аз ин сабаб ҳам нонуштаи дуюм бояд сабук (15% -каллоринокии номгӯи хӯроки шабонарӯз) бошад.
Нонуштаи хонандагон бояд аз таомҳои гарми гӯштин ва ё гӯшти моҳӣ, хӯришдор (гарнирдор) бо шавла, фалла (творог), кулчача ва бо 1 стакан нӯшокӣ, чой ё ки қаҳва, какао, оби мева иборат бошад.