Моддаи 54-и Қарори шаҳрсозӣ. Нақшаҳои муфассали банақшагирӣ
- Нақшаҳои муфассали банақшагирӣ дар асоси нақшаи генералии маҳалҳои аҳолинишин барои қисмҳои ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин таҳия карда шуда, инҳоро муайян менамоянд:
– хатҳои сурх;
– хатҳои танзими иморатсозӣ ва истифодаи қитъаҳои замин;
– сарҳадҳои истифодаи замин;
– минтақабандии ҳудуд ва иморатсозии бонавбати онҳо;
– реҷаи истифодаи минтақаҳои муҳофизатӣ;
– андозаи кӯчаҳо, роҳравҳо, минтақаҳои пиёдагард, инчунин иншоот ва шабакаҳои нақлиёт, алоқа, таҷҳизоти муҳандисӣ ва ободонии ҳудудҳо;
– таркиб ва ҷойгиронии объектҳои таъиноти иҷтимоӣ ва фарҳангию маишӣ;
– ҳалли ҳаҷмию фазоӣ ва меъморию тарҳкашии иморатсозӣ, зичӣ ва андозаҳои иморатсозӣ, қабатнокӣ, шаклҳои бино ва иншоот.
2. Нақшаҳои муфассали банақшагирӣ барои таҳияи лоиҳаи иморатсозӣ асос мебошад.