Моддаи 37-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Макомоте, ки объектхои обро ба истифодаи чудогона медиханд
1.Макомоти хокимияти ичроияи нохияхо ва шахрхо обанборхои бастаро (бемачроро), ки дар худуди шахрхо, нохияхо, шахраку дехот чойгиранд, дар сурати ба дигар истифодабарандагони об таъсири манфи нарасонидан ба истифодаи чудогона медиханд.
2.Макомоти хокимияти ичроияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, макомоти вилоятии хокимияти ичроия объектхои обро, ки дар худуди вилоят чойгиранд, ба истифодаи чудогона медиханд.
3.Хукумати Чумхурии Точикистон ё макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об объектхои об ё кисми онхоро мувофики холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ба истифодаи чудогона медиханд. (КЧТ аз 16.04.2012с., №821)